Изҳороти Созмони ҷавонони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон!

/25.09.2016с./

Ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷавонони кишвар ва дигар қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистон имрӯз ба нақшаи тарҳрезинамудаи САҲА ҳангоми ҷаласаи солонааш оид ба ченакҳои инсонӣ дар Варшава бо нафрат нигариста, онро маҳкум менамоянд. Далели ин дар ВАО ва сомонаҳои интернетӣ нашр шудани изҳороти ҷавонон аз чандин шаҳру навоҳӣ ва донишгоҳу донишкадаҳои кишвар мебошад, ки ҳамагӣ иқдомҳои давлату ҳукумати кишварро оид ба созмони террористиву экстремистӣ эълон намудани ҲНИТ ва дигар гурӯҳҳое, ки ҳатто 1 тарафдор дар Тоҷикистон надоранд, саривақтӣ донистаанд. Зеро амният, тамомияти ҳудудӣ, сохтори конститутсионӣ, истиқлолият, ваҳдат ва ягонагии халқ муқаддастарин арзиш барои мо маҳсуб меёбад.

      Мо ҷавонони ҳуқуқшинос ба мардуми шарифи Тоҷикистон муроҷиат карда мегӯем, ки ба ин иғвоҳо, ки сирф ангезаҳои сиёсӣ доранд, дода нашуда, атрофи давлати мустақил ва соҳибихтиёри худ, ки имрӯз «рашки» давлатҳои Аврупо гаштааст, муттаҳид шаванд. Воқеан, Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти муҳтарамаш Эмомалӣ Раҳмон ҳар рӯзу ҳар соат пеш рафта истодааст. Ҳасудони ин давлат ва душманони ин миллат аз ибтидо барои монеъ шудан ба ин ҳама пешравиҳо тамоми роҳу воситаҳоро истифода мебурданд ва ҳоло ҳам бурда истодаанд. Чун тамоми ҳиллаву найрангро истифода бурда, диданд, ки тирашон хок хӯрд, роҳи нави сад гузоштан ба рушди кишвари моро пеш гирифтанд. Ин ҳам бошад, истифода аз чанд хоини ин миллат, ки барои амалҳои нопок ва нияту мақсадҳои ғаразнок дар Тоҷикистон террорист эълон шудаанду мақсади ба хоку хун оғушта сохтани Ватани моро доштанд. Ин хоинони фурухташуда имрӯз бозичаи дасти хоҷагони хориҷии худ гашта, манқуртеро мемонанд, ки ҳар чизе фармоишашон диҳанд, онро иҷро мекунанд.

      Тӯли чанд моҳи ахир мо шоҳиди якчанд иғвоҳо гаштем. Аз чи сабаб бошад, ки аксарияти онҳо аз ҷониби намояндагони давлатҳои Аврупо, махсусан Лаҳистон садо медиҳад. Чунончи, чанд моҳ пеш якчанд намояндагони Парлумони Аврупо, ки аз Лаҳистон буданд, бар зидди Ватани мо шӯр ангехтанд, ки тирашон хок хурд. Инак боз шӯри навбатӣ, ки аз ҷониби САҲА ва он ҳам аз Лаҳистон сар зад. Ин дафъа низ тиратон хок мехӯрад, зеро чи тавре гуфтаанд, ки ҳасуд ҳеҷ гоҳ наосуд!

      Мо дигар ҷавонони асри гузашта нестем, ки ба ин фитна ва иғвои Шумо фирефта шавем. Мо ҷавононе ҳастем, ки ба қадри Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ, сулҳ, тинҷиву оромӣ, ки онро бо хуни садҳо ҳазор ҳаммилатони худ ба даст овардаем, мерасем. Барои мо аз аъзогӣ дар САҲА дида, тинҷиву оромӣ муҳимтар аст.

      Нақшаи тарҳрезинамудаи САҲА-ро чунин баҳогузорӣ менамоем: Ба ҷаласаи САҲА оид ба ченакҳои инсонӣ, ки дар Варшава баргузор гардид, роҳ додани мухолифони Ватани мо ва он ҳам шахсоне, ки бо гуноҳи терроризм ва экстремизм дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доранд, зидди мақсаду маромҳои ин созмон буда, пуштибонӣ аз террористон ва дастгиру ҳамфикри ташкилотҳои террористӣ будан маҳсуб меёбад.

      Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми шарифи ин кишвар ҳамеша ба ҳуқуқи инсон арҷ гузошта, ниёгони мо ҳануз соли 539-и то мелод нахустин Эъломияи ҳуқуқи башарро бо номи Эъломияи Куруши Кабир ба ҷаҳониён туҳфа намуда буд, ки минбаъд заминаи низоми ҳуқуқии Аврупо гардид. Чунончи дар заминаи Эъломияи Куруши Кабир соли 1215 дар Англия Хартияи Бузурги Озодӣ қабул карда шуд, ки имрӯз онро аввалин санад оид ба ҳуқуқи инсон дар Аврупо арзёбӣ мекунанд. Яъне агар ба ҳуқуқи инсон аврупоиён аз оғози асри 13 ошноӣ пайдо карда бошанд, пас, мо тоҷикон онро аз қадим арҷ гузошта, эҳтиром ба ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои инсон дар ниҳоди мо, дар хуни мо нуҳуфтааст.

      Ин анъанаи ниёгонро идома дода, дар моддаи 5-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои онро арзиши олӣ эълон кардаем. На САҲА ва на дигар созмони ҳимояи ҳуқуқи инсон ҳуқуқи маънавӣ надорад, ки ба асосгузорони ҳуқуқи башар дар ҷаҳон – тоҷикон ҳуқуқи инсонро омӯзонад. Мақомати ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ҳамеша барзидди ҷинояткорон ва террористон мубориза бурда, намегузоранд, ки ин қабил афрод ба ниятҳои нопоки худ расанд.

       Ҳодисаҳои Ироқу Сурия, Либия ва дигар давлатҳои араб моро водор месозад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

       Аз ин рӯ, ҳамчун ҷавонони ҳуқуқшинос ба  САҲА оид ба бартараф намудани чунин камбудӣ ва дубора баргардонидани обрӯ ва мавқеаш дар минтақа якчанд тавсия медиҳем:

       1. САҲА бояд бо намояндагони ҲНИТ ва дигар ташкилотҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташон дар асоси санадҳои байналмилалӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, ҳамкориро катъ намояд.

        2. Ба мардум ва шаҳрвандони ин кишвар, қонунҳои қабулкардаи мақомоти қонунгузории мо ва иродаи халқи Тоҷикистон арҷ гузорад.

        3. Вазъи ҳуқуқи инсон, риоя ё поймол шудани онро на аз террористон ё хоинони берунӣ, балки аз халқи Тоҷикистон ва шаҳрвандони ин мамлакат пурсон шавад.

        4. Дастандаркорони нақшаи ғаразнок тарҳрезишудаи ҷаласаи Варшаваро оид ба ченакҳои инсонӣ барои вайрон намудани мақсаду маром ин созмон аз кор ронад.

        5. Барои беэҳтиромӣ нисбат ба ҳайати намояндагони Тоҷикистон ва арҷ нагузоштан ба соҳибихтиёрӣ ва Истиқлолияти кишвари мо аз мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон узрхоҳӣ намояд.