ФАКУЛТЕТИ ЊУЌУЌШИНОСЇ ДАР МАСИРИ 70 СОЛИ ТАШАККУЛ ВА РУШД
РАЊМОН ДИЛШОД САФАРБЕК декани факултети њуќуќшиносии ДМТ, номзади илмњои њуќуќшиносї, дотсент
Таљрибаи таърихии кулли кишварњои мутамаддини олам гувоњї медињад, ки њамеша њуќуќ ва давлат решапайванд буда, якљо тамаддунњоро офаридаанд. Њам дар гузашта ва њам дар шароити муосир њамон кишварњое пешрафта буданд ва њастанд, ки пояњои давлатдориашон аз њуќуќ њамчун таљассуми инсондўстї таркиб ёфтаанд. Хишти аввали бинои давлатњо мањз њуќуќ будааст, аз ин рў њанўз дар Юнони бостон Афлотуни бузург фармуда буд, ки “њељ чиз ба љуз ќонунгузорї ва таъсиси давлатњо ба накукории одамон мусоидат намекунад”. Яъне њадафи аслии њуќуќ њамчун муассиси давлат фароњам овардани шароит барои зиндагии шоистаи мардум будааст ва бо гузашти садсолањо ин рисолати њуќуќ таѓйир наёфтааст.
Баъди ба даст овардани Истиќлоли давлатї Тољикистон низ аввалин иќдомоти хешро дар бунёди давлати миллї аз мустањкам намудани пояњои њуќуќї оѓоз кард. Њанўз дар ибтидои эњёи давлатдории миллї Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон, ки он замон раёсати Шўрои Олии мамлакатро ба уњда доштанд, моњияти давлати нави тољиконро чунин тавсиф карда буданд: “Давлате, ки мо эљод кардаем ва минбаъд пояњои онро мустањкам ва босубот месозем, манфиати инсонро дар маркази тамоми фаъолияти хеш гузошта, онро њифз менамояд”. Њамин тавр, њуќуќ нахустунсури њама гуна давлат аст, ки бидуни он наметавон роњи њамвори тараќќиёти љомеањоро тасаввур кард. Яке аз омилњои асосии њамчун давлати демокративу њуќуќбунёд ва иљтимоию дунявї рушд кардани Тољикистон дар амал татбиќ шудани принсипи волоияти ќонун буд, вагарна дар таърих кам њаводисе дучор меояд, ки як кишвари ба харобазор табдилёфта дар муддати камтар аз сї сол њамчун давлати њуќуќбунёд дар арсаи байналмилалї муаррифї шавад. Њамин нуктаро Пешвои муаззами миллат муњтарам Эмомалї Рањмон хеле даќиќкорона ба мушоњида гирифта, ќайд кардаанд, ки “љомеаи воќеан њуќуќбунёд танњо њамон ваќт ташаккул меёбад, ки эњтиром нисбат ба ќонун ва риояи њатмии он дар дилу шуури њар як шањрванд љой гирифта бошад. Танњо дар њамон сурат волоияти ќонун дар мамлакат ба таври пурра таъмин мегардад”. Боиси фарањмандї ва сарфарозист, ки дар њама даврањои эъмори давлати њуќуќбунёди Тољикистон, шурўъ аз ќабули аввалин Конститутсияи давлати соњибистиќлоли Тољикистон то кунун олимону донишмандон ва устодони факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон њамвора дар бунёди ин давлат сањмгузорї кардаанд. Ин нуктаро дар арафаи 70-солагии таъсиси факултети њуќуќшиносї таъкид кардан хеле гуворост. Њамчунин боиси ифтихор аст, ки банда њамчун яке аз њазорон нафар хатмкардагони ин боргоњи илму њикмат дар остонаи ин љашни муборак дар бораи роњи бисёр мураккаби ташаккул ва инкишофи он сухан мегўям. Аслан дар хусуси таърихи њафтодсолаи факултет дар чањорчўби як маќола ва ё як маърўза иттилоъ додан аз доираи имкон берун аст. Китоби мазкур барои њамин њадаф иншо шудааст ва дар ќисматњои дахлдор хонандаи азиз аз њама анвои фаъолияти ин маркази илму амалияи њуќуќ огоњ хоњад шуд. Вале баъзе нукоти муњимро дар ин навиштор таъкид намудан ва ба таври умум сањми факултетро дар пешрафти Тољикистони азиз ќайд кардан ба назар лозим менамояд.
