|
Касаткин Юрий Павлович, доктори илмњои њуќуќ, профессор. Солњои 1957-1961 декани факултети њуќуќшиносии Донишгоњи Давлатии Тољикистон, њамзамон мудири кафедраи њуќуќи љиної ва мурофиаи љиної буд. Солњои 1962- 1978 - корманди Суди олии СССР ва аз соли 1987 дар Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони прокуратураи Русия мудири кафедраи назорати прокурорї оид ба баррасии парвандањои љиної ва гражданї дар судњо кор кардааст. |
Муллоев Мансур Муллоевич (1923-1998), хатмкардаи шуъбаи ѓоибонаи Донишкадаи њуќуќшиносии умумииттифоќї (1952) ва аспирантураи АИ ЉТ (1956). Фаъолияти кориашро соли 1955 дар факултети њуќуќшиносї ба њайси ассистент оѓоз намудааст. Муллоев М.М. соли 1959 - дотсент, соли 1968 доктори илмњои њуќуќ ва соли 1971 унвони илмии профессорро соњиб гардидааст. Солњои 1959-1961 вазифаи декани факултаи њуќуќшиносиро ба уњда дошт. Се дафъа (1962-1965, 1970-1973 ва 1979-1981) мудири кафедраи њуќуќи љиноятї буд. Муаллифи зиёда аз 120 китоб, рисола ва маќолаю дастурњои илмию методист. Аз љумла: «Таърихи њуќуќи љиноятї дар РСС Тољикистон» (1960), «Роли ањли љомеа дар њифзи тартиботи чамъиятї», «Очеркњои мухтасар аз таърихи њуќуќи чиноятї дар Тољикистони то револютсионї», «Айбдоркунандагони љамъиятї ва њимоятчиёни љамъиятї дар протсеси љиноятї», «Хусусиятњои муайян намудани љиноят дар куштори барќасдона», «Аз таърихи муборизаи њуќуќї ба муќобили љинояткорї», «Масъулияти љиноятї дар кори сохтмонњои бадсифат», «Баъзе хусусиятњои масъалањои системаи Кодекси Љиноятии РСС Тољикистон», «Мубориза ба муќобили љинояткорї дар РСС Тољикистон» (1973) ва ѓайра. Муаллифи аввалин китоби дуљилдаи «Тафсири Кодекси Љиноятии РСС Тољикистон» (ќисми умумї, 1969, ќисми махсус, 1988). Њамчун иштирокчии ЉБВ (1941-1945) бо ордену медалњо ва дигар љоизањои њукуматї мукофотонида шудааст. |
|
Гимпелевич Роман Савелевич (1920-1980), номзади илмњои њуќуќ, профессор. Соли 1950 ба Тољикистон омада, солњои 1956-1975 дар факултети њуќуќшиносии ДДТ фаъолият кардааст. Гимпелевич Р.С. тули 20 сол мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва хуќуќ буд. Сањми Р.С. Гимпелевич дар тайёр намудани кадрњои њуќуќшинос барои Тољикисон бисёр назаррас аст. Зери роњбарии Гимпелевич Р.С. 15 нафар номзади илмњои њуќуќшиносї гардидаанд. Ба ќалами Гимпелевич Р.С 2 монография, зиёда аз 100 маќолаи илмї, яканд барномаи таълимиву дастурњои методї таълиф гардида ба чоп расидааст. | |
Розиќов Шариф Розиќович (1923-1988). соли 1949 мактаби њуќуќшиносии Сталинободро хатм намудааст. Солњои 1947-1949- корманди Суди Тољикистон ва солњои 1961-1965- декани факултети њуќуќшиносии ДДТ-ро ба уњда дошт. Соли 1970 дарљаи илмии доктори илмњои њуќуќро дифоъ намудааст. Солњои 1974-1979 дар вазифаи мудири кафедраи њуќуќи љиноятии факултети њуќуќшиносї кор кардааст. |
|
