Кафедра международного права

(заведующий кафедрой международного права к.ю.н., доцент Н.А. Кодиров)

Кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ 14 марти соли 1994 таъсис ёфтааст. Кафедра нахустин марказҳое таълимии тадқиқоти ҳуқуқи байналмилалии оммавӣ ва хусусӣ дар кишвар ба ҳисоб мешавад. Аз моҳи декабри соли 1994 то 6 марти соли 2012  роҳбарии кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ ба зиммаи доктори илми ҳуқуқшиносӣ, профессор, Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, шодравон Менглиев Шоҳмурод ба уҳда дошт. Дар аввал дар кафедра 4 омӯзгор: як доктори илми ҳуқуқ, профессор [Ш.М. Менглиев] 3 ассистент Н. Қараев, М.Н.Раҷабзода, Н.Ф.Тоҳиров, ва 1 лаборант М. Ҷамолиддинова фаъолият менамуданд.  Сипас, дастпарварони факултет У.Х. Бобозода, Х.Р. Қодирқулов, Н.А. Салибоева, Ф.С. Сулаймонов, З.И. Салихов, А.М. Мирзоев, Ф.Ф. Идизода, Ҳ.Х. Саидзода, Ҷ.С. Қурбонов, Н.А. Қодиров, И.И. Саломов, М.Т. Хуҷамардова. Н.Ҳ. Одиназода, У.С. Одинаев, И.Б. Исматзода, Э.А. Шоҳиён, С.Р. Сайфуллоев ва лабаранти калони кафедра З.Ҷ. Одинаева ба ҳайси устодону кормандони кафедра шомил гаштаанд. Аз 6 марти соли 2012 то 31 октябри соли 2020 иҷрои вазифаи мудири кафедраи ҳуқуқи байналмилалиро – н.и.ҳ., дотсент Раҷабзода М.Н. ба зимма дошт. Аз 31 октябри соли 2020 то 10 ноябри соли 2022 вазифаи мудири кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ ба уҳдаи н.и.ҳ., дотсент Саидзода Ҳ.Х., буд. Масъулияти вазифаи мудири кафедраи ҳуқуқи байналмилалии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2023 то имрӯз ба зиммаи н.и.ҳ., дотсент Қодиров Н.А. гузошта шудааст.

Ҳайати амалкунандаи кафедра. Айни замон дар кафедра 18 нафар корманди шататӣ аз ҷумла 1 доктори илм 8 номзади илм, 8 ассистент, 1 лабаранти калони кафедра фаъолият мекунанд: Н.А. Қодиров, Х.Р. Қодирқулов, Ф.С. Сулаймонов, Мирзоев, Н.М. Имомова, М.Н. Раҷабзода, Ф.Ф. Идизода, Ҳ.Х. Саидзода, Ҷ.С. Қурбонов, И.И. Саломов, М.Т. Хуҷамардова. Н.Ҳ. Одиназода, У.С. Одинаев, И.Б. Исматзода, Ф. Одиназода,  Э.А. Шоҳиён, С.Р. Сайфуллоев.

Ихтисоси назди кафедра. Дар заминаи кафедра ихтисоси 1-24010100-«Ҳуқуқи байналмилалӣ» таъсис дода шуд, ки мутахассисисонро аз рӯи ихтисоси «Ҳуқуқшиноси байналмилалӣ» ба кори касбӣ дар мақомоти давлатӣ, бонкҳо, биржаҳо, созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои сармоягузорӣ, Вазорати корҳои хориҷии  ҶТ, Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ва ғайра дар вазифаҳои, ки доштани маълумоти олии ҳуқуқшиноси байналмилалӣ зарур мебошад сафарбар менамояд. Дар пояи кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ соли 2010 дар факултети ҳуқуқшиносӣ бори аввал магистратура таъсис дода шуд,.

