Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ

   Шуъбаи Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ (93010100) бо дархости Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва иҷозатномаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи  маориф таҳти №  АУ 0000575  дар  соли таҳсили 2009-2010 таъсис дода шудааст. Дар ихтисоси мазкур  донишҷӯён муддати 5 сол таҳсил намуда, мутахассисон барои муассисаҳои иҷрои ҷазо ва дигар  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тайёр  карда мешаванд. Дар ин ихтисос  таҳсил дар шакли ғоибона ва рӯзона сурат мегирад. Шуъбаи фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ таъсис дода шуда, сарпарастии умумии таълимию методии он ба зиммаи кафедраи мазкур вогузор карда шудааст.

   Таҳсил дар шуъбаи мазкур  ба тариқи ройгон ва ғайриройгон  сурат мегирад. Дар соли 2012 маблағи яксолаи  шартнома барои ихтисоси фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ  4950  сомониро ташкил медод.

   Айни ҳол дар ихисоси мазкур  151 нафар   донишҷуён дар шуъбаи рӯзонаи фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ   таҳсил менамоянд.