Мавлонов Абдуманнон (1931-1980), хатмкардаи факултети њуќуќшиносии ДДТ (1953), номзади илмњои њуќуќ (1961), дотсент (1964). Ба њайси ассистенти кафедраи назария ва таърихи давлат ва њуќуќи ДДТ ба фаъолияти омузгорї шуруъ карда, то охири соли 1964 вазифаи дотсентиро ба љо овардааст. Солњои 1965-1967 декани факултаи њуќуќшиносї буд. Аз соли 1970 то поёни умр мудири кафедраи хуќуќи давлат ва сохтмони советї буд. Солњои зиёде ба Шўрои илмиву методии љамъияти «Дониш»-и љумњурї роњбарї кардааст. | |
Ќосимов Садридцин (1927-2011), хатмкардаи Мактаби дусолаи њуќуќшиносии Комиссариати халќии адлияи Тољикистон (1944) ва Донишкадаи њуќуќшиносии шањри Москва (1949). Номзади илмњои њуќуќ (1961), муаллими хизматнишондодаи ЉТ. Баъди хатми тањсил дар вазифањои гуногуни маќомоти адлияи љумњурї фаъолият кардааст. Соли 1961 ба фаъолияти омузгорї дар ДДТ cap кард. Дар тули солњои 1965-1970 ва 1980-1994 мудири кафедраи њуќуќи конститутсионї буд. Њамчунин солњои 1967-1969 вазифаи декани факултети њуќуќшиносиро низ ба љо меовард. Аз соли 1994 то дами вопасини њаёт дар вазифаи дотсенти кафедраи њуќуќи конститутсионї кор кардааст. Ќосимов С. дар омода кардани лоињаи Конститутсияи солњои 1987 ва 1994 дар њайати Комиссияи Шўрои Олии ЉТ иштирок кардааст. Ба ќалами ў зиёда аз 170 китобу маќола ва таќризњо тааллуќ дорад. Ў дорандаи нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халќи Тољикистон» (1957) буда бо 6 ифтихорнома, медали «Собиќадори мењнат», медалњои 50- солагї ва 60- солагии ѓалаба дар Љанги Бузурги Ватани солњои 1941-1945 мукофотонида шудааст. | |
Усмонов Очилбой Усмонович (1930-2006), доктори илмњои њуќуќ (1977), профессор (1979), узви вобастаи АИ ЉТ (1989), Њуќуќшиноси шоистаи ЉТ (1991), Арбоби илму техникаи ЉТ (1996). Хатмкардаи ДДТ (1955). Аз соли хатми донишгоњ дар њамин љо ба фаъолияти омўзгориву илмї пардохтааст: муаллим (1955), му-аллими калон (1960), дотсент (1965), профессор (1979). Солњои 1975-1980 декани факултаи њуќуќшиносй буд. Аз соли 1972 то поёни умр мудири кафедраи њуќуќи гражданї буд. Ў ба њайси узви Кумитаи назорати конститутсионии СССР (с. 1989 интихоб шуда буд), узви Шўрои илмию машваратии Суди Олии ЉТ, Прокуратураи Генералии ЉТ, сардори гурўњи корї оид ба тайёр кардани лоињаи Кодекси гражданин ЉТ, узви Комиссияи коршиносии Раёсати Маљлиси Олии ЉТ оид ба лоињањои конунгузорї фаъолият кардааст. Муаллифи зиёда аз 162 таълифоти илмї, илмиву оммавї, китобу дастурњои таълимию методї ва маќолањо мебошад. Бо роњбарии ў 6 доктору номзадњои илм соњиби рутбаву унвони илмї гардидаанд. Дорандаи нишонњои сарисинагии «Аълочии маорифи халќи ЉТ» ва «Аълочии тањсилоти олии СССР» буд. | |
Љалилов Љаббор (1935-1990), хатмкардаи Донишгоњи давлатии Москва (1957), номзади илмњои њуќуќ. Аз соли 1958 муаллими кафедраи њуќуќи гражданї ва мурофиаи граждании ДДТ буд. Солњои 1972-1975- декани факултети њуќуќшиносї, 1975-1978- ноиби ректор оид ба тањсили гоибона. Соли 1979 љонишини вазири маълумоти олї ва миёнаи махсуси Тољикистон буд. Сипас бори дигар ба ДДТ омада вазифаи декании факултети њуќуќшиносиро ба љо овард. Аз соли 1989 то поёни умр мудири кафедраи њуќуќи судї ва назорати прокурорї буд. Љалилов Љ. бо як ќатор мукофотњои њукуматї сарфароз шудааст. |
