Перейти к содержимому
- Главная
- Без рубрики
- Мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ»
Нимаи аввали рӯзи 25.06.2016 дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ» бахшида ба 19-умин солгарди таҷлили иди Ваҳдати миллӣ бо иштироки доираи васеъи омӯзгорону аспирантон, олимон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони васоити ахбори омма ва матбуоти даврӣ мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ декани факултети ҳуқуқшиносӣ номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Раҳмон Д.С. ҳусни оғоз бахшида, ба ҳозирин дар хусуси зарурат ва аҳамияти баргузории мизи мудаввар гузориш доданд. Аз ҷумла иброз намуданд, ки ҳоло Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба рамзи ягонагии миллати тоҷик, баҳамоии қишрҳои гуногуни ҷомеа, марҳилаи нави эъмори давлати миллии тоҷикон бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сулҳу суббот, оромию осудагӣ ва ба саҳифаи нав дар таърих табдил ёфтааст. Баъд аз имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон асосҳои сохтори конститутсионӣ, вазъи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон, асосҳои конститутсионии ташкил ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ такмил ёфта, соҳибихтиёрии давлат таҳким бахшида шуд.
Пеш аз шуруи маърӯзаҳо декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ дотсент Раҳмон Д.С. иттилоъ доданд, ки се нафар донишҷӯёни факултет – Зоирова Парвина, Камолова Таманно ва Нурова Нигора дар озмуни байналмилалӣ оид ба навиштани мақолаи беҳтарин дар мавзӯи фарҳанги ҳуқуқӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Ба донишҷӯёни мазкур диплом ва сертификат тақдим карда шуд.
Ҳамзамон аз ҷониби сармуҳаррири рӯзномаи «Минбари ҳуқуқшинос» Ҷаҳонгир Саъдизода ба се нафар устодон – ректори ДМТ академик Имомзода М.С., декани факултет дотсент Раҳмон Д.С. ва собиқ декани факултет профессор Насриддинзода Э.С. ҷиҳати самҳ гузоштанашон дар инкишофи озодии сухан ва рушду нумуи рӯзномаи «Минбари ҳуқуқшинос» сипосномаҳо эҳдо гардид. Қайд гардид, ки редаксияи «Минбари ҳуқуқшинос» аз ин ба баъд пайваста дар арафаи ҷашнҳо ва чорабиниҳои муҳими давлатӣ ба муаллифони беҳтарин ва шахсони дигаре, ки вобаста ба паҳлуҳои мубрами ҳаёти ҳуқуқӣ мақолаҳо иншо менамоянд, сипоснома ва қадрдониҳои дигар тақдим хоҳад кард.
Сипас, аз рӯйи рӯзномаи барномаи мизи мудаввар маърӯзаҳои устодони факултет Саидов Ҳ.М. – ассистенти кафедраи ҳуқуқи гражданӣ дар мавзӯи «Истифодаи самараноки об ҳамчун гарави таъмини ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қодиров Н. – ассистенти кафедраи ҳуқуқи байналхалқӣ дар мавзӯи «Нақши ваҳдати миллӣ дар таҳкими нуфузи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида шуд. Баромадкунандагон мазмуну моҳияти маърӯзаҳои хешро шарҳ дода таҳқиқу омӯзиши минбаъдаи онро асоснок намуданд. Оид ба маърузаҳои қироатшуда саволу ҷавоб ва музокираҳо сурат гирифтанд. Аз ҷумла, дар робита ба масъалаҳои баррасишуда дар музокира устодони факултет Сангинов Д.Ш., Маҳмудов И.Т. ва ғайра баромад намуда, таклифу пешниҳодҳои судманд пешниҳод намуданд. Мавриди зикри хос аст, ки аксарияти иштирокчиёни мизи мудаввар фурсати муносибро истифода намуда, андешаю назари хешро оид ба паҳлуҳои мухталифи масъалаҳои баррасишуда баён намуданд. Дар маҷмӯъ таъкид карда шуд, ки таҳкими истиқлолияти давлатӣ аз Ваҳдати миллӣ, якдиливу якпорчагии Тоҷикистон маншаъ гирифта, нақши ин рӯйдоди таърихӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятии мо муҳим ва бузург мебошад. Аз ин рӯ, тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон бояд ин неъмати муқаддасро ҳамчун гавҳараки чашм эъмин нигоҳ доранд.