«Љумњурии Тољикистон дар арсаи байналмилалї ба сифати ташаббускор
ва пешсафи фаъоли њалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи
босамари захирањои об эътироф гардидааст»
Эмомалї Рањмон
Дар шароите, ки афзоиши ањолї, биёбоншавї, хушксолї, таѓйирёбии иќлим ба чашм мерасад, таъмини дастрасии ањолї ба оби тозаи нўшокї зери суол меафтад. Воќеан суръати афзоиши ин омилњо ба дастрасї ба ин неъмати бебањо бетаъсир намемонад. Тибќи маълумотњои оморї дар љањон мамлакатњое (масалан: Яман, Сурия ва м.и.) мушоњида мегарданд, ки ањолии онњо аз дастрасї ба оби тозаи нўшокї танќисї мекашанд. Аз рўи маълумотњо дар љањон ќариб 750 миллион одам аз дастрасї ба оби тозаи нўшокї танќисї мекашанд. Зиёда аз 2,5 миллиард сокини сайёра аз шароити мусоиди бењдошт мањруманд. Тибќи арзёбии коршиносон, шумораи ањолии сайёра то соли 2050 зиёда аз 9 миллиард нафарро ташкил дода, ба афзоиши истеъмоли об боис мегардад. Бар асари таъсири таѓйирёбии иќлим дар давраи зикршуда аллакай зиёда аз 50 фоизи ањолии љањон бо мушкили норасоии об рў ба рў мегарданд. Илова бар ин, раванди биёбоншавї, афзудани офатњои табиии вобаста ба об ва ѓайрањо, ки ба захирањои обї ва сифати он таъсири манфї мерасонанд, аз љомеаи љањонї татбиќи чорањои фавриро талаб мекунанд.
Љумњурии Тољикистон яке аз давлатњои аз љињати захирањои обї бой шинохта шудааст. Аз љињати захирањои обї Љумњурии Тољикистон дар љањон љойи њаштумро ишѓол менамояд. Њукумати Љумњурии Тољикистон дар ин бахш як ќатор стратегияву барномањо ќабулнамуда, пайваста барои таъмини дастрасии ањолї бо оби тозаи нўшокї тадбирњо меандешад. Љумњурии Тољикистон дар сатњи байналмилалї яке аз давлатњои ташаббускор дар масъалаи обу бењдошти он пазируфта шудааст. Чандин ташаббусњои Љумњурии Тољикистон дар масъалаи об аз љониби љомеаи љањонї мавриди пуштибонї ќарор гирифтаанд. Ин њама аз он гувоњї медињад, ки Тољикистон дар њалли масъалаи мазкур бетараф нест. Ташаббусњои Љумњурии Тољикистон тањти роњбарии бевоситаи Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон дар сатњи љањонї иброз гардида, боиси хушњоливу сарбаландист, ки мавриди љонибдории љомеаи љањонї ќарор мегиранд. Аз соли 1999 инљониб пайваста ташаббусњои Љумњурии Тољикистон дар яке аз созмонњои бонуфузи сатњи љањонї Созмони Миллали Муттањид пешнињод мегарданд ва њамзамон мавриди дастгирии њозирин ќарор мегиранд. Дар масъалаи муњими сатњи љањонї, дастраси ба оби тозаи нўшокї Тољикистон пайваста ташаббус нишон додааст.
Бо ба даст овардани истиќлолияти давлатї дар тамоми љабњањои њаёти љамъиятї дигаргунињои назаррасе ба вуљуд омаданд ва дар вобастагї бо ин Тољикистони азизи мо рушду пешрафт намуд. Тољикистон ба бисёр масъалањои муњими сатњи љањонї таваљљуњ зоњир намуд, ки яке аз масъалањои муњим - ин масъалаи об аст, ки муњимтарин сарчашмаи њаёт мебошад. Истифодаи оќилонаи об имкон медињад, ки тамоми соњањои њаёти љамъиятї, аз љумла саноат, иљтимоиёт, соњањои дигари иќтисодиёти миллї ва некуањволии мардуми кишвар инкишоф ёбанд. Дар шароити кунунї дар љањон кишварњои олам дастаљамъона барои њалли масъалањои дорои хусусияти умумибашарї њамкорї менамоянд. Созмони бонуфузи сатњи љањонї, ки дар шароити кунунї њамкорињои кишварњои оламро ба роњ мемонад, ин СММ мебошад. Давлатњое, ки аъзогии худро ба ин созмони бонуфуз ба роњ мондаанд, пайваста дар роњи њалли масъалањои умумибашарї талош менамоянд. Љумњурии Тољикистон низ сањми босазое дар њалли масъалањои умдатарини сатњи љањонї гузошта истодааст. Яке аз сањми барљастаи Љумњурии Тољикистон ин нишон додани ташаббусњои пайваста дар љодаи дастрасї ба оби тозаи ошомиданї мебошад.
