Баъди соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурияти ба таври куллӣ аз нав сохтани тамоми пояҳои ҳуқуқие, ки дар асоси онҳо ҳаёти давлати соҳибихтиёр ташаккул меёбанд, шаҳрвардонаш умр ба сар мебарад, ба миён омад. Барои ҳалли ин масъала аллакай корҳои зиёде ба сомон расонида шуд. Қонуну санадҳои меъёрии зиёде, ки ба идоракунии давлатӣ, иқтисодиёт, кишоварзӣ, нақлиёт, заминистифодабарӣ ва ба риояи тартиботи ҳуқуқӣ дахл доштанд, қабул гардида дар ҳаёт татбиқ гашта истодаанд.
Гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ, ба вуҷуд омадани муносибатҳои нави хоҷагидорӣ ва гуногуншаклии моликият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси рушди муносибатҳои ҳуқуқии ҷамъият гардиданд. Бо чунин назардошт зарурияти омӯзиши таҳлили ва тадқиқоти паҳлуҳои гуногуни ҳуқуқи экологӣ, ҳуқуқи нақлиёт, ҳуқуқи кишоварзӣ ва ҳуқуқи замин ба вуҷуд омад. Аз ин нигоҳ мавриди таҳқиқ қарор додани раванди танзими умумӣ-ҳуқуқӣ ва хусусӣ-ҳуқуқии муносибатҳои бахши нақлиёт ва кишоварзӣ дар ҶТ, масъалаҳои ҳуқуқии инкишофи қонунгузории экологӣ, масъалаҳои назариявӣ ва ҳуқуқии танзими давлатии КАС дар ҶТ, хусусиятҳои муносибатҳои нақлиётӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳофизати муҳити атроф мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои аҳамияти илмӣ ва амалӣ пайдо намуд.
Соҳаи нақлиёт соҳаи муҳими хоҷагии халқ буда, рушди он яке аз масъалаҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият мебошад. Бешубҳа, таваҷҷӯҳи хоса ба ин соҳа асоснок ва саривақтӣ мебошад. Таҷрибаи таърихии давлатҳои пешрафтаи дунё нишон медиҳад, ки таваҷҷӯҳ ба ин соҳа тақдири минбаъдаи рушди давлатдории миллиро муайян менамояд. Таърих гувоҳ аст, ки ин масъала дар гузашта низ бетафовут набудааст ва шаҳодати ин гуфтаҳо мавқеи сиёсии давлатдории ниёгонамон дар Роҳи Бузурги Абрешим ба ҳисоб меравад .
Ҷиҳати такмил ва беҳбудӣ дар ин соҳаи ҳаётан муҳим барои Тоҷикистон, ки вобаста ба шароити таърихӣ ва ҷуғрофӣ дар бунбасти коммуникатсионӣ қарор гирифта буд саъю кӯшиши зиёди Ҳукумати Чумҳурӣ таҳти роҳбарии сарвари он, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси дастгирист.
Барои ҳалли ин масъалаҳо зарурати тайёр намудани ҳуқуқшиносони сатҳи касбӣ дар ин самт ба вуҷуд омад. Бо чунин назардошт дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ бо фармони ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 22.05.2012, таҳти № 161-09 «Оид ба ворид намудани тағйирот ба сохтори донишгоҳ (дар бораи таъсиси кафедраи тахассусӣ)» дар сохтори таркибии факултети ҳуқуқшиносӣ кафедраи тахассусии ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиӣ таъсис дода шуд. Ташабусскор ва бунёдгузори кафедра ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиӣ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Ѓафуров Абдухалил Давлаталиевич буд, ки аз моҳи майи соли 2012 то моҳи майи соли 2015 ба ҳайси мудири кафедра фаъолият кардааст. Аз моҳи майи соли 2015 то имрӯз масъулияти иҷрои вазифаи мудири кафедра ба зиммаи номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Қурбонов Қурбон Бобоевич мебошад. Айни ҳол дар кафедра дотсент Одинаев Р.С., ассистентон Қудбиддинов Ф.Ш., Соҳибов М.М., Қурбонализода Ф., Амренова Ш., Буриев А.Р., Муминзода О.С. ва лабарант Гурезова Ф.А. кору фаъолият менамоянд.
Кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиӣ то имрӯз дар инкишофи танзими хусусӣ-ҳуқуқӣ ва умумӣ-ҳуқуқии муносибатҳо дар соҳаи нақлиёт, кишоварзӣ, экологӣ ва замин таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намудааст. Вобаста ба ин корҳои зерини илмӣ-тадқиқотӣ дар кафедра гузаронида мешаванд:
– таҳлил ва муайян намудани табиати ҳуқуқи муносибатҳои бахши нақлиёт ва кишоварзӣ дар ҶТ;
– муайян намудани таносуби қонугузории экологии байналмилалӣ ва қонунгузории экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар танзими муносибатҳои хусусӣ-ҳуқуқӣ ва умумӣ-ҳуқуқӣ;
– муқаррар кардани хусусиятҳои асосии муносибатҳои нақлиётӣ;
– муайян кардани мавқеъ ва нақши комплекси агросаноатӣ дар ҳуқуқи кишоварзӣ;
– хусусиятҳои вазъи хусусӣ-ҳуқуқӣ ва умумӣ – ҳуқуқии муносибатҳои заминистифодабарӣ;
– муайян намудани равишҳои илмӣ-ҳукуқӣ дар ҳалли проблемаи заминистифодабарӣ;
– муайян намудани табиати ҳуқуқии шартномаҳои нақлиётӣ;
– муайян кардани мавқеи принсипҳои диспозитивӣ ва императивӣ дар ҷараёни муайяннамоии шартномаҳои нақлиётӣ;
– муайян намудани омили асосии таъминкунандаи амнияти озуқавории кишвар, манбаи таъмини корхонаҳои коркарди саноатӣ бо ашёи хом, бахши ташаккулдиҳандаи иқтидори содиротии мамлакат ва муҳимтар аз ҳама, заминаи ташкили ҷойҳои нави корӣ;
Ба зиммаи кафедра тадриси фанҳои ҳуқуқи экологӣ, ҳуқуқи нақлиёт, ҳуқуқи кишоварзӣ, ҳуқуқи замин, Проблемаҳои ҳуқуқи обӣ, Танзими ҳуқуқии категорияҳои алоҳидаи замин, шартномаҳои нақлиётӣ, проблемаи ҳифзи муҳити зист ва ғайра дар шӯъбаи рӯзона, ғоибона ва дигар факултетҳои Донишгоҳи милли Тоҷикистон вогузор шудааст, ки роҷеъ ба ин фанҳо барномаи таълимӣ, воситаҳои таълимӣ ва китоби дарсӣ таҳия ва нашр шудаанд.
“Фаъолияти илмӣ”
Фанҳои таълимӣ:
- Ҳуқуқи кишоварзӣ;
- Ҳуқуқи замин;
- Ҳуқуқи экологӣ;
- Ҳуқуқи наклиёт.
Фанҳои тахассусӣ:
- Проблемаҳои ҳуқуқии ҳифзи муҳити зист
- Ҳуқуқи куҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Субъектони ҳуқуқи кишоварзӣ
- Танзими ҳуқуқии реҷаи категорияҳои замин
- Танзими ҳуқуқии намудҳои алоҳидаи нақлиёт
- Шартномаҳои нақлиётӣ
- Проблемаҳои ҳалли баҳсҳои замин
- Проблемаҳои ҳуқуқи обӣ
“Оид ба фаъолият ва дастовардҳои кафедра”
ҲИСОБОТ
оид ба фаъолият ва дастовардҳои кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиӣ дар бахши корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, такмили раванди таълим ва вусъат додани корҳои тарбиявӣ
Кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табии фаъолияти худро дар асоси қонунгузории амалкунанда, Низомномаи кафедраи муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Шӯрои олимони донишгоҳ ва факултет, фармоишҳои Ректори донишгоҳ, қарорҳои садорат ва дастуру таъинотҳои декани факултет, Нақша-чорабиниҳои дар факултет дар самтҳои гуногун бароҳ монда дар соли ҳисоботӣ дар бахшҳои илм, таълим ва тарбия ба дастовардҳои зерин ноил шудааст.
Корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ.
