Санаи 2 марти соли 2022 дар факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон бо ташаббуси кафедраи њуќуќи байналмилалї семинари илмию назариявї дар мавзўи «30-солагии узвияти Љумњурии Тољикистон дар Созмони Миллали Муттањид: дар њошияи њамкорињои ЉТ бо созмонњои байналмилалї» баргузор гардид.
Дар кори он роњбарияти факултет, устодону кормандон, олимони соња, аспирантону унвонљўён ва докторантону магистрантон иштирок доштанд.
Декани факултети њуќуќшиносии ДМТ, доктори илмњои њуќуќшиносї, профессор Рањмон Д.С. зимни ироаи аввалсухани худ нахуст њузури мубораки ањли нишастро хайру маќдам гуфта, сипас ба ањамият ва зарурияти мавзўи матрањшаванда изњори андеша намуданд. Ќайд гардид, ки ЉТ 2 марти соли 1992 ба узвияти СММ пазируфта шуда, тули 30 сол мешавад, ки аъзои комилњуќуќи ин ташкилоти бонуфуз аст. Њамчунин маврид ба зикр аст, ки дар шароити имрўза ва њоводиси охири дар сатњи байналмилалї ба миёномада, љомеаи љањониро водор месозад, ки сарми масъалаи фаъолияти баъзе аз созмонњои байналмилалї андеша намояд. Зеро бо пешрафту инкишофи љомеаи башарї ва рушди босуръати давлатњои љањон, давра ба давра такмил додани сохтори созмонњои байналмилалї ба манфиати кор хоњад буд.
Сипас аз рўи барномаи кории семинар баромадкунандањо оид ба пањлуњои гуногуни мавзуъњои худ маърўзањо ќироат карданд.
Маърўзачиён зимни баромадњои худ ба ањамият ва мубрамияти мавзўи баррасишаванда андешањои судманд баён намуда, дурнамои узвияти ЉТ-ро дар СММ барои чанд соли дар пеш истода муайян намуданд.