Љумњурии Тољикистон аз лањзањои аввали аъзои ин Созмон гардиданаш, яъне аз соли 1992 инљониб тањти сарварии Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон чандин маротиба бо пешнињодњои судманд тавонист дар њалли масъалањои умдаи умумибашарї сањми худро гузорад. Њамин ташаббусњои судманд буданд, ки Љумњурии Тољикистонро дар пеши назари оламиён чун яке аз кишварњои ташаббускор намудор карданд. Бо ин иќдомњо Љумњурии Тољикистон кишвари дорои таваљуњи хос дар љодаи љустуљў ва њалли масъалањои умдаи умумибашарї шинохта шуд.
Боиси хушњолї ва сарбаландии мардуми азизи Тољикистон аст, ки санаи 21-уми декабри соли 2016 зимни баргузории љаласаи Пленарии 71-уми Маљмаи Умумии Созмони Миллали Муттањид Ќатънома тањти унвони Дањсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», барои солњои 2018-2028, ки бо ташаббуси Љумњурии Тољикистон ва њаммуаллифии 177 кишвари аъзои СММ пешбарї шуда буд, бо райъи 193 давлати аъзои созмони мазкур, тасдиќ гардид. Ба муносибати эълон гардидани Дањсолаи навбати тањти унвони «Об барои рушди устувор» Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар Паёми навбатии худ ба Маљлиси Олї санаи 22-юми декабри соли 2016 зикр намуданд, ки ин ташаббуси чоруми Љумњурии Тољикистон аст, ки аз тарафи љомеаи љањонї ва махсусан Маљмаи Умумии Созмони Миллали Муттањид њаматарафа љонибдорї меёбад. Ин туњфаи бењтарин дар соли љамъбасти 25-солагии истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон барои мардуми тољик аст.
Маљмаи Умумии Созмони Миллали Муттањид бо ќарори нави худ иќдоми Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмонро оид ба эълони Дањсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», ки бори аввал дар Форуми њафтуми умумиљањонї оид ба масъалањои об дар Љумњурии Корея 12-уми апрели соли 2015 ироа шуда буд, дастгирї кард. Аз мазмуни Ќатъномаи мазкур бар меояд, ки Дањсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» рўзи 22-юми марти соли 2018 (Рўзи байналмилалии захирањои об) оѓоз ёфта, 22-юми марти 2028 ба анљом мерасад.
Зимни суханронї дар форуми мазкур Пешвои миллат зикр намуданд, ки «тањдиду хатарњои муосири глобалї, аз љумла буњронњои молиявию иќтисодї, афзоиши ањолї, таѓйири иќлим, зуд-зуд рух додани њодисањои офатдори гидрометеорологї, норасоии об ва дар натиља, боло рафтани сатњи камбизоатї, густариши беморињои сирояткунанда ва афзоиши фавти модару кўдак, аз мо саъю талоши бештар ва дар ин арса андешидани тадбирњои марбутаро таќозо доранд. Зеро тањдидњои зикршуда имкон надоданд, ки њадафу вазифањои Дањсолаи байналмиллалии амалиётї «Об барои њаёт» пурра татбиќ карда шаванд». Вобста ба ин асосњо Пешвои миллат эълон кардани Дањсолаи дуюми байналмилалї тањти шиори «Об барои рушди устувор»-ро зарур ва сариваќтї шумориданд.
