Cавол: Оё барои машваратчиён (коршиносоне), ки аз рўи шартномаи пудрат (хизматрасонии пулакї) кор мекунанд фармоиши дохилии роҳбари корхона лозим аст? Оё нисбати чунин шахсон дафтарчаи меҳнатї кушода мешавад ва онњо таҳти љавобгарии моддї қарор мегиранд ё не?
Имомаддини Мирзамон, сокини н. Мастчоњи Кўњї
Љавоб: Он њолате, ки Шумо арзёбї намудед, хоси муносибатњои мењнатї набуда, балки хусусияти муносибатњои гражданї-њуќуќиро доро мебошад.
Дар ин ҳолат хусусияти шартномаи басташуда қотеъона ба инобат гирифта шуда, њуќуќу ўњдадорињои тарафњо мутобиќи талаботњои Кодекси граждании ЉТ муайян карда мешаванд. Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон бастани шартномаро бо машваратчиён (коршиносоне), ки хизматрасонии пулакиро анљом медињанд, муќаррар намудааст. Дар моддаи 797 Кодекси Граждании Љумҳурии Тоҷикистон тањти унвони «Шартномаи хизматрасонии пулакї» меъёри алоњида муќаррар шудааст, ки ба сифати предмети танзими он фаъолияти машваратӣ низ дохил мешавад.
Айни њол бо аксарияти коршиносон ва машваратчиёни мањаллї мањз њамин намуди шартнома баста мешавад. Тибқи шартномаи хизмат-расонии пулакӣ бо супориши фармоишгар (шахси њуќуќї) иҷрокунанда вазифадор аст хизмате расонад (амали муайяне ё фаъолияти муайянеро анҷом диҳад), ки дорои шакли ашёӣ набошад ва фармоишгар ӯҳдадор аст арзиши онро пардохт кунад. Яъне дар ин сурат муносибати байни фармоишгар ва машваратчиён на муносибатҳои меҳнатӣ балки гражданї-ҳуқуқианд, аз лаҳзаи ба анҷом расонидани фармоиш ва ё мўњлати муайян ба итмом мерасанд.
Аз ин лињоз, нисбати ин намуди кормандон расмиёти меҳнатї оид ба қабули онҳо ба кор дар шакли фармоиш ба расмият дароварда намешавад. Њамчунин нисбати ин васила кормандон чораҳои ҷавобгарии моддї, ки дар боби 10 Кодекси меҳнатии ЉТ муқаррар шудааст, татбиқ намегардад. Гузашта аз ин, дар дафтарчаи мењнатии чунин категорияи кормандон ќайди собиқаи корӣ гузошта намешавад.
Кодекси граждании ЉТ бошад, ўњдадории њатмии доштани ҷавобгарии моддиро барои шахсоне, ки тибқи ин намуди шартнома кор мекунанд, муқаррар менамояд.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07