Мудири кафедра — н.и.ҳ., дотсент, Қодиров Некруз | ||
Суроға: | 735000, ш. Душанбе, куч. Буни Ҳисорак, бинои 11, ошёнаи 4, утоқҳои 418, 419. | |
Телефон: | 224-64-94 | |
E-mail: | saidov_87_87@mail.ru |
Таърихи кафедра
Соли 1994 дар факултет кафедраи ҳуқуқи байналхалқӣ ташкил шуд, ки роҳбарии онро аз лаҳзаи таъсис то 6 марти соли 2012 Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Ш.М. Менглиев ба зимма дошт. Аз 6 марти соли 2012 то айни ҳол роҳбарии кафедраро дотсент Раҷабов М.Н. ба зимма дорад. Кафедра ба донишҷӯён аз фаннҳои зерин таълим медиҳад: ҳуқуқи байналхалқӣ, ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ, муносибатҳои байналхалқӣ ва сиёсати берунаи ҶТ, ҳуқуқи гумрукӣ, ҳуқуқи дипломатӣ, ҳуқуқи гражданӣ ва савдои мамлакатҳои хориҷӣ, ҳуқуқи аврупоӣ, ҳуқуқи байналхалқии инсондустӣ, танзими ҳуқуқии фаъолияти иқтисоди беруна ва ҳуқуқи байналхалқии гумрук. Дар кафедра курсҳои махсус аз фаннҳои зерин дарс дода мешавад: ҳуқуқи байналхалқии иқтисодӣ, ҳуқуқи ташкилотҳои байналхалқӣ; ҳуқуқи байналхалқии асъор, ҳуқуқи шартномаи байналхалқӣ, асосҳои ҳуқуқии муҳоҷирати меҳнатӣ, баррасии баҳсҳои иқтисоди беруна дар судҳои ҳакамӣ ва фанни интихобӣ ҳуқуқи байналхалқии обӣ.
Айни ҳол дар кафедра 1 доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, 6 номзади илмҳои ҳуқуқ, 4 дотсент, ва 5 ассистент фаъолият мебаранд. Аз лаҳзаи таъсис то имрӯз устодони кафедра беш аз 400 кори илмӣ интишор намудаанд, ки аз он 12 монография, 5 китоби дарсӣ ва 20 воситаи таълимӣ мебошад.
Кафедра бо ташкилотҳои байналхалқии байниҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ дар бахши тарғибу ташвиқи донишҳои ҳуқуқи байналхалқӣ ҳамкории зич дорад.
Устодони кафедра такмили ихтисосро дар мамлакатҳои хориҷи дуру наздик гузаштаанд. Чунончи, дотсент Раҷабов М.Н. такмили ихтисосро дар Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Маҷористон, Япония, Полша, дотсент Бобоев У.Х. – дар Федератсияи Россия,Япония, Ҷумҳурии Қирғизистон, Украина, Полша, ИМА,Туркия Афғонистон, дотсент Қодирқулов Х.Р. – дар Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Украина, Полша, дотсент Сулаймонов Ф. – дар Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Италия, ИМА, ассистент Салихов З.- дар Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Белорус, Олмон, ассистент Идиев Ф.Ф.- дар Федератсияи Россия. Ҳамаи устодон бо баромадҳо дар конференсияҳои ташкилнамудаи давлатҳои номбаршуда ширкат варзидаанд.
Ҳамчунин саҳми устодони кафедра дар таҳия ва тафсири қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, навиштани тақриз ба рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ, китобҳои дарсиву воситаҳои таълимӣ назаррас аст. Чунончӣ устодони кафедра ба 20 рисолаи докторӣ ва беш аз 50 рисолаи номзадӣ тақриз навиштаанд. Аз ҷумла профессор Менглиев Ш.М. ба 14 рисолаи докторӣ ва 22 рисолаи номзадӣ, дотсентон Бобоев У.Х., Сулаймонов Ф.С. ба 5 рисолаи номзадӣ, дотсентон Раҷабов М.Н., Қодирқулов Х.Р.,Абдухолиқов А. ба 1 рисолаи номзадӣ муқарриз (оппонент) дар дохил ва хориҷи кишвар баромад кардаанд.
Ба қалами устодони кафедра асарҳои зерин – Ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ(Менглиев Ш.М.), Таллофӣ намудани зарари маънавӣ (Менглиев Ш.М.), Баррасии баҳсҳои иқтисоди беруна (Менглиев Ш.М.), Ҳуқуқи инсон барои синфҳои 10 ва 11(Менглиев Ш.М. дар ҳаммуаллифӣ), Ҳуқуқи гуреза (устодони кафедра), Қонунгузории ҶТ ва Иттифоқи Аврупо оид ба ширкатҳо: таҳлили муқоисавӣ – ҳуқуқӣ(устодони кафедра), ҳуқуқи байналхалқӣ (устодони кафедра), Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ (дар ҳаммуаллифӣ), Тафсири илмӣ оммавии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар ҳаммуалифӣ), Ҳуқуқи байналхалқии обӣ (устодони кафедра), Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқи байналмилалии оммавӣ( гуруҳи устодон), Ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ: тафсир ( Сулаймонов Ф.С.), Ҳуқуқи байналмилалии оммавӣ: дар саволу ҷавоб( Сулаймонов Ф.С.), Ҳуқуқи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Раҷабов М.Н.), Ҳуқуқи гражданӣ ва савдои мамлакатҳои хориҷӣ (Сулаймонов Ф.С.), Танзими ҳуқуқии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон(Бобоев У.Х., Салехов З.И.), Ҳуқуқи дипломатӣ ва консулӣ (Қодирқулов Х.Р.) ва ғ. таалуқ доранд.