Воќеан дањсолаи мазкур дар рушди устувор ва мудирияти њамгироёнаи захирањои об, татбиќ ва пешбарии лоињањо ва барномањо дар соњаи об, тањкими њамкорї ва њамшарикї љињати татбиќи њадафњои рушди устувори марбут ба захирањои об мусоидат менамояд. Инчунин дањсолаи мазкур масъалањои тањкими самаранокии истифодаи захирањои обро фаро мегирад.
Лоињаи Ќатънома онро ифода мекунад, ки ташаббусњои пешинаи Љумњурии Тољикистон ањамияти муњими сатњи љањонї доштаанд, зеро дар ин лоиња махсус ба онњо диќќат дода шудааст. Махсусан ташаббусхои Љумњурии Тољикистон оид ба «Соли байналмилалии оби тоза» эълон шудани соли 2003, Дањсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои њаёт» эълон шудани солњои 2005-2015, Соли байналмилалии њамкорї дар соњаи об эълон шудани соли 2013 таъкид гардидаанд. Ин њама аз он гувоњї медињанд, ки Љумњурии Тољикистон дар њалли мушкилотњои умумиинсонї сањми худро гузошта истодааст ва бетараф намебошад. Ташаббусњњои Љумњурии Тољикистон характери умумибашарї доранд, чунки на танњо барои худ, балки барои тамоми ањолии кураи замин муњим ва сариваќтї мебошанд. Њамин аст, ки чунин ташаббусњо бевосита аз љониби љомеаи љањонї пуштибонї меёбанд.
Ќабули Ќатъномаи нав зарурати хоси худро дорад. Воќеан ќабули чунин санади алоњида аз муњим будани масъалаи мазкур дарак медињад ва тамоми љомеаи љањониро дар њалли масъалаи мазкур вазифадор мекунад. Аз мазмуни Ќатънома бар меояд, ки ќабули он сариваќтї буда, сабабњои худро дорад. Чунончї:
1) манбаъњои об барои рушди устувор ва аз байн бурдани камбизоативу гуруснагї дорои ањамияти њалкунандаанд ва барои рушди захирањои инсонї ва таъмини саломатию бурдбории инсон комилан заруранд ва барои расидан ба њадафњои рушди устувор ва дигар њадафњои марбут ба соњањои иќтисодї, иљтимої ва экологии дар сатњи байналмилалї мувофиќашуда ањамияти аввалиндараља доранд. Дар вобастагї ба ин сабаби мазкур ќабули Ќатънома имкон медињад, ки истифодаи самараноки манбаъњои обї таъмин карда шуда, бавуљуд омадани њолатњои фољиабор пешгирї карда шаванд.
2) дар шароите, ки «афзоиши ањолию раванди шањрнишинї, биёбоншавї, хушксолї ва таѓйири иќлим, инчунин набудани имконот барои таъмини истифодаи маќсадноки об ва дар оянда ављ гирифтани мушкилоти марбут ба набудани дастрасї ба оби нўшокии бехатар, хизматрасонии асосї дар соњаи бењдошт ва малакањои ќавии тозагї, нобаробарї ба дастрасї, офатњои гидрологї ва норасоии об» мушоњида мегардад, пас бояд њамкорињои якдигарї ба роњ монда шуда, чорањои дахлдор андешида шавад. Усулњои муосири истифодаи манбаъњои об коркард карда шавад.
3) «хољагидории бесамар, тањияи бемаќсад, афзоиши номуайянињо ва хатарњое, ки бар асари таѓйирёбии иќлим ва дигар омилњо ба амал меоянд, бисёре аз низомњои экологиро (экосистемањоро) зери хатар ќарор медињанд». Аз њамин хотир ќабули чунин санади хос, ки давлатњоро муттањид намуда, дар њалли масъалаи мазкур онњоро вазифадор менамояд, муњим ва сариваќтї мебошад.