Фанҳои таълимии кафедра. Дар айни ҳол дар кафедра аз 19 фанни таълимӣ ба донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии ДМТ ва донишҷӯёни факултети муносибатҳои байналмилалии донишгоҳ дарс дода мешавад, аз ҷумла аз фанҳои « Ҳуқуқи байналмилалии оммавӣ», «Ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ», «Ҳуқуқи гумрукӣ», «Ҳуқуқи Аврупо», «Асосҳои ҳуқуқии танзими муҳоҷират», «Ҳуқуқи байналмилалии муҳоҷират»,«Ҳуқуқи дипломатӣ», «Ҳуқуқи робитаи беруна», курсҳои махсус – «Ҳуқуқи байналмилалии иқисодӣ» «Ҳуқуқи шартномаи байналмилалӣ», «Ҳуқуқи созмонҳои байналмилалӣ», «Нақши Пешвои миллат дар инкишофи ҳуқуқи байналмилалии оммамвӣ ва хусусӣ», ва фанни интихобии донишҷӯ- «Ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ», «Ҳуқуқи гражданӣ ва савдоии мамлакатҳои хориҷӣ», «Ҳуқуқи байналмилалии обӣ» «Ҳуқуқи байналмилалии гумрукӣ», «Ҳуқуқи байналмилалии ҳавоӣ», «Ҳуқуқи байналмилалии асъор», «Ҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии савдо».Фанҳои таълимӣ бо китоби дарсӣ, васоити таълимию методӣ, дастури таълимӣ, барномаи таълимӣ (силлабус) таъмин мебошанд.

Корҳои илмӣ тадқиқотии кафедра. Дар давоми 30 соли фаъолият дар кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ  зиёда аз 1000 асарҳои илмӣ, илмию методӣ ва илмию оммавӣ аз чоп бароварда шуд, ки онҳо ба таълиму тарбия, ҳалли нуқсонҳои қонунгузорӣ ва мушкилоти илми ҳуқуқшиносӣ равона гардидаанд. Аз ҷумлаи онҳо 12 китоби дарсӣ, 25 монография, 4 фарҳанг, 30 воситаи таълимӣ, 10 тафсир, 1 дастури методӣ, 56 барномаи таълимӣ ва 850  мақолаи илмиву оммавӣ ва фишурда мебошад.

Аз соли 1994 то соли 2024 дар заминаи кафедра 15 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя намуданд. Раҷабзода М.Н., Қодирқулов Х.Р., Сулаймонов Ф.С., Бобозода У.Х., Идизода Ф.Ф., Тоҳиров Н.Ф., Солибаева Н.А., Солиев И.М., Мирзоев А.М., Саидзода Ҳ.Х., Абдухолиқзода А.М., Сиддиқов Д., Саломов И.И., Қодиров Н.А., Абдуллозода А.Р.   

Ҳамкории кафедра. Таълифоти устодони кафедра дар Россия, Узбекистон, Қазоқистон, Полша, Қирғизистон , Украина, Гурҷистон ва дигар кишварҳои хориҷӣ ба табъ расидаанд. Кафедра бо як гурӯҳ олимони мактабҳои олии мамолики ИДМ, аз ҷумла бо Донишгоҳи дӯстии халқҳои Россия, Академиям ҳуқуқии Одесса, Донишгоҳи давлатии Владимир ба номи Столетовҳо Александр Григорович ва Николаи Григорович, Донишгоҳи миллии Киев ба номи Т.Шевченко, Донишкадаи ҳуқуқи хусусии Донишгоҳи Каспии Ҷумҳурии Қазоқистон, Маркази такмили ихтиссоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Узбекистон, Академияи умумироссиягии тиҷорати хориҷӣ, Донишгоҳи давлатии лингвистикаи ш. Москва, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии ш.Ташкент ва ғайра робитаҳои устувору судманди илмӣ барқарор намудааст. Дар заминаи кафедра дар даврони истиқлолият 10 конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ ва беш аз 60 мизи муддавару семинарҳои илми-назариявӣ барпо карда шудааст, ки ба масъалаҳои рӯзмараи ҳуқуқи байналмилалии оммавӣ ва хусусӣ бахшида шудаанд.

Дастпарварони кафедра. Устодон ва дастпарварони кафедра низ айни замон дар вазифаҳои пурмасъул кору фаъолият низ менамоянд:

Раҷабзода Маҳмадёр – РекториДонишкадаи омӯзгорӣ дар ноҳияи Рашт, номзади  илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент

Бобозода Умедҷон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,номзади  илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент.

Идизода Файзалӣ – Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,номзади  илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент.

Саидзода Ҳикматулло – Сардори раёсати мактабҳои олии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент.

Салибоева Нигина Алиҷоновна  ̶ Муовини вазири адлия Ҷумҳурии Тоҷикистон,номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент.

Абдуллозода Аҳтам Рустам- Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади  илмҳои ҳуқуқшиносӣ.