|
Ямоќова Зумрад Дадаљоновна (тав. 01.09. 1937), номзади илмњои њукуќ (1971), дотсент (1974). Корманди шоистаи ЉТ. Хатмкардаи факултети њуќуќшиносии ДДТ(1960). Баъд аз хатми тањсил дар њамин донишгоњ ба фаъолияти омўзгорї пардохтааст: солњои 1960 -1972 лаборант, коршинос ва коршиноси калони лабораторияи экспертизаи ДДТ ва сардори шуъбаи экспертизаи хатшиносии лабораторияи экспертизаи Вазорати адлияи ЉТ буд. Аз соли 1972 муаллими калон ва аз соли 1974 дотсенти ДДТ. Солњои 1982-1985 вазифаи декании факултети њуќуќшиносиро бар уњда дошт. Ямоќова З.Д. муаллифи китобу дастурњо ва зиёда 80 маќолаи илмист. Корманди шоистаи Љумњурии Тољикистон, дорандаи нишонњои сарисинагии «Аълочии маорифи халќи Тољикистон» ва «Барои муваффаќиятњои аъло дар кор». Бо медалњои «Барои мењнати шоиста», «Хизмати шоиста», ва «Собиќадори мењнат» мукофотонида шудааст. |
|
Бобоназарова Ойнињол (тав. 10. 06.1948), хатмкардаи ДДТ (1971) ва аспирантураи он (1976). Номзади илмњои њуќуќ (1984). Фаъолияти мењнатиашро аз идораи Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Советии Тољикистон (1971-1972) оѓоз намуда соли 1976 ба кори илмиву педагогї ба Донишгоњи давлатии Тољикистон гузашт. Солњои 1976-1996- ассистент, муаллими калон ва дотсенти кафедраи назария ва таърихи давлат ва њуќуќ буд. Солњои 1989-1993 вазифаи декани факултети њуќуќшиносиро ба уњда дошт. Бобоназарова О.Б. солњои 1996-2005 корманди Миссияи Тољикистонии Созмони амният ва њамкории Аврупо ва солњои 2005-2007- Раиси Бунёди байналмиллалии Сорос кор кардааст. Аз соли 2007 инљониб раиси Иттињодияи љамъиятии фонди «Перспектива плюс»-ро ба уњда дорад. | |
Исмоилов Шавкат Мањмудович (тав. 12.05.1951 ш. Душанбе) доктори илмњои њуќуќшиносї, профессор. Хатмкардаи Донишгоњи давлатии Тољикистон ба номи В.И. Ленин. Ходими давлатї. Соли 1978 рисолаи номзадї (МГУ В.М.Ломоносов) ва соли 1990 рисолаи докториро дифоъ намудааст. (Алма-ато Институти давлат ва њуќуќи Академияи улуми Ќазоќистон). Аз соли 1978-1982 дар вазифаи ассистент, муаллими калон (1982-1985), дотсент (1985-1990), профессор (1991) мудири кафедраи «Њуќуќи тиљоратї ва соњибкорї» ДДТ (1991-1994), декани факултаи хориљињои ДДТ (1986-1991), декани факултети «Њуќуќшиносї»-и ДДТ (1993) кор ва фаъолият намудааст. Солњои 1993 то 2001 ба њайси Вазири адлияи Љумњурии Тољикистон адои вазифа намудааст. Солњои 2001-2005 вакили Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон (Раиси кумитаи мудофиа, амният ва тартиботи њуќуќї) интихоб гардидааст. Ходими хизматнишондодаи илм ва техника, Мушовири Давлатии адлияи Љумњурии Тољикистон мебошанд. Аз соли 2001 то инљониб мудири кафедраи «Њуќуќии иќтисодї ва молиявї»-и Донишкадаи молия ва иќтисоди Тољикистонро ба ўњда дорад. Аъзои њайати тањририяи маљаллаи «Њуќуќи энергетикї» (МГУ В.М. Ломоносов) ва «Иќтисодиёти Тољикистон: стратегияи тараќќиёт» мебошад. Узви гурўњи корї оид ба кор карда баромадани Конститутсияи нави Љумњурии Тољикистон, роњбари гурўњи корї оид ба кор карда баромадани ќисми I Кодекси Граждании Љумњурии Тољикистон. |