Таъсиси факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистонро дар соли 1949 метавон њамчун дастоварди беназир ва яке аз њаводиси фарањбахши њаёти сиёсї ва фарњангии миллати тољик дар ибтидои солњои 50-уми ќарни гузашта эътироф кард. Аз замони таъсис то кунун факултети азизамон роњи басо пуршараф ва пурифтихореро тай намуда, ба як макони муќаддаси илму маърифат ва маркази бонуфузи таълимї ва илмї-тањќиќотии кишвар табдил ёфт. Њам дар ибтидо ва њам дар шароити муосир тайёр намудани мутахассисони њуќуќшинос вазифаи аввалдараљаи ин факултет буду њаст. Махсусан, мутахассисоне, ки бо дониши фароху љањонбинии баланд дар њама бахшњои давлату љомеа фаъолият мекарда бошанд. Њамин тариќ, тўли њафтод сол њазорон нафар љавонони бонангу номус ва дорои њисси баланди мењанпарастї факултети мањбубамонро сарбаландона хатм намуда, бо дарки баланди масъулиятшиносї дар соњањои гуногуни њифзи њуќуќи мамлакат содиќона ва софдилона мењнат кардаанд ва зањмат кашида истодаанд. Имрўз соњаеро пайдо кардан мушкил аст, ки дар он кадрњои факултети њуќуќшиносии ДМТ фаъолият надошта бошанд. Бо касби Истиќлолияти давлатї самти њамкорињои байналмилалии факултет густариш ёфта, дар ин масир бо бузургтарин факултетњои њуќуќшиносии муассисањои тањсилоти олии касбии хориљи кишвар шартномањои њамкории мутаќобилан судманди дуљониба ба имзо расонида шудаанд. Имрўз факултети њуќуќшиносї њамчун ќисми таркибии Донишгоњи миллии Тољикистон ба яке аз марказњои асосї ва пешбари тањсилоти олии касбии њуќуќшиносї дар Љумњурии Тољикистон табдил ёфта, дар самти омода кардани мутахассисони болаёќати соњаи њуќуќшиносї, тањќиќу омўзиши масоили мубрами илми њуќуќшиносї, боло бурдани фањму шуур ва фарњанги њуќуќии ањолї маќоми намоёне дорад. Ин махзани илму маърифат дар татбиќи сиёсати њуќуќии давлат, иљрои барномаву стандартњои давлатї, омода кардани мутахассисони сатњи баланд ва раќобатпазири бозори мењнат, анљом додани корњои бунёдии илмї-тањќиќотї, тарѓибу ташвиќи ќонунгузорї, баланд бардоштани фарњанги њуќуќии ањолї наќши арзанда дорад. Он њамчун манбаи муњимми тайёр кардани кадрњои баландихтисос барои соњањои гуногуни хољагии халќи мамлакат, аз љумла маќомоти њокимияти давлатї, маќомоти судї, прокуратура, маќомоти њифзи њуќуќ, идоракунии давлатї, маќомоти худидораи мањаллї, хадамоти њуќуќии корхонаву муассиса ва ташкилотњо, бонкњо, ташкилотњои молиявї ва ќарзї, макотиби олии љумњурї сањм дорад. Айни замон дар факултети њуќуќшиносии ДМТ шумораи умумии омўзгорон ба 160 нафар мерасад, ки аз ин миќдор 20 нафарашон занњоянд. Дар иљрои корњои илмї - тањќиќотї 122 омўзгор љалб шудаанд, ки аз ин шумор 2 нафарашон академики АИ ЉТ, 2 нафари дигар узви вобастаи АИ ЉТ, 19 нафарашон доктори илми њуќуќ, профессор, 51 нафар дотсент (46 номзади илми њуќуќ, 3 нафар номзади илмњои филологї ва 2 нафар номзади илмњои педагогї, аз ин шумора 10 нафарашон зан) мебошанд. Инчунин дар факулет 12 муаллими калон (2 нафарашон зан ва 1 номзади илми њуќуќ, 2 кас - номзадњои илмњои филологї) ва 60 нафар ассистент (7 зан ва 11 номзади илми њуќуќ) кор мекунанд. Синну соли миёнаи мардон 37 ва занон бошад, 40 солро ташкил медињад. Дар сохтори факултет 10 кафедраи тахассусї ва 1 кафедраи забонњои хориљї амал мекунанд, ки масъулияти асосии пешбурди фаъолияти таълимї, илмї ва тарбиявиро ба уњда доранд. Дар фасли алоњидаи китоби мазкур оид ба фаъолияти кафедрањо ва сањми арзишманди онњо дар пешрафти њаёти таълимї, илмї ва тарбиявї маълумоти