Дар соли ҳисоботӣ кафедра дар 1 проблема «Рушд ва инкишофи танзими хусусӣ – ҳуқуқӣ ва оммавӣ-ҳуқуқии муносибатҳо дар соҳаи нақлиёт, кишоварзӣ, экологӣ, замин инчунин амалия ва назарияи онҳо» ва 1 мавзӯъ «Масъалаҳои назариявӣ ва ҳуқуқии танзими умумӣ ва хусусӣ- ҳуқуқии муносибатҳо дар соҳаи нақлиёт, экологӣ, кишоварзӣ, ва замин» (роҳбари илмӣ номзади илми ҳуқуқ, дотсент Қурбонов Қ.Б.) кори илмӣ буд, ки марҳилаи 3-юми корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедраро ташкил медиҳад. Яке аз тадқиқи проблемаҳои назариявӣ ва амалии танзими оммавӣ ва хусусӣ-ҳуқуқии муносибатҳо дар бахши нақлиёт, кишоварзӣ, экологӣ ва замин инчунин дар ин замина коркарди хулосаҳои асосноки илмӣ, таклиф, пешниҳод ва тавсияҳои амалӣ ҷиҳати такмили минбаъдаи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Табъу нашри силсилаи мақолаҳои илмӣ, китоби дарсӣ, монография ва навиштани рисолаҳои илмӣ дар ин самтҳо масъалаҳои асосии илмии кафедра ба ҳисоб меравад.
Дар бахши корҳои илмӣ – тадқиқотӣ бояд зикр намуд, ки бо заҳмату талоши устодони кафедра дар соли ҳисоботӣ 31 маводи илмию методӣ, аз ҷумла, 2 монография, 24 мақолаи илмӣ, 2 барномаи таълимӣ ба табъ расонда шуд. Ҳамзамон 1 монография, 2 китоби дарсӣ, 1 васоити таълимӣ ва маҷмӯи барномаҳои таълимии кафедра омода шуданд, ки то соли нави таҳсил аз чоп бароварда мешаванд.
Дар ин мӯҳлат аз ҷониби кафедра зиёда аз 7 тақризу хулосаҳо ба корҳои илмию тадқиқотӣ, лоиҳаи қонуну қарорҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ навишта шуд.
Дар кафедра аз 8 – нафар устодон, 7 нафари онҳо бо фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ дар соли 2018 ба Нақшаи КИТ ворид карда шуданд, ки фаъолиятро пеш мебаранд. Як нафар Одиназода Р.С. дар соли 2019 ба Нақшаи КИТ ворид карда мешаванд. Устодони кафедра фаъолияти илмӣ-тадқиқотии худро мувофиқи нақшаи кори илмӣ-тадқиқотии барои соли 2018-ум тасдиқ гардида ба роҳ монда, аз рӯи самт ва масоилҳои муқарраргардидаи он фаъолият намуда истодаанд.
Дар назди кафедра МИД-и «Муҳофизони муҳити зист» зери роҳбарии ассистент Муминзода О.С. фаъолият менамояд, ки то имрӯз дар асоси Нақшаи тасдиқшуда бо иштироки донишҷӯёни фаъол ва роҳбарони илмии худ аз ҳисоби устодони кафедра 16 маҳфил баргузор намуд ва дар он 36 нафар донишҷӯён бо маърӯзаҳо баромад намуданд.
Дар ин давра бори аввал дар кафедра ва кафедраи ҳуқуқи гражданӣ 3 рисолаи номзадӣ (Қудбуддинов Ф.Ш., Амренова Шогуна, Саидмуродова Т.А.) мавриди муҳокима қарор дода шуд. Дар баробари ин дар варианти аввал рисолаи ассистент Қурбонализода Фурқат омода шуда, барои омӯзиш ба роҳбари илмӣ пешниҳод гардид.
Дар пояи кафедра тибқи фармоиши ректори ДМТ аз 07.11.2017, №222-09 дар санаи 26-уми декабри соли 2017 Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои актуалии ҳуқуқи замин барпо гардид.
Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ як қатор устодони факултети ҳуқуқшиносӣ иштирок намуда, аз ҷониби Пешвои миллат бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд. Аз ҷумла, олими ҷавони кафедра Одиназода Рамазон номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиӣ бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2018 сарфароз гардонида шуд.
Такмили раванди таълим.
Дар давраи ҳисоботӣ ба 8 нафар кормандони штатии кафедра, аз ҷумла 2 номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, 1 муаллими калон, 5 ассистент ва 4 нафар ҳамкор дар маҷмӯъ 6299 соат сарбории таълимӣ тақсим карда шуд. Машғулиятҳои лексионӣ, семинари (амалӣ) устодони кафедра дар асоси силлабус ва матни лексияи бо қарори кафедра ва Шӯрои илмию методии факултет тасдиқгардида сурат мегирад. Ба донишҷӯён пеш аз оғози дарс дар шакли электронӣ маводи таълимӣ пешниҳод гардидааст.
