Дастовард ва рўйдоди таърихие, ки ЉТ-ро бори дигар дар арсаи байналмилалї муаррифї намуд, дар интињои соли 2016 номаи табрикотии Дабири кулли СММ ба муносибати ќабули ќатъномаи Дањсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солњои 2018-2028 мебошад. Ин хушхабар рўзи 22 декабри соли 2016 манзур ёфт, ки ташаббуси Тољикистонро зиёда аз 190 кишвари дунё дастгирию љонибдорї намуданд. Дар номаи табрикотии худ Раиси Маљмаи Умумии СММ Питер Томсон ба Президенти ЉТ муњтарам Эмомалї Рањмон изњор дошт, ки дањсолаи нав дар тањким ва мусоидат ба татбиќи њадафњои рушди устувори марбут ба захирањои об ќадами муњим мешавад. Дањсолаи мазкур инчунин барои вусъатбахшии дастовардњои Дањсолаи байналмилалии амал «Об барои њаёт» 2005-2015 мусоидат хоњад кард. Дањсолаи нав дар татбиќи иќдомњои дигари марбут ба захирањои об мусоидат карда, метавонад дар њалли мушкилоти имрўза ва оянда, ки зимни татбиќи Рўзномаи рушди устувор то соли 2030 ба миён меоянд, наќши назаррасро бозад. Аз ин љост, ки ташаббусњои байналмилалии ЉТ дар СММ дар соњаи об бори чорум иќдом гардида, бо доир намудан ва иштирок дар форуму конфронсњои сатњи баланд метавон Тољикистонро дар арсаи љањонї њамчун созмондињандаи «дипломатияи об» эътироф кард. Њукумати Тољикистон пайваста дар ин соњаи муњим ва стратегї корњои назаррас анљом додааст, ки Конфронси байналмилалї оид ба коњиши офатњои вобаста ба об дар соли 2008 дар шањри Душанбе мисоли он ба њисоб меравад. Ин њамоиши муњимми байналмилалї бомуваффаќият баргузор гардид ва обрўю эътибори давлату миллатро боло бурд. Зимни иљлосияи 63 Маљмаи Умумии СММ Пешвои миллат, Президенти ЉТ муњтарам Эмомалї Рањмон бо мурољиат ба њамаи давлатњои аъзои СММ, созмонњои байналмилалї доир ба таъсис додани гурўњи тахассусї ё комиссияи СММ оид ба њамоњангсозии фаъолияти вобаста ба њалли мушкилоти њавзаи бањри Арал баромад карда, лоињаи ќатъномаи Маљмааи Умумии СММ «Оид ба додани маќоми нозир ба Бунёди байналмилалии наљоти Арал дар Маљмааи Умумии СММ»-ро пешнињод намуд, ки дар ин иљлосия дастгирї ёфт ва ќабул гардид. Илова бар ин, бо ташаббуси Тољикистон, Соли байналмилалии оби тоза ва Дањсолаи байналмилалии амал «Об барои њаёт - 2005-2015», соли 2010 ќатъномаи нави Маљмааи Умумии СММ – «Соли байналмилалии њамкорињои об – 2013» ќабул гардид. Эълон намудани соли 2013 – Соли байналмилалии њамкорињо дар соњаи об 20 декабри 2010 эълон гашт. Тибќи ташаббуси мазкур 20-21 августи соли 2013 Конфронси байналмилалии сатњи баланди њамкорї дар соњаи об дар шањри Душанбе баргузор гардид, ки дар натиља як ќатор санадњои зарурї аз ќабили, Эъломияи Конфронси байналмилалии сатњи баланди њамкорї дар соњаи об Барномаи амали Конфронси Душанбе дар соњаи об ќабул гардиданд. Иљлосияи 69 Маљмаи Умумии СММ 22 марти 2015 дар шањри Ню-Йорк ва Конфронси байналмилалии сатњи баланд оид ба татбиќи Дањсолаи байналмилалии амал «Об барои њаёт» 2005-2015 санањои 9-11 июни 2015 дар шањри Душанбе наќши арзандае бозиданд. Пешвои миллат, Президенти ЉТ, муњтарам Эмомалї Рањмон дар Паёми навбатии худ ба Маљлиси Олии ЉТ 22 декабри соли 2016 иброз доштанд, ки «ЉТ дар арсаи байналмилалї ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли њалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захирањои об