муфассал манзур мешавад. Дар факултет 9 нафар муовинони декан, аз љумла 5 нафар муовин дар соњаи таълим, 3 нафар дар бахши тарбия ва як нафар муовин оид ба илм ва робитањои байналмилалї фаъолият доранд. Бо назардошти инкишофи муносибатњои љамъиятї, эњтиёљоти соњањои гуногуни хољагии халќи кишвар ба кадрњои арзанда ва ворид шудани Тољикистон њамчун узви комилњуќуќи љомеаи љањонї ба фазои байналмилалї давоми солњои истиќлолияти давлатї дар сохтори факултет ихтисосњои нав, аз љумла оид ба омода намудани њуќуќшиносони байналмилалї, њуќуќшиносони бахши молия ва ќарз, њуќуќшиносони низоми муассисањои иљрои љазо, њуќуќшиносони соњаи идораи давлатї, эксперт-криминалистњо, њуќуќшиносон оид ба њифзи њуќуќи моликияти зењнї таъсис ёфтаанд. Дар факултет аз рўйи ихтисосњои зерин раванди таълим ба роњ монда шудааст. Дар шуъбаи рўзона: - њуќуќшиносї (24010200) - бакалавриат; - њуќуќшиносї (24010210) – магистратура; - њуќуќи байналхалќї (24010100) - бакалавриат; - њуќуќи байналхалќї (24010110) - магистратура; - фаъолияти њифзи њуќуќ (93010100) - бакалавриат; - фаъолияти њифзи њуќуќ (93010110) - магистратура; - идораи давлатї ва њуќуќ (26010200) - бакалавриат; - идораи давлатї ва њуќуќ (26010210) - магистратура; - танзими њуќуќии молия ва ќарз (24010302) - бакалавриат; - танзими њуќуќии молия ва ќарз (24010302) - магистратура; - њифзи њуќуќи моликияти зењнї (24010217) - бакалавриат; - њифзи њуќуќи моликияти зењнї (24010218) - магистратура; - санљиши судї (93010200) – бакалавриат; - санљиши судї (93010210) – магистратура; - фаъолияти судї, прокурорї ва муфаттишї (24010213) – магистратура; - њифзи њуќуќии табиат ва муњити зист (24010206) - магистратура; - њуќуќшиносии муќоисавї (24010212) - магистратура. Дар шуъбаи ѓоибона: - њуќуќшиносї (24010200); - идораи давлатї ва њуќуќ (26010200); - фаъолияти њифзи њуќуќ (93010100); - шуъбаи ѓоибонаи маълумоти дуюми олї (24010233). Доктор аз рўйи ихтисос: - 6D030100 Њуќуќшиносї; - 6D030200 Њуќуќи байналхалќї; - 6D030300 Фаъолияти њифзи њуќуќ. Дар њама шуъбањои амалкунанда 3678 нафар донишљў ба тањсил фаро гирифта шудаанд. Яке аз самтњои афзалиятнок ва муњимми фаъолияти факултетро пешбурди њаёти таълимї ташкил медињад. Дар ин бахш бо назардошти самтњои асосии рушди муассисањои тањсилоти олии кишвар тањќиќи самтњои афзалиятноки илм дар шароити муосир, њамбастагии илм ва амалия, моњияти илмї доштани раванди таълим, ворид намудани шаклњо, усулњо ва технологияњои муосир дар раванди таълим, баланд бардоштани масъулияти устодон дар раванди таълим ва сатњу савияи донишандўзии донишљўён, алоќамандии таълим ва тарбия, бењтар намудани шароити иљтимоии устодону донишљўён, рушди истеъдод ва ќобилияти донишљўён амалї мегардад. Зимнан бояд иброз дошт, ки айни замон ихтисосњои амалкунандаи факултет пурра ба низоми тањсилоти кредитї гузашта, таълим аз рўйи низоми сезинагї – бакалавриат, магистратура ва доктор аз рўи ихтисос (PhD) ба роњ монда шудааст. Њамзамон ихтисосњои амалкунандаи шуъбаи ѓоибона ва тањсилоти дуюми олї ба низоми фосилавии тањсилот гузаронида шудаанд. Дар ин замина тамоми наќша ва стандартњои таълимї оид ба ихтисосњои амалкунанда аз нав тањия ва ќабул шуда, ба талаботи замони муосир мувофиќ гардонида шудаанд. Љараёни таълим муташаккилона ба роњ монда шуда, аз љониби садорати факултет пайваста тадбирњои муассир љињати баланд бардоштани сатњу сифати таълим, азхудкунии донишљўён ва ба илмњои замонавї фаро гирифта шудани донишљўён андешида