Роҳбарӣ ба корҳои таълимию истеҳсолӣ, таҷрибаомӯзӣ, корҳои курсӣ, лоиҳа ва корҳои дипломӣ, хатмкунӣ, магистрӣ ҳамчунин корҳои мустақилонаи донишҷӯён, ташкил ва гузаронидани рейтингҳои фосилавӣ, санҷишу имтиҳонҳои ҷорӣ аз ҷониби устодони кафедра дуруст ба роҳ монда шудааст.
Дар ин давра 4 нафар устодони кафедра (Қурбонов Қ.Б., Муминзода О.С., Идрисов Я.А., Саидмуродова Т.А.) аз такмили ихтисос гузаштанд ва соҳиби диплом гардиданд ва 2 нафар ба такмили ихтисос сафарбар шудаанд.
Барои дастгирӣ ва ёрии методӣ ба омӯзгорони ҷавон ва камтаҷриба дар роҳи такмил додани маҳорати педагогии онҳо Нақшаи дарсҳои кушод ва дарсҳои ҳамдигарӣ омода гардида, дар маҷлисҳои кафедра аз натиҷааш хулосаҳо шунида шуд.
Вусъат додани корҳои тарбиявӣ.
Дар давраи ҳисоботи аз ҷониби 5 нафар устодони кафедра (Қурбонов Қ.Б. – курси 3 ҲБ, Қудбуддинов Ф.Ш. – курси 3 КЛМ, гуруҳи умумӣ, Муминзода О.С. – курси 3 ТҲМК, Буриев А.Р. – курси 3 АБВ, гурӯҳи умумӣ, Идрисов Я.А. – курси 3 ҲБ(англиси) корҳои тарбиявӣ ва дарси кураторӣ баргузор карда шуданд.
Дар соли ҳисоботӣ омӯзгорони кафедра дар 5 барномаҳои телевизион ва радио бахшида ба рӯзҳои Истиқлолияти давлатӣ, 24-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар телевизиони давлатии Сафина, Шабакаи аввал ва Радиои Ховар баромад ва суҳбатҳо намуданд.
Аз ҷониби устодони кафедра навбатдорӣ дар кафедра, факултет ва хобгоҳ дуруст бароҳ монда шудааст. Дар корҳои маъмурӣ бошад як нафар устодони кафедра ассистент Буриев А.Р. ба ҳайси Раиси Шӯрои сарпарастон ҷалб шудааст.
Дар ҳоли ҳозир талабот дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи ҳуқуқ ва рақобатпазири бозори меҳнат, дорои донишҳои баланди назариявӣ, малакаи касбӣ, сатҳи баланди шуури ҳуқуқӣ самти замин, соҳаи нақлиёт, ҳифзи муҳити зист беш аз пеш эҳсос мегардад. Ин гуфтаҳо дар Паёми пешвои миллат ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохурӣ бо кормандони мақомоти прокуратура, мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои ҷумҳурӣ таъкид гаштаанд. Аз ин рӯ, пешниҳод мегардад, ки мувофиқ ба Таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди кафедра ихтисоси магистратура бо номи «Танзими ҳуқуқии заминсозӣ, таъмини ҳуқуқии фаъолияти логистӣ ва ҳифзи ҳуқуқии муҳити зист» кушода шавад.
Барои боз ҳам хубтар шудани фаъолияти кафедра анҷом додани корҳои зерин мувоқи мақсад аст:
– боло бурдани нақши кафедра дар самти истифодаи усулҳои нави фаъол ва инноватсионӣ дар раванди таълим, боло бурдани сатҳу сифати донишандӯзии донишҷӯён;
– анҷом додани корҳои арзишманди илмӣ дар иртибот ба самтҳои афзалиятноки корҳои илмӣ-тадқиқотӣ;
– фаъолгардонии саҳми устодони ҷавон дар ҷараёни таълим, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва тарбиявӣ;
– фароҳам овардани шароити мусоид барои дарёфти грантҳо, бурсияҳо ва дигар сарчашмаҳои иловагии молиявӣ ҷиҳати омода кардани кадрҳои илмию омӯзгорӣ, муҷаҳҳаз гардонидани раванди таълим бо технологияи иттилоотию иртиботӣ;
Шарифзода Фазлиддин Шариф
Мансаб: Мудири кафедра
Email: fazliddin-87@bk.ru
Телефон: +992 907785050
Унвони илмӣ: дотсент
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқ
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: Ҳуқуқи нақлиёт, ҳуқуқи замин, ҳуқуқи экологӣ ва ҳуқуқи кишоварзӣ буда, муаллифи беш аз 50 маводи илмию тадқиқотӣ мебошад.