|
Мањмудов Мањкам Аъзамович соли 1957 таваллуд шудааст. Маълумоташ олї, соли 1979 Донишгоњи давлатии Тољикистонро бо ихтисоси њуќуќшинос бо дипломи аъло хатм намудааст. Солњои 1979 – 1998 ассистент, аспирант, муаллими калон, дотсент, профессори кафедраи њуќуќи граждании Университети давлатии Тољикистон ва аз соли 1993 то соли 2006 дар вазифаи Декани факултети њуќуќи Донишгоњи давлатии миллии Тољикистон кор кардааст. 13 ноябри соли 1986 унвони илмии номзади илмњои њуќуќшиносї ва 23 октябри соли 1991 аттестати дотсенти кафедраи њуќуќи гражданиро сазовор гардидааст. 19 июни соли 1998 бошад, унвони илмии доктори илмњои њуќуќшиносї ва 18 октябри соли 2000 аттестати профессори кафедраи њуќуќи гражданї дода шудааст. Солњои 1990 - 1995 вакили Маљлиси вакилони халќи шањри Душанбе интихоб гардидааст. Соли 2002 бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон узви Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон (даъвати дуюм) таъин гардидааст. 25 марти соли 2005 узви Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон (даъвати сеюм) таъин гардида, 15 апрели соли 2005 дар иљлосияи якуми Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон даъвати сеюм Раиси Кумитаи Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон оид ба таъмини асосњои конститутсионї, њуќуќу озодињои инсон, шањрванд ва ќонуният интихоб шуд. Бо Амри Президенти Љумњурии Тољикистон 4 феврали соли 2006 муовини Роњбари Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон ва 14 январи соли 2008 бо Амри Президенти Љумњурии Тољикистон муовини аввали Роњбари Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон таъин гардид. Дар асоси пешнињоди Президенти Љумњурии Тољикистон дар иљлосияи нуздањуми Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон даъвати сеюм 18 майи соли 2009 Мањмудов Мањкам Раиси Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон интихоб гардид. 25 феврали соли 2004 узви вобаста ва соли 2008 Академики Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон интихоб гардидааст. Муаллифи зиёда аз 50 китоб ва 250 асарњои илмї ва илмї-оммавї мебошад. Мањмудов М.А. бо мукофотњои давлатии Њуќуќшиноси шоистаи Љумњурии Тољикистон, Ордени Исмоили Сомонї дараљаи II, Ордени «Содружество», бо медали љашнии «20-солагии Истиќло-лияти давлатии Љумњурии Тољикистон» ва дигар ифтихорномаю медалњо сарфароз гардидааст. |
|
|
Холиќов Кароматулло Нарзуллоевич (1957-2011), солњои 1975-1980 дар факултети њуќуќшиноси ДДТ ба номи В.И. Ленин тањсил намудааст. Баъди хатми ДДТ тули 2 сол, аввал вазифаи муњаррир ва баъдан муњаррири илмии идораи фалсафа ва њуќуки Комуси Шўравии Тољикро ба иљро расонидааст. Соли 1982 дубора ба факултети њуќуќшиносї бармегардад ва дар вазифањои ассистент, муаллими калон, дотсенти кафедраи њуќуќи конститутсионї, иљрокунандаи вазифаи мудири кафедраи њуќуќи конститутсионї ва декани факултети њуќуќшиносї кор кардааст. Аз соли 1984 инљониб ба уњдаи Кароматулло Холиќов