мешаванд. Бо ин маќсад соли 2015 Барномаи рушди факултети њуќуќшиносї барои солњои 2015-2020 ќабул карда шуд, ки давра ба давра амалї шуда истодааст. Зарфияти кадрї, илмї, зењнї ва моддї-техникии факултет имкон фароњам меорад, ки барои дар низоми тањсилот ворид намудани усулњои нави таълим бо истифода аз дастовардњои технологияи иттилоотиву иртиботї тадбирњои судманд роњандозї шавад. Барои ба тањсилоти замонавї фаро гирифтани донишљўён дар факултет њама шароити зарурї фароњам оварда шудааст. Аксарияти синфхонањо бо тахтањои электронї ва видеопроекторњо таъмин буда, 4 синфхонаи электронї ба шабакаи интернет пайваст мебошад. Дар факултет маркази тестї ва мониторинги сифати таълим фаъолият менамояд, ки он ба 80 компютери замонавї пайваст буда, имкон медињад, ки имтињонот ба таври мутамарказ ќабул карда шавад. Дар факултет китобхонаи замонавї фаъолият менамояд, ки он бо ташаббус ва мусоидати раёсати Донишгоњи миллии Тољикистон ва садорати факултети њуќуќшиносї пурра таъмир шуда, бо таљњизоти муосир таъмин мебошад. Китобхонаи илмї бо адабиёти илмиву таълимии замонавї ва маљаллањои илмиву рўзномањои даврї таъмин буда, толори хониши он дорои 64 љойи нишаст аст, ѓайр аз ин, њуљрањои нигањдории китобњо ва хизматрасонї дорад. Хазинаи китобњои илмї ба 25000 адад мерасад, ки бо дастгирии садорати факултети њуќуќшиносї љамъоварї шуда, њамарўза аз он теъдоди зиёди донишљўёни факултети њуќуќшиносї ва аз дигар муассисањои тањсилоти олии кишвар истифода менамоянд. Ба маќсади баланд бардоштани сифати тањсил ва њисси масъулиятшиносии омўзгорон Шўрои илмию методии факултет амал мекунад, ки як љузъи муњимми фаъолияти онро баргузории дарсњои кушод ва иштирок ба дарсњои њамдигарии устодон ташкил медињад. Таъмини мутахассисони љавон бо љойњои кор низ аз самтњои дигари фаъолияти факултет ба њисоб меравад. Бо маќсади ба кор таъмин намудани хатмкунандагони факултет давоми чанд соли охир аз љониби раёсати Донишгоњи миллии Тољикистон бо роњбарияти Суди Олии Љумњурии Тољикистон, Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистон ва роњбарони як зумра маќомоти њифзи њуќуќ ва сохторњои дигари давлатї шартномањои њамкорї ба имзо расонида шудаанд. Чунин њамкорињо самараи нек медињад, зеро њамасола дар асоси ќарори комиссияи таќсимоти давлатии мутахассисони љавон садњо нафар дастпарварони факултет ба маќомоти судї, прокуратура, корњои дохилї, амнияти давлатї, Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия, андоз, гумрук, нотариат, мудофиа, адлия, системаи иљрои љазо, маќомоти иљроияи њокимияти давлатї, муассисањои тањсилоти олии касбї ва дигар сохторњои давлативу нињодњои љомеаи шањрван дї ба кор ќабул карда мешаванд. Яке аз самтњои дигари афзалиятноки факултетро корњои илмї-тањќиќотї ташкил медињад. Корњои илмї-тањќиќотї дар кафед- рањои тахассусии факултет бо назардошти ањаммияти масъалањои тањќиќшаванда дар рушди давлатдории миллї, рўзмарра будани онњо дар шароити эъмори давлати њуќуќбунёд анљом дода мешаванд, ки дар наќшаи илмї-тањќиќотии њар як кафедра онњо вобаста ба самту масъалањо ва мавзўъњо муайян ва тасдиќ карда шуда, њар панљсола оид ба иљрояшон њисобот дода мешавад. Тўли солњои 2009-2018 аз љониби омўзгорону кормандон 4994 маводи илмї-таълимї ба табъ расидааст, ки аз ин миќдор 285-тоаш монография, 90-тоаш китоби дарсї, 395-тоаш воситаи таълимї ба њисоб меравад, ѓайр аз ин, 331 дастури таълимию методї, 265 фишурда ва 3628 маќолаи илмию оммавї ба нашр расидааст.