Албатта ќабули Ќатънома яке аз иќдомњои хоса аст ва оѓози давраи навро ба миён меорад. Бояд давлатњо ва њар як сокини ватандўсту ватанпараст дар њалли њадафњое, ки аз Ќатъномаи мазкур бар меоянд, сањмгузор бошанд. Аз ин рў, давлатњоро зарур аст, ки дар њамшарикї барои њалли масъалаи мазкур пайваста фаъолият намоянд. Дар вобастагї ба Ќатъномаи мазкур анљоми корњои зеринро сариваќтї мењисобем:
Воќеан иљрои сариваќтии њадафњои дар Ќатънома зикргардида, имкони ташаккули њар як давлатро аз љињати сиёсї, иќтисодї, иљтимої таъмин карда метавонад. Бо ташаббуси Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ќабул гардидани Ќатъномаи мазкур иќдоми бузурги башардўстонае ба шумор меравад, ки дар амал тадбиќ намудани он ба њаёти тамоми сокинони сайёра бењбудї меорад. Ќабули Ќатъномаи мазкур боз њам нуфузу эътибори Тољикистонро њамчун кишвари соњибистиќлол дар арсаи байналмилалї боло мебардорад.
Истифодаи самараноки захирањои обї ба инкишофи тамоми соњањои иќтисодї мусоидат менамояд. Бењуда дар ќатъномаи мазкур алоќамандии захирањои об, озуќаворї, энергетика ва муњити зист зикр нагардидааст, яъне истифодаи маќсадноки захирањои об имкон медињад, ки таъмини озуќаворї, амнияти энергетикї ва муњими зисти солим барои сокинон муњайё карда шавад.
Боиси тазаккур аст, ки дар тули даврони соњибистиќлолии Љумњурии Тољикистон чандин ташаббусњо бевосита аз тарафи Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон пешнињод гардиданд ва аз љониби љомеаи љањонї њамољониба дастгирї ёфтанд.
Аз љумла:
I. Пешнињоди Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба эълон намудани соли 2003 - Соли байналмилалии оби тоза. Дар асоси ин ташаббус бо ќатъномаи тањти раќами 55/196 аз 20-уми декабри соли 2000, соли 2003 – Соли байналмилалии оби тоза эълон гардид.
II. Пешнињоди Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба эълон намудани солњои 2005-2015 њамчун Дањсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои њаёт». Бо ќатъномаи тањти раќами 58/217 аз 23-юми декабри соли 2003, ки мувофиќи он давраи солњои 2005-2015 Дањсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои њаёт» эълон карда шуд.
III. Ташаббус оид ба эълон намудани соли 2013 - Соли байналмилалии њамкорї дар соњаи об. Дар асоси ќатъномаи тањти раќами 65/154 аз 20-уми декабри соли 2010, ки мувофиќи он соли 2013 – Соли байналмилалии њамкорї дар соњаи об эълон карда шуд. Дар ин асно 20-21-уми августи соли 2013 конференсияи байналмилалии сатњи баланди њамкорї дар соњаи об дар ш. Душанбе баргузор гардид.
Боз иќдоми навбатии Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон, ки аз љониби љомеаи љањонї дастгирї ёфт, ин эълон намудани Дањсолаи нави байналмилалии амал тањти унвони «Об барои рушди устувор», барои солњои 2018-2028 мебошад, ки боз њам наќшу нуфузи Тољикистон дар арсаи байналмиллалї чун давлати ташаббускор баланд мебардорад.
Ќатъномаи навбатии Созмони Миллали Муттањид якчанд њадафњои муњимро пеш мегузорад. Давлатњои аъзо бояд дар њамбастагї ва њамшарикї ин њадафњоро пешаи худ намуда, дар пайи иљрои онњо тамоми саъюу кўшиши худро равона намоянд. Ба њадафњои дањсолаи мазкур инњо дохил мегарданд:
а) такмили механизмњои ташаккул ва пањн намудани дониши экологї ва истифодаи самараноки об;
б) осонгардонии дастрасї ба дониш ва табодули иттилоот оид ба таљрибаи пешрафта;
в) гирифтани иттилооти нави алоќаманд ба њадафњои рушди устувори марбут ба захирањои об;
г) амалї намудани фаъолияти иттилоотию ташвиќотї;
д) таъсиси шабакањо ва мусоидат ба ташкили шарикї ва фаъолияти дигар иштирокдорони манфиатдор дар татбиќи њадафњо ва вазифањои марбут ба захирањои об;
е) тањкими фаъолияти иртиботи дар сатњњои гуногун ба манфиати татбиќи њадафњои бо захирањои об алоќаманд ва монанди инњо.
Њуснуддин САИДОВ –
ассистенти кафедраи
њуќуќи граждании
факултети њуќуќшиносии
ДМТ
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07