Созмони љавонони факултети њуќуќшиносї яке аз воњидњои таркибии сохтори факултет мањсуб ёфта, бо маќсади андешидани тадбирњои маќсаднок дар самти татбиќи сиёсати ягонаи давлатии љавонон дар миёни донишљўён ва инчунин таъмини њуќуќ ва њимояи манфиатњои онњо равона гардидааст. Он фаъолияти худро тибќи ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи љавонон ва сиёсати давлатии љавонон”, Консепсияи миллии љавонон, Барномаи миллии љавонон ва фармону супоришњои садорати факултет ба роњ монда, бањри риоя ва дар амал татбиќ намудани он тамоми чорањои заруриро меандашад. Созмони љавонон солњост бањри тарѓибу ташвиќ намудани масъалањои муњимми рољеъ ба донишомўзиву иштирок дар њаёти сиёсии факултет миёни донишљўён чорандешї менамояд. Самтњои асосии фаъолияти Созмони љавонони факултет аз инњо иборат мебошанд:
-татбиќи Сиёсати давлатии љавонон, Консепсияи миллии љавонон, Барномаи миллии љавонон;
-иљрои сариваќтии фармоишу супоришњои садорати факултет ва Кумитаи љавонон, варзиш ва сайёњии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон (дар мувофиќа бо ректори донишгоњ ва декани факултет);
-њамкорї ва мусоидат дар чорабинињои умумидонишгоњї, ки бевосита ба њаёти љавонон алоќамандї дорад;
-тарбия намудани љавонон дар рўњияи баланди ватандўстї ва эњтиром гузоштани онњо ба арзишњои миллї;
-њамкорї бо маќомоти њифзи њуќуќ бо маќсади пешгирии омилњои номатлуб миёни љавонон;
-баргузор намудани суњбату вохўрињо бо шахсиятњои маъруфи сиёсї, олимону нависандагон, шоирону нависандагон;
-љалби донишљўён ба муассисањои фарњангию маданї (театр, музей ва мавзењои таърихї);
-ташкил намудани чорабинињои фарњангї, варзишї, илмї ва сиёсї;
-ташвиќу тарѓиби дастовардњои донишљўёни фаъол дар байни љавонон;
-ташкили шанбегињо ва њашарњои умумї бо донишљўён;
-ташкили сўњбату вохўрињо ва доир намудани мањфилњои илмї дар хобгоњњо;
-њамкорї бо васоити ахбори омма.
Раиси Созмони љавонон
Мирали Собиров
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07