Самаранокии корњои илмии тадќиќотии устодон дар солњои 2009-2018
Корҳои илмию тадќиќотӣ |
2009 |
2010 |
2011 |
2012 |
2013 |
2014 |
2015 |
2016 |
2017 |
2018 |
Дар маҷмӯъ |
Монография |
19 |
22 |
17 |
32 |
33 |
38 |
24 |
28 |
29 |
43 |
285 |
Китоби дарсї |
5 |
20 |
5 |
6 |
12 |
12 |
8 |
3 |
11 |
8 |
90 |
Васоити таълимї |
11 |
45 |
27 |
37 |
52 |
60 |
42 |
46 |
42 |
33 |
395 |
Дастури таълимї |
21 |
25 |
37 |
50 |
62 |
31 |
41 |
22 |
15 |
27 |
331 |
Фишурда |
19 |
22 |
17 |
9 |
28 |
14 |
7 |
37 |
26 |
86 |
265 |
Мақола |
175 |
175 |
120 |
200 |
307 |
508 |
541 |
481 |
511 |
610 |
3628 |
Дар маҷмӯъ |
250 |
309 |
223 |
334 |
494 |
663 |
663 |
616 |
634 |
807 |
4994 |
Зиёда аз ин, тибќи наќшањои баргузории конференсия, симпозиум ва дигар њамоишњои илмї дар факултети њуќуќшиносї тўли солњои 2009-2018 беш аз 110 конференсияи гуногуни сатњи баланд бо иштироки доираи васеи олимони ватанї ва хориљї баргузор шудааст. Ќобили зикр аст, ки дар факултети њуќуќшиносї маљаллањои илмї-иттилоотии «Њаёти њуќуќї» (“Правовая жизнь”), «Давлатшиносї ва њуќуќи инсон» ва моњномаи «Минбари њуќуќшинос» пайваста нашр мешаванд. Маљаллаи илмї-иттиллоотии «Њаёти њуќуќї» ба фењристи маљаллањои таќризшавандаи КОА Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия шомил шудааст. Факултети њуќуќшиносї ба шабакаи љањонии интернет пайваст буда, тавассути сомонаи худ - www.law.tnu.tj аз њаёти таълимї, илмї, тарбиявї ва фарњангии факултет иттилооти гуногун манзур мекунад. Њимояи рисолањои номзадї ва докторї љузъи дигари фаъолияти факултет аст. Ба омода кардани кадрњои илмї дар факултет таваљљуњи махсус зоњир мешавад. Айни замон дар факултет мактабњои илмии як зумра олимону донишмандони маъруф, аз ќабили мактаби академикњо Ф.Т. Тоњиров, М.А. Мањмудзода, аъзои вобастаи Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон М.З. Рањимзода ва Э.С. Насриддинзода, докторњои илмњои њуќуќшиносї, профессорон Ш.Т. Таѓойназаров, Т.Ш. Шарифов, Р.Ш. Сотиволдиев, Ш.К. Ѓаюров, З.Њ. Искандаров, А.Ѓ. Холиќзода, З. Ализода, Љ.З. Маљидзода, Љ.С. Муртазоќулов, А.Д. Ѓафурзода, Р.Б. Бозоров, А.М. Диноршоњ, У.А. Азиззода, Б.А. Сафарзода, А.И. Сафарзода, Б.С. Гадоев, Ќ.Ш. Ќурбонов ва чанде дигарон амал мекунанд ва дар тарбияи кадрњои илмї ва ба камол расонидани онњо сањми назаррас доранд. Танњо давоми солњои 2010-2019 111 нафар омўзгору аспирант, унвонљўю корманди факултет рисолањои номзадї ва докторї њимоя намудаанд. Дар ин миён бо иќдому ташаббуси садорати факултети њуќуќшиносї ва дастгирии бевоситаи раёсати Донишгоњи миллии Тољикистон, хусусан ректори донишгоњ, академик М.С. Имомзода ба таъсиси якчанд Шўрои диссертатсионї асос гузошта шуд. Масалан, аз 1-уми январи соли 2014 Шўрои муттањида оид ба дифои рисолањои номзадї ва докторї – КМ 737.004.08 дар назди Донишгоњи миллии Тољикистон, Пажўњишгоњи фалсафа, сиёсатшиносї ва њуќуќи ба номи А.М. Бањоваддинови Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон ва Муассисаи байнидавлатии тањсилоти олии касбии Донишгоњи славянии Россия ва Тољикистон ба фаъолият шуруъ кард, ки дар он то соли 2016 аз рўйи ихтисосњои 12.00.01 – назария ва таърихи њуќуќ ва давлат; таърихи таълимот оид ба њуќуќ ва давлат ва 12.00.03 – њуќуќи гражданї, њуќуќи соњибкорї, њуќуќи оилавї, њуќуќи байналхалќии хусусї аспирантону унвонљўён ва докторантон рисолањои номзадї ва докторї њимоя намудаанд. Боиси ифтихори воќеист, ки бо шарофати Истиќлолияти давлатї аввалин маротиба баъди таъсиси КОА назди Президенти Љумњурии Тољикистон бо фармони Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти Љумњурии Тољикистон аз 27-уми апрели соли 2017 тањти №15 дар заминаи факултети њуќуќшиносї нахустин Шўрои миллии диссертатсионї – 6D.