вазифаи масъули роњбарии љараёни таълиму тарбия вогузор гардида буд. Чунончї, солњои 1984-1986, 1988-1993 ў ба њайси љонишини декан оид ба шўъбаи рўзона, шабонаю ѓоибона, оид ба кори донишљўёни хориљї ва тарбия фаъолият намудааст. Аз соли 1995 то 2001-ум вазифаи љонишини декан оид ба таълимро ба уњда дошт. Солњои 2001-2002 сардори ќисми таълими ДДМТ, 2005-2006 иљрокунандаи вазифаи мудири кафедраи њуќуки конститутсионї ва аз моњи феврали соли 2006 то охирин лањзаи њаёт вазифаи декани факултети њуќуќшиносиро ба уњда дошт. Доираи тадќиќоти илмии Кароматулло Холиќов масъалаи пайдоишу инкишоф ва њолати њуќуќии назорати конститутсионї дар љумњурист. Оид ба мавзўи мазкур ў соли 1996 тањти роњбарии доктори илмњои њуќуќ, профессор Ф.Т. Тоњиров рисолаи номзадї њимоя кардааст. Ба ќалами ин Холиќов К.Н. як монография ва беш аз 20 маќолаи илмї таалуќ дошта, ў борњо дар маљмааву љамъомадњои илмии байналхалќї маърўзањои илмї намудааст. Насриддинзода Эмомалї Сайфиддин - Декани факултети њуќуќшиносї, доктори илмњои њуќуќ, профессор (солњои 2011-2016) Насриддинзода Эмомалї Сайфиддин соли 1990 Донишкадаи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Т.Г. Шевченкоро хатм намудааст. Пас аз хатми мактаби олї ў солњои 1990-2006 ба њайси ассистент, муаллими калон ва сипас мудири кафедраи њуќуќшиносї ва методикаи таълими њуќуќшиносии ДДОТ ба номи С.Айнї фаъолият кардааст. Соли 2003 факултети њуќуќшиносии Донишгоњи давлатии миллии Тољикистонро хатм намуда то соли 2006 ба њайси унвонљўи шуъбаи масоили назариявии давлат ва њуќуќи муосири Институти давлат ва њуќуќи Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон фаъолияти илмї намудааст. Моњи сентябри соли 2006 ба вазифаи муаллими калони кафедраи назария ва таърихи давлат ва њуќуќи Донишгоњи миллии Тољикистон ба кор омадааст. Моњи апрели соли 2008 рисолаи номзадиашро дар мавзўи «Масоили ташаккули фарњанги њуќуќї дар шароити густариши давлати демократї дар Тољикистон» њимоя намудааст. Моњи сентябри соли 2014 рисолаи докториашро дар мавзўи «Ташаккули фарњанги њуќуќї дар ЉТ дар шароити таќвияти тафриќањои фарњангї-тамаддунї: масоили назария ва амалия» њимоя намудааст. Солњои 2007-2009 муовини декан оид ба тарбияи факултети њуќуќшиносї ва аз моњи сентябри соли 2009 муовини декан оид ба таълим дар факултети мазкур кор кардааст. Аз моњи августи соли 2011 то моњи марти соли 2016дар вазифаи декани факултети њуќуќшиносї кор кардааст. Вобаста ба мавзўи илмї зиёда 60 маќола, 4 монография, 4 барномаи таълимї ва якчанд воситањои таълимиро дар њамуалифї бо дигар устодони факултет навиштааст. Дар замони роњбарии ў таѓийроту тањаввулоти љиддї дар њаёти таълимї, илмї ва тарбиявии факултети њуќуќшиносї ба вуќуъ пайваст. Дар ин давра аз љониби устодон беш аз 2000 номгўи осори арзишманди илмию таълимї ва методї таълиф шуда, 44 рисолаи илмї (9 рисолаи докторї ва 35 рисолаи номзадї) њимоя шуданд.
Рањмон Дилшод Сафарбек
Ќурбонализода Нурулло Шамсулло |
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07