Мукофот ва унвон: Бо Ифтихорномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Маркази миллии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон сарафароз гардонида шудааст.
ШАРҲИ МУХТАСАРИ ҲОЛ
Маълумот: Соли 2011, факултети ҳуқуқшиносии ДМТ-ро хатм намудааст
Дифои рисолаи номзадӣ: Соли 2020 рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Масъалаҳои шартномаи ҳамлу нақли бор тавассути нақлиёти роҳи оҳан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳимоя кардааст.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ: Аз соли 2012 то 2016 аспиранти шуъбаи ғоибонаи кафедраи ҳуқуқи гражданӣ 2012-2015, ассистент, муаллими калон, дотсенти кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табии факултети ҳуқуқшиносӣ ва аз соли 2023 то инҷониб мудири кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
Санаи таваллуд: 10.12.1987с.
Саидмуродова Тахмина Аҳадовна
Мансаб: – ассистенти кафедра
Email: tahminasaidmurodova@mail.ru
Телефон: +992 918389150
Унвони илмӣ: –
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои қуқуқшиносӣ
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: доираи тадқиқотҳои илмиаш дар бахшҳои ҳуқуқи нақлиёт, ҳуқуқи экологӣ, ҳуқуқи кишоварзӣ, ва ҳуқуқи замин буда, муаллифи беш аз 30 маводи илмиву тадқиқотӣ мебошад.
Мукофот ва унвон: –
ШАРҲИ МУХТАСАРИ ҲОЛ
Маълумот: Соли 2015 – факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи “аълочӣ” хатм намудааст.
Дифои рисолаи номзадӣ: Соли 2020 рисолаи номзадиашро дар мавзуи “Проблемаҳои шартномаи иҷораи воситаҳои нақлиёт тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон” дифоъ намудааст.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ: Соли 2016 ба сифати аспиранти шуъбаи рӯзонаи кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ фаъолияти илмии худро шуруъ намудааст. Солҳои 2017 – 2021 ба сифати ассистент – ҳамкори кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ фаъолият намудааст. Аз мохи ноябри соли 2021 то инҷониб ба сифати номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, ассистенти кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ фаъолият намуда истодааст.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
Санаи таваллуд: 25.03.1992 с.
Саидов Наҷибулло Нуруллоевич
Мансаб: ассистенти кафедра
E-mail: najibullonajib9898@gmail.com
Телефон: +992939110098
Унвони илмӣ: –
Дараҷаи илмӣ: –
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: Ҳуқуқи нақлиёт, ҳуқуқи замин, ҳуқуқи экологӣ ва ҳуқуқи кишоварзӣ.
Мукофот ва унвон: –
ШАРҲИ МУХТАСАРИ ҲОЛ
Маълумот: Соли 2016 ба шуъбаи рӯзонаи факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хорог дохил шуда, донишгоҳи мазкурро соли 2020 ба итмом расонид.
Дифои рисолаи номзадӣ:-.
Дифои рисолаи докторӣ: –
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ: аз моҳи сентябри соли 2024 то инҷониб дар кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва истифодабарии сарватҳои табии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ ба ҳайси ассистенти кафедра кору фаъолият дорад.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
Санаи таваллуд: 16.07.1998
Амренова Шогун
Мансаб: муаллими калон
Email: stal.007@mail.ru
Телефон: +992 904003530
Унвони илмӣ: –
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқ
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: Ҳуқуқи нақлиёт, ҳуқуқи экологӣ, ҳуқуқи кишоварзӣ, ҳуқуқи замин
Мукофот ва унвон:
ШАРҲИ МУХТАСАРИ ҲОЛ
Маълумот: Соли 2014 – факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Милли Тоҷикистонро хатм намудааст.
Дифои рисолаи номзадӣ: Соли 2022 рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Проблемаҳои шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии мусофир ва бағоҷ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳимоя кардааст.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ: Аз соли 2014 то 2022 ассистенти кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табии факултети ҳуқуқшиносӣ аз соли 2023 то инҷониб номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ муаллими калони кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ фаъолият намуда истодааст.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
Санаи таваллуд: 09.11.1991с.
Буриев Акмал Раҷабалиевич
Мансаб: муаллими калон
Email: Akmal@mail.ru
Телефон: +992 907523333
Унвони илмӣ: –
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: Ҳуқуқи кӯҳӣ, ҳуқуқи замин, ҳуқуқи экологӣ ва ҳуқуқи кишоварзӣ буда муаллифи беш аз 20 маводи илмию тадқиқоти мебошад.