КОА-002 барои дарёфти дараљаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўйи ихтисос доир ба ихтисосњои 6D030100 – Њуќуќшиносї, 6D030200 – Њуќуќи байналмилалї ва 6D030300 – Фаъолияти њифзи њуќуќ таъсис ёфта, ду сол амал кард. Мањз дар њамин Шўро 6 нафар рисолаи докторї ва 32 нафар рисолаи номзадї њимоя карданд. Ѓайр аз ин, бо фармоиши Раиси КОА назди Президенти Љумњурии Тољикистон аз 10-уми июни соли 2019 тањти №133 фаъолияти Шўрои миллии диссертатсионии 6D.КОА-002 барои дарёфти дараљаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўйи ихтисос доир ба ихтисосњои 6D030100 – Њуќуќшиносї, 6D030200 – Њуќуќи байналмилалї ба муњлати панљ сол тамдид шуд. Дар шўрои навтаъсис аз рўйи ихтисосњои 12.00.01 – назария ва таърихи њуќуќ ва давлат; таърихи таълимот оид ба њуќуќ ва давлат; 12.00.02 – њуќуќи конститутсионї; мурофиаи судии конститутсионї; њуќуќи мунисипиалї ва 12.00.03 – њуќуќи гражданї, њуќуќи соњибкорї, њуќуќи оилавї, њуќуќи байналхалќии хусусї њимояи рисолањои номзадї ва докторї доир мегарданд. Аллакай аввалин њимояњо дар шўрои мазкур баргузор шуданд. Бадин тартиб, имкони таъсиси шўроњои миллии диссертатсионї аз рўйи дигар ихтисосњои илми њуќуќшиносї ба вуљуд омада истодаанд. Дар наќшаи поён шумораи рисолањои илмии њимояшуда давоми солњои 2010-2019 бо зикри даќиќи рисолањои номзадї ва докторї пешнињод мешавад.
Њимояи рисолањои номзадї ва докторї дар солњои 2010-2019
Солњои |
2010 |
2011 |
2012 |
2013 |
2014 |
2015 |
2016 |
2017 |
2018 |
2019 |
Њамагї |
Докторї |
2 |
- |
1 |
- |
1 |
6 |
- |
- |
2 |
3 |
15 |
Номзадї |
13 |
4 |
13 |
3 |
10 |
11 |
4 |
3 |
18 |
15 |
94 |
Дар маљмўъ 109 рисолаи докториву номзадї дифоъ шуданд. |
Яке аз самтњои хеле муассири корњои илмї-тањќиќотии факултет- ро таъсис ва фаъолияти љамъияти илмии донишљўён ва мањфилњои илмии назди кафедрањо ташкил медињад. Аз љониби садорати факултет ба масъалаи омода кардани кадрњои ояндаи илмї аз њисоби љавонони донишманду забондон, боистеъдоду масъулиятшинос таваљљуњи махсус зоњир карда мешавад. Њамин аст, ки айни замон дар назди кафедрањои факултет 11 мањфили илмї мављуд аст, ки самти асосии фаъолияти онњо баргузор намудани мањфилњои илмии назди кафедрањо, иштирок дар ташкил ва гузаронидани конфронсњои илмї-амалї, мизњои мудаввар, озмуни корњои илмии донишљўён, љалби донишљўён барои ширкат дар конфронсњо ва олимпиадањои сатњњои гуногун мебошад. Боиси ифтихор аст, ки донишљўёни факултети њуќуќшиносї давоми солњои 2013-2019 дар як силсила њамоишњои гуногуни илмї, аз љумла олимпиадаву озмунњо фаъолона ширкат варзида, сазовори љойњои намоён гардидаанд. Устодон ва кормандони факултети њуќуќшиносї дар муњимтарин чорабинињои њаёти сиёсї, љамъи- ятї ва фарњангии кишвар фаъолона ширкат мекунанд. Махсусан иштироки фаъолонаи омўзгорони љавон ва донишљўёнро дар машќу тамринњои љашнї бахшида ба таљлили бузургтарин љашнворањои миллї, аз ќабили Истиќлолияти давлатї, Рўзи Вањдати миллї, Наврўзи байналмилалї, Рўзи Президенти Љумњурии Тољикистон ва ѓайра метавон алоњида ќайд намуд. Дар ин давра иштирок ва сањми фаъолонаи як зумра устодони факултет ба сифати коршиносони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ЉТ дар баргузории интихоботи Президенти Љумњурии Тољикистон дар соли 2013, интихоботи парлумони кишвар дар соли 2015 ва раъйпурсии умумихалќї љињати ворид намудани таѓйиру иловањо ба Конститутсияи ЉТ дар соли 2016 шоистаи тањсин