Факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон иттилоъ медињад, ки дар заминаи Донишгоњи миллии Тољикистон бањри баланд бардоштани сатњ ва сифати таълим, ворид намудани усулњои фаъоли омўзиш, бархурдор намудани донишљуён аз малакањои касбии њуќуќшиносї ва расонидани машварати њуќуќии ройгон ба табаќањои ниёзманди љомеа, клиникаи њуќуќї таъсис дода шудааст. Яке аз њадафњои асосии фаъолияти клиникаи њуќуќиро расонидани машварати ройгон оид ба масъалањои њуќуќї ба шањрвандони камбизоат, ятиму бепарастор, маъюбон, нафаќахурону дигари шахсони муњтољ, ташкил медињад. Фаъолияти клиникаи њуќуќї аз љониби устодони пешбар ва донишљуёни фаъоли факултети њуќуќшиносии ДМТ ба роњ монда мешавад. Аз ин рў, бо маќсади расонидани машварати њуќуќии ройгон ба шањрвандон, дар мувофиќа бо Раёсати Донишгоњи миллии Тољикистон дар сомонаи факултети њуќуќшиносї бахши алоњида тањти унвони «Клиникаи њуќуќї (машварати њуќуќии ройгон)» созмон дода шуд. Шањрвандони камбизоат, ятиму бепарастор, маъюбон, нафаќахурону дигари шахсони муњтољ метавонанд, барои пайдо намудани љавоби сањењу боэътимод ба суолњои алоњидаи њуќуќї ба суроѓаи мазкур мурољиат намоянд. Аз мурољаткунандагон хоњиш карда мешавад, ки њангоми пешнињоди саволњои мушаххас оид ба масъалањои њуќуќї ному насаб, суроѓа, раќами телефони худ ва дигар маълумотњои заруриро зикр намоянд.
Машварати њуќуќии ройгони тахассусмандона ба шањрвандон кафолат дода мешавад!