ШАРҲИ МУХТАСАРИ ҲОЛ
Маълумот: Соли 2016, шуъбаи ғоибонаи маълумоти дуюми олии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон-ро хатм намудааст.
Дифои рисолаи номзадӣ: Соли 2023 рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Проблемaҳои танзими ҳуқуқи граждании истифодаи сарватҳои зеризаминӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳимоя кардааст.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ: Аз соли 2016 то 2020 унвонҷӯ кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табии факултети ҳуқуқшиносӣ, аз соли 2016 то 2023 ассистенти кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табии факултети ҳуқуқшиносӣ, аз соли 2023 то инҷониб ба ҳайиси номзади илмиҳои ҳуқуқшиносӣ, муаллими калони кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ фаъолият намуда истодааст.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
Санаи таваллуд 01.08.1988 с
Ёрзода Зафар Идибек
Мансаб: ассистент
Email: yorzoda.zafar@mail.ru
Телефон: +992 988444044
Унвони илмӣ:
Дараҷаи илмӣ:
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: Ҳуқуқи замин, ҳуқуқи кишоварзӣ ва ҳуқуқи экологӣ
Мукофот ва унвон:
ШАРҲИ МУХТАСАРИ ҲОЛ
Маълумот: 2013-2018, факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
Дифои рисолаи номзадӣ:
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ: Аз соли 2022 то соли 2024 ба ҳайси лаборанти кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намуда аз санаи 29.10.2024 ба ҳайси ассистент кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
06.09.1995с. таваллуд шудааст.
Идрисзода Яҳё Аюбхонович
Мансаб: ассистенти кафедра
Email: yahyo.idrisov.95@mail.ru
Телефон: +992 907523333
Унвони илмӣ: ассистент
Дараҷаи илмӣ:
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: Ҳуқуқи замин, ҳуқуқи кишоварзӣ ва ҳуқуқи экологӣ
Мукофот ва унвон: Аълочии маъорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
ШАРҲИ МУХТАСАРИ ҲОЛ
Маълумот: 2013-2018, факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
Дифои рисолаи номзадӣ:
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ: Аз соли 2018 то ҳанӯз ассистенти кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
02.02.1995с. таваллуд шудааст.
Муминзода Ориф Сафо
Мансаб: ассистенти кафедра
Email: Jurist_9191@mail.ru
Телефон: +992 938059191
Унвони илмӣ: ассистент
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: Ҳуқуқи нақлиёт, ҳуқуқи замин, ҳуқуқи экологӣ ва ҳуқуқи кишоварзӣ.
Мукофот ва унвон:
ШАРҲИ МУХТАСАРИ ҲОЛ
Маълумот: 2009-2014, факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
Дифои рисолаи номзадӣ: Соли 2022 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Проблемаҳои танзими суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии ҳуқуқи граждании соҳибони воситаи нақлиёти автомобилӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ: Аз соли 2015 то 2022 ассистенти кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиӣ, ва аз соли 2022 то инҷониб ба ҳайиси номзади илмиҳои ҳуқуқшиносӣ, ассистенти кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ фаъолият намуда истодааст.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
23.09.1990с. таваллуд шудааст.
Одиназода Рамазон Сафар
Мансаб: профессори кафедра
Email: ramazon-84@mail.ru
Телефон: 005007474
Унвони илмӣ: профессор.
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ.
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: Ҳуқуқи нақлиёт, ҳуқуқи замин, ҳуқуқи экологӣ ва ҳуқуқи кишоварзӣ буда муаллифи беш аз 70 маводи илмию тадқиқоти мебошад.
Мукофот ва унвон: Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника, Медали Хизмати Шоиста сарфароз гардонида шудааст.
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот: 2003-2008, факултети ҳуқуқшиносии ДДМТ
Дифои рисолаи номзадӣ: Соли 2012 рисолаи номзадиашро бо номи «Ташаккул ва инкишофи девони мазолим дар Тоҷикистони тошуравӣ» ҳимоя кардааст.
Ҳимояи рисолаи докторӣ: Соли 2021 дар мавзуи «Ташаккул ва инкишофи судҳои маъмурӣ дар Тоҷикистон (Таҳқиқоти таърихӣ-ҳуқуқӣ)» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ: Солҳои 2008 – 2012 аспиранти шуъбаи рӯзонаи кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ, аз соли 2012 то ҳанӯз ассистент, дотсент ва профессори кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
Санаи таваллуд: 23.06.1984с.