аст. Гузашта аз ин, сањми омўзгорони факултет ба њайси аъзо ва роњбарони гурўњњои корї дар тарѓибу ташвиќи мазмуну моњияти Ќонунњои ЉТ «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросим дар ЉТ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва шарњу тавзењи нуктањои асосии Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон дар шањру ноњияњои мамлакат ќобили зикр намудан аст. Як зумра устодони факултет дар љараёни њуќуќэљодкунї дар Тољикистон фаъолона иштирок намуда, дар гурўњњои корї оид ба тањияи ќонуну кодексњо, консепсияву барномањои давлатї бори масъулияти азим ба дўш доранд. Бояд иброз намуд, ки дар робита ба банди 56-уми Наќшаи чорабинињо оид ба иљрои вазифањое, ки дар Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон аз 22-юми декабри соли 2016 «Дар бораи самтњои асосии сиёсати дохилию хориљии Љумњурии Тољикистон» зикр гардидаанд, ба зиммаи Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон якљо бо Прокуратураи генералї, Маркази миллии ќонунгузорї, Академияи илмњо ва Донишгоњи миллии Тољикистон (факултети њуќуќшиносї) омода ва пешнињод намудани лоињаи Консепсияи сиёсати њуќуќии Љумњурии Тољикистон вогузор карда шуда буд ва омўзгорони факултети њуќуќшиносї дар тањияи лоињаи Консепсияи сиёсати њуќуќии Љумњурии Тољикистон барои солњои 2018-2028 фаъолона иштирок намуда, дар омода кардани лоиња сањми назаррас гузоштанд. Бо маќсади боло бурдани донишу фарњанги њуќуќии оммаи васеи мардум устодону кормандони факултети њуќуќшиносї мунтазам ба шабакањои телевизионї ва радио, инчунин корхонаву муассиса ва ташкилотњо ташриф оварда, оид ба муњимтарин масъалањои њаёти њуќуќї ва љашнворањои сиёсї, аз ќабили љашни Истиќлолияти давлатии Тољикистон, Конститутсияи Тољикистон, Рўзи Президенти Љумњурии Тољикистон, Парчами давлатии Љумњурии Тољикистон, Вањдати миллї суњбатњои муфид анљом медињанд. Яке аз самтњои дигари фаъолияти факултетро бахши њамкорињои дохилї ва байналмилалї ташкил медињад. Бо маќсади ба амал баровардани њамкорињои муфиди дуљониба факултети њуќуќшиносї бо маќомоти њифзи њуќуќ, вазорату кумитањои давлатї, донишгоњњо, марказњои илмию тањќиќотии љумњурї ва хориљї алоќаи устувори илмиро ба роњ мондааст. Аз љумла, њоло факултети њуќуќшиносї бо Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон, Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии ЉТ, Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистон, Суди Олии Љумњурии Тољикистон, Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон, Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон, Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсї, Маркази миллии ќонунгузории назди Президенти Љумњурии Тољикистон, Пажўњишгоњи фалсафа, сиёсатшиносї ва њуќуќи ба номи А. Бањоваддинови Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, Академияи Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон, Донишгоњи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов, Донишгоњи давлатии дўстии халќњои Федератсияи Россия, Донишгоњи давлатии њуќуќи Москва ба номи О.