Дар асоси ќарори Шўрои олимони факултети њуќуќшиносї ва Шўрои олимони Донишгоњи миллии Тољикистон моњи марти соли 2013 рўзномаи «Минбари њуќуќшинос» ифтитоњ ёфт.
Сармуњаррири рўзнома Эмомалї Миралї мебошад.
Дар рўзнома маќолањо бо забонњои тољикї, русї ва англисї ба чоп расонида мешаванд.
МАЪЛУМОТ ОИД БА РЎЗНОМАИ «МИНБАРИ ЊУЌУЌШИНОС»
Рўзномаи «Минбари њуќуќшинос» яке аз рўзномањои соњавї ба њисоб рафта, он дар асоси ќарори Шўрои олимони факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон ифтитоњ ёфтааст. Рўзнома бори аввал санаи 28-уми феврали соли 2013 тањти №0336/рз дар вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шуда, 18-уми марти соли 2016 тањти №0336/РЗ дар вазорати мазкур аз нав сабти ном гардидааст. Дар таъсиси рўзномаи мазкур сањми собиќ декани факултети њуќуќшиносии ДМТ, доктори илмњои њуќуќшиносї, профессор Насриддинзода Эмомалї Сайфиддин ва ректори ДМТ, академики АИ ЉТ Имомзода Муњаммадюсуф Сайдалї хеле бузург аст.
Нахустин сармуњаррири рўзнома журналист Саъдї Мањдї буд. Номбурда аз рўзи аввали таъсиси он, яъне аз шумораи 1-ум, ки санаи 19-уми марти соли 2013 ба нашр расидааст, то шумораи 7-ум, ки 25-уми декабри соли 2013 ба табъ расид ба њайси сармуњаррир фаъолият намуда, барои босифат нашр шудани рўзнома ва таъсиси пойгоњи маљмўи маќолањо наќши боризеро иљро кардааст.
Сар карда аз шумораи 8-ум (19.03.2014) то имрўз сармуњаррири рўзнома Љањонгир Саъдизода мебошад. То кунун (10.11.2016) њудуди зиёда аз 60 шумораи он ба табъ расидааст.
Рўзномаи «Минбари њуќуќшинос» аз њайати тањририя ва мушовара иборат аст. Ба њайати тањририяи он шахсони зерин дохил мешаванд: Рањмон Д.С. номзади илмњои њуќуќшиносї, дотсент декани факултети њуќуќшиносии ДМТ, Мањмудов И.Т. мудири кафедраи њуќуќи судї ва назорати прокурории факултети њуќуќшиносї, Ќурбонализода Н.Ш. муовини декани факултети њуќуќшиносии ДМТ оид ба илм ва робитањои байналмилалї, Камолзода И.И. дотсенти кафедраи назария ва таърихи давлат ва њуќуќи факултети њуќуќшиносии ДМТ, Сулаймонов Ф.С. дотсенти кафедраи њуќуќи байналмилалии факултети њуќуќшиносии ДМТ.
Ватанзода М.М. ёрдамчии Президенти ЉТ оид ба масъалањои њуќуќї, Саид Нуриддин Саид вазири маориф ва илми ЉТ, Имомзода М.С. ректори ДМТ, Тоњиров Ф.Т. академики АИ ЉТ, Мањмудзода М.А. раиси Суди конститутсионии ЉТ, Рањимзода М.З. директори Маркази миллии ќонунгузории назди Президенти ЉТ, Диноршоев М. академики АИ ЉТ, Насриддинзода Э.С. профессори кафедраи назария ва таърихи давлат ва њуќуќи факултети њуќуќшиносии ДМТ, Сафарзода Б.А. дотсенти кафедраи њуќуќи инсон ва њуќуќшиносии муќоисавии факултети њуќуќшиносии ДМТ ба њайати мушовараи рўзнома дохил мешаванд.
Дар рўзнома маќолањо бо забонњои тољикї, русї ва англисї ба чоп расонида мешаванд.
Шумораи нахустини рўзнома санаи 19-уми марти соли 2013 ба табъ расидааст. Дар Шумораи нахустини рўзномаи «Минбари њуќуќшинос», ки дар арафаи љашни байналмилалии «Наврўз» ба нашр расид, навгонињои њаёти сиёсї ва њуќуќии кишвар, мавзўъњои мубрами илми њуќуќшиносї, аз љумла наќши эксперт дар кашфи њаќиќат дар мурофиаи судї, ќадамњои навбатї бањри омўзиши њуќуќи инсон, манфиатњои Љумњурии Тољикистон бо узвият ба Созмони Умумиљањонии Савдо, мушкили муњољирон – надонистани ќонун ва забон, озодии виљдон ва эътиќод ва маќолањои љашнї бахшида ба иди Наврўзи Аљам ба нашр расиданд.
Дар шумораи 1 (1)-и рўзномаи «Минбари њуќуќшинос» иќтибос аз суханронии Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон оид ба наќши воситањои ахбори омма дар њифзи манфиатњои миллї, сухани табрикотии вазири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон Саид Н.С., раиси кумита оид ба ќонунгузорї ва њуќуќи инсони Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон Ватанзода М.М., ректори ДМТ, академик Имомзода М.С. ва декани факултети њуќуќшиносї, профессор Насриддинзода Э.С. оид ба таъсиси рўзномаи нав дар њайати факултети њуќуќшиносии ДМТ ба табъ расонида шудааст.
Њамзамон дар шумораи 1 (1)-и рўзнома маќолањои устодони факултети њуќуќшиносї Искандаров З., Сафаров Б., Саъдизода Љ., Сангинов Д., Ќодирќулов Х. ва маводи донишљўён Сафаралиев Д., Каримова П., Саидов Т., Содиќова Ш. ва Давлатов Н. пешкаши хонандагон гардонида шудааст.
Њадаф ва вазифањои асосии рўзномаи «Минбари њуќуќшинос» интишори маълумоти илмї-назариявї, тањлилњои њуќуќї, таблиѓи дастовардњои илмї-њуќуќии омўзгорон, олимону аспирантон, докторантон, кормандони факултету донишгоњ ба њисоб рафта, дар он њамзамон маќолањои кормандони маќомоти давлатї ва маќомоти њифзи њуќуќ ба нашр расонида мешавад. Њамзамон дар рўзнома раванди таълим ва тарбия дар факултету донишгоњ инъикос гардида, оид ба пањлуњои гуногуни густариши соњањои њуќуќ мавод ба табъ расонида мешавад.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07