эътироф гардидааст. Имрўз кишвари мо барои дар њамкорї бо љомеаи љањонї амалї намудани пешнињоди Тољикистон дар бораи эълон намудани Дањсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор» љидду љањд менамояд. Дар ин љода мусоидат ба татбиќи фарогири Дањсолаи мазкур, ки бо пешнињоди Тољикистон ва бо иттифоќи оро чанд лањза пеш аз љониби Маљмааи Умумии СММ эълон гардид, яке аз вазифањои муњими давраи наздик ба шумор меравад». Бо ин маќсад барои татбиќи Дањсолаи нав ЉТ бояд фаъолияти тамоми сохторњои марбути минтаќавї ва байналмилалии соњаи обро фаъол гардонида, шарикї ва њамгироии онњоро љињати расидан ба њадафњои Дањсолаи дигар таќвият бахшад. Тавре таъкид гардид, барои расидан ба ин њадафњо дар Консепсияи сиёсати хориљии ЉТ, ки бо Фармони Президенти ЉТ аз 27 январи соли 2015 тасдиќ шудааст, оид ба «Дипломатияи њамкорї дар соњаи об» вобаста ба масъалаи «афзоиши ањолї, тавсеаи масоњати заминњои кишоварзї, истифодаи ѓайриоќилонаи захирањои обї, таѓйирёбии иќлим ва мушкилоти муњити зист, масъалаи норасоии оби тоза, бањрабардорї аз рўдњои хурду бузурги фаромарзї ва дигар масъалањои вобаста ба об ба омилњои таъсиргузор ба низоми муносибатњои байналмилалї табдил ёфтаанд, ки Осиёи Марказї аз минтаќањои њассос ба шумор меравад. Тољикистон чун кишвари дорои захирањои фаровони об, љонибдори истифодаи одилона ва оќилонаи ин захирањо тавассути њамкории байналмилалї ва минтаќавї мебошад ва татбиќи пайгиронаи дипломатияи њамкорї дар соњаи обро ягона василаи њалли мушкилот дар ин самт медонад. Ба хусус, дар сатњи минтаќавї идомаи њамкорињои созанда дар доираи Бунёди байналмилалии наљоти Арал муњим арзёбї мегардад», ки ЉТ бо принсипњои накуњамсоягї, эњтиром ва дарки воќеии манфиатњои мутаќобила, муколама ва њамкорї дар њалли мушкилоти мављуда дар ин самт, сиёсати худро њам ба манфиатњои миллї ва њам ба нафъи љомеаи љањонї амалї менамояд. Тавре маълум аст, бо ташаббусњои љањонии худ Асосгузори сулњу Вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти ЉТ Эмомалї Рањмон, иштироки кишвари моро дар њамоишњои марбут ба об дар љањон таъмин намуд. Ќобили тазаккур аст, ки дар таќвият ба гуфтањои боло вазири корњои хориљии ЉТ Сирољиддин Аслов дар мусоњиба бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки: «Дар пайи ташаббусњои Пешвои миллат Эмомалї Рањмон дар соњаи об батадриљ мафњуми дипломатияи об ба сатњи амалї баромад. Ин нуќта ба љањониён собит шуд, ки ѓояи дипломатияи об аз фањмиши анъанавї ё классикии он фарќ дошта, роњандозии технологияњои нави гуфтушунидеро таќозо мекунад, ки ба анљоми муваффаќонаи ихтилофу муноќишањо оид ба идора ва истифодаи захирањои оби дарёњои фаромиллї мусоидат намоянд. Ташаббусњои љањонии Тољикистон дар соњаи об то имрўз њамеша мавриди дастгирии љомеаи байналмилалї ќарор гирифтаанд, ки ин амр дар болоравї ва вусъати обрўву эътибори Тољикистон дар сатњи љањонї наќши муњим бозидааст». Ин аст, ки имрўз љумњурии моро барои баррасиву масъалагузории вобаста ба об ва роњандозии њамкорињо дар ин соња яке аз ташаббускорони дипломатияи њамкорї дар соњаи об мешиносанд.
Наљибулло Оќилзода - сармутахассиси котиботи роњбарияти
Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии ЉТ
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07