Аз соли 1994 то имрӯз устодони кафедра зиёда аз 250 конференсияҳо, аз он ҷумла 90 конференсияи байналхалқӣ, 142 конференсияи ҷумҳуриявӣ ва дар 108 конференсияи донишгоҳӣ маърӯза кардаанд.
Фаъолияти илмӣ
Кафедра бо ташкилотҳои байналхалқии байниҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ дар бахши тарғибу ташвиқи донишҳои ҳуқуқи байналхалқӣ ҳамкории зич дорад.
Устодони кафедра такмили ихтисосро дар мамлакатҳои хориҷи дуру наздик гузаштаанд. Чунончи, дотсент Раҷабов М.Н. такмили ихтисосро дар Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Маҷористон, Япония, Полша, дотсент Бобоев У.Х. – дар Федератсияи Россия,Япония, Ҷумҳурии Қирғизистон, Украина, Полша, ИМА,Туркия Афғонистон, дотсент Қодирқулов Х.Р. – дар Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Украина, Полша, дотсент Сулаймонов Ф. – дар Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Италия, ИМА, ассистент Салихов З.- дар Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Белорус, Олмон, ассистент Идиев Ф.Ф.- дар Федератсияи Россия. Ҳамаи устодон бо баромадҳо дар конференсияҳои ташкилнамудаи давлатҳои номбаршуда ширкат варзидаанд.
Ҳамчунин саҳми устодони кафедра дар таҳия ва тафсири қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, навиштани таҳриз ба рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ, китобҳои дарсиву воситаҳои таълимӣ назаррас аст. Чунончӣ устодони кафедра ба 20 рисолаи докторӣ ва беш аз 50 рисолаи номзадӣ тақриз навиштаанд. Аз ҷумла профессор Менглиев Ш.М. ба 14 рисолаи докторӣ ва 22 рисолаи номзадӣ, дотсентон Бобоев У.Х., Сулаймонов Ф.С. ба 5 рисолаи номзадӣ, дотсентон Раҷабов М.Н., Қодирқулов Х.Р.,Абдухолиқов А. ба 1 рисолаи номзадӣ муқарриз (оппонент) дар дохил ва хориҷи кишвар баромад кардаанд.
Ба қалами устодони кафедра асарҳои зерин – Ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ (Менглиев Ш.М.), Таллофӣ намудани зарари маънавӣ (Менглиев Ш.М.), Баррасии баҳсҳои иқтисоди беруна (Менглиев Ш.М.), Ҳуқуқи инсон барои синфҳои 10 ва 11(Менглиев Ш.М. дар ҳаммуаллифӣ), Ҳуқуқи гуреза (устодони кафедра), Қонунгузории ҶТ ва Иттифоқи Аврупо оид ба ширкатҳо: таҳлили муқоисавӣ – ҳуқуқӣ(устодони кафедра), ҳуқуқи байналхалқӣ (устодони кафедра), Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ (дар ҳаммуаллифӣ), Тафсири илмӣ оммавии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ( дар ҳаммуалифӣ), Ҳуқуқи байналхалқии обӣ (устодони кафедра), Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқи байналмилалии оммавӣ( гуруҳи устодон), Ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ: тафсир ( Сулаймонов Ф.С.), Ҳуқуқи байналмилалии оммавӣ: дар саволу ҷавоб( Сулаймонов Ф.С.), Ҳуқуқи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Раҷабов М.Н.), Ҳуқуқи гражданӣ ва савдои мамлакатҳои хориҷӣ (Сулаймонов Ф.С.), Танзими ҳуқуқии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон(Бобоев У.Х., Салехов З.И.), Ҳуқуқи дипломатӣ ва консулӣ (Қодирқулов Х.Р.) ва ғ. таалуқ доранд.
Аз соли 1994 то имрӯз устодони кафедра зиёда аз 250 конференсияҳо, аз он ҷумла 90 конференсияи байналхалқӣ, 142 конференсияи ҷумҳуриявӣ ва дар 108 конференсияи донишгоҳӣ маърӯза кардаанд.
Фаъолияти омӯзгорӣ
Фанҳои таълимӣ:
- Ҳуқуқи байналхалқӣ;
- Ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ;
- Муносибатҳои байналхалқӣ ва сиёсати берунаи ҶТ;
- Ҳуқуқи гумрукӣ;
- Ҳуқуқи дипломатӣ;
- Ҳуқуқи гражданӣ ва савдои мамлакатҳои хориҷӣ;
- Ҳуқуқи аврупоӣ;
- Ҳуқуқи байналхалқии инсондустӣ;
- Танзими ҳуқуқии фаъолияти иқтисоди беруна;
- Ҳуқуқи байналхалқии гумрук.
Фанҳои тахасусӣ:
- Ҳуқуқи байналхалқии иқтисодӣ;
- Ҳуқуқи ташкилотҳои байналхалқӣ;
- Ҳуқуқи байналхалқии асъор;
- Ҳуқуқи шартномаи байналхалқӣ;
- Асосҳои ҳуқуқии муҳоҷирати меҳнатӣ;
- Баррасии баҳсҳои иқтисоди беруна дар судҳои ҳакамӣ;
- Ҳуқуқи байналхалқии обӣ.