БОЗДИДИ НАМОЯНДАГОНИ ТАШКИЛОТИ HELVETAS АЗ КЛИНИКАИ ҲУҚУҚИИ ФАКУЛТЕТИ ҲУҚУҚШИНОСИИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

25 ноябри соли 2024 намояндагони Ташкилоти Helvetas аз клиникаи ҳуқуқии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон диданд намуданд.

Меҳмонон аз фаъолият ва имконоти ҷойдоштаи клиникаи ҳуқуқӣ аз наздик ошно гардида, ба шароити мавҷуда ва фаъолияти клиникаи ҳуқуқии факултети ҳуқуқшиносӣ баҳо баланд доданд.

Ба меҳмонон маълумот дода шуд, ки клиникаи ҳуқуқӣ дар баробари пешниҳод намудани ёрии ҳуқуқии ройгон ҳамзамон, дар баланд бардоштани малакаҳои касбии донишҷӯён ва дар амал татбиқ намудани донишҳои назаариявии онҳо нақши калон дорад.

Намояндагони созмони Helvetas омодагии ҳамаҷонибаи худро барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои самаранок бо факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иброз намуданд.