Е. Кутафин, Донишгоњи давлатии Санкт-Петербург, Мактаби олии иќтисодии шањри Москва, Донишгоњи миллии Ќазоќистон, Донишгоњи Бремен (Олмон), Донишгоњи миллии Ќирѓизистон ба номи Ж. Баласагин, Донишгоњи Прокуратураи генералии Федератсияи Россия њамкорињои мутаќобилан судмандро ба роњ мондааст. Барои сањми назаррас ва хизматњои шоён дар тарбияи мутахассисони љавон, рушди низомии њуќуќии кишвар, пешбурди њаёти илмї, таълимї ва тарбиявї як зумра устодони накуноми факултети њуќуќшиносї њамчун нишони ќадршиносї дар солњои Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон аз љониби Пешвои муаззами миллат муњтарам Эмомалї Рањмон бо мукофотњои давлатї, медалу ифтихорномањо, мукофотњои соњавї ва дигар љоизањо сарфароз гардонида шудаанд, ки дар фасли алоњидаи китоб дар ин хусус ба хонанда иттилои муфассал пешнињод мешавад. Ин љо месазад, ки аз фаъолияти босамар ва номи неки роњбарони факултет, ки дар марњилањои гуногуни рушди ин сохтор зимоми идоракуниро ба даст гирифта, њар кадом њиссаи арзишманди хешро дар рушду такмили факултет гузоштаанд, ёдовар шавем. Аввалин декани факултети њуќуќшиносї дотсент В.Г. Гранберг буданд, ки аз замони таъсис то соли 1957 дар ин вазифа бо дарки масъулияти баланд ифои вазифа намудаанд. Сањми ў дар фароњам овардани заминањои ташаккули минбаъдаи факултет назаррас буд. Дар солњои баъдї факултети њуќуќшиносиро як зумра шахсиятњои маъруф, олимони барљаста, њуќуќшиносони асил, ташкилотчиёни моњир, нафароне, ки дилбохтаи касби хеш буданд, аз ќабили номзади илмњои њуќуќ, дотсент Касаткин Юрий Петрович, номзади илмњои њуќуќ, дотсент Гимпелевич Роман Савелевич, номзади илмњои њуќуќ, дотсент Розиќов Шариф Розиќович (1961-1965), номзади илмњои њуќуќ, дотсент Мавлонов Абдуманнон (1965-1967), номзади илмњои њуќуќ, дотсент Ќосимов Садриддин Мањмудович (1967-1969), доктори илмњои њуќуќ, профессор, Ходими хизматнишондодаи илми Љумњурии Тољикистон Усмонов Очилбой Усмонович (1975-1980), номзади илмњои њуќуќ, дотсент Ямоќова Зумрад Дадаљоновна (1982-1985), номзади илмњои њуќуќ, дотсент Љалилов Љаббор Раљабович (19721975, 1986-1989), номзади илмњои њуќуќшиносї, дотсент Бобоназарова Ойнињол (1989-1993), доктори илмњои њуќуќшиносї, профессор Исмоилов Шавкат Мањмудович (1993), доктори илмњои њуќуќшиносї, профессор, академики АИ ЉТ, узви раёсати Академияи илмњои ЉТ, Њуќуќшиноси шоистаи Љумњурии Тољикистон Мањмудзода Мањкам Аъзам (1993-2006), номзади илмњои њуќуќ, дотсент Холиќов Кароматулло Нарзуллоевич (2006-2011), доктори илмњои њуќуќшиносї, профессор, узви вобастаи Академияи илмњои ЉТ Насриддинзода Эмомалї Сайфиддин (2011-2016) сарварї кардаанд. Мо ба њама деканњои факултет, ки дар марњилањои гуногун масъулияти баланди роњбарии факултетро ба зимма гирифта, барои пешрафти соњањои илму таълим ва тарбия, омода кардани мутахассисони љавону умедбахш сањми арзандаи худро гузоштаанд, изњори сипос менамоем. Як гурўњ аз ин деканњои муњтарам њоло дар ќайди њаёт нестанд, аммо кору пайкори некашон дар ќалбњои мо зинда аст. Ёдашон ба хайр, бигзор рўњашон аз њамаи мо шод бошад. Эътироф бояд кард, ки мањз бо шарофати Истиќлолияти давлатї факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон марњилаи сифатан нави рушдро касб намуда, ба ин васила дар тамоми самтњои афзалиятноки њаёти таълимї, илмї ва тарбиявии факултет љањиши бузурге ба вуќуъ пайваст. Мо боварии комил дорем, ки донишмандону олимони маъруфу саршиноси факултети њуќуќшиносї минбаъд низ бо назардошти таѓйироту тањаввулот дар илми њуќуќшиносї бо хулосаву пешнињодоти илман асосноки худ дар рушди низоми ќонунгузорї ва такмили фаъолияти њуќуќэљодкунї сањми босазо хоњанд гузошт. Бо вуљуди комёбиву дастовардњои беназир дар соњањои њаёти таълимї, илмї, тарбиявї ва густариши њамкорињо, устодону кормандони факултети њуќуќшиносиро зарур аст, ки бо назардошти рушди кунунии муносибатњои љамъиятї, талаботи рўзафзуни бозори мењнат, ислоњоти амиќи соњаи тањсилоти олии касбї љињати таъмини дурнамои неки фаъолияти факултет тадбирњои муасирро роњандозї намоянд.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07