Шуъбаи Фаъолияти њифзи њуќуќ (93010100) бо дархости Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон ва иљозатномаи Хадамоти давлатии назорат дар соњаи маориф тањти № АУ 0000575 дар соли тањсили 2009-2010 таъсис дода шудааст. Дар ихтисоси мазкур донишљўён муддати 5 сол тањсил намуда, мутахассисон барои муассисањои иљрои љазо ва дигар маќомоти њифзи њуќуќ тайёр карда мешаванд. Дар ин ихтисос тањсил дар шакли ѓоибона ва рўзона сурат мегирад. Шуъбаи фаъолияти њифзи њуќуќ бо ташаббуси кафедраи њуќуќи љиноятї таъсис дода шуда, сарпарастии умумии таълимию методии он ба зиммаи кафедраи мазкур вогузор карда шудааст.
Тањсил дар шуъбаи мазкур ба тариќи ройгон ва ѓайриройгон сурат мегирад. Дар соли 2012 маблаѓи яксолаи шартнома барои ихтисоси фаъолияти њифзи њуќуќ 4950 сомониро ташкил медод.
Айни њол дар ихисоси мазкур 151 нафар донишљуён дар шуъбаи рўзонаи фаъолияти њифзи њуќуќ тањсил менамоянд.