Интиқоли донишҷуён


   Ба факултети ҳуқуқшиносӣ аз дигар факултетҳо ва мактабҳои олӣ интиқол гардидан мумкин аст. Гузаронидани донишҷуён ба факултети ҳуқуқшиносӣ  танҳо пас аз хатми   курси дуюм ба роҳ монда мешавад. Тартиби интиқол гардидан ба факултети ҳуқуқшиносӣ аз дигар факултетҳо ё мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Низомнома «Дар бораи гузаронидан, барқароркунӣ ва хориҷ намудани  донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти №3/6  аз 08. 02 соли 2006 тасдиқ карда шудааст, ба танзим дароварда мешавад.

   Донишҷуёён аз шуъбаи ғоибона ба шуъбаи рузона  дар давраи таътили зимистона ва тобистона бо назардошти иҷрои соатҳои барномаҳои таълимӣ ва мавҷудияти камтар аз 7 фарқияти академӣ (санҷиш ва имтиҳон) як курс поёнтар ба ҳамон шакли таълим (ройгон ё ғайриройгон) гузаронида мешаванд.

   Қайд кардан бо маврид аст, ки  донишҷуён ҳуқуқи  аз гурӯҳи ғайриройгон ба гурӯҳи ройгон  гузаштанро доранд. Ҳангоми аз гурӯҳи ғайриройгон ба гурӯҳи ройгон (аз гурӯҳи шартномавӣ ба гурӯҳи буҷавӣ) гузаронидани донишҷӯён  онҳо бояд талаботҳои муайяни  дар    Низомнома «Дар бораи гузаронидани донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гурӯҳҳои ғайриройгон ба гурӯҳҳои ройгон», ки бо қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти № 3/5 аз «08» феврали соли  2006 тасдиқ шудааст, риоя кунанд. Чунончи : Дар давоми чор семестр аз тамоми фанҳои талимӣ 75% баҳои хубу аъло гирифта, баҳои қаноатбахш надошта бошад; донишҷӯ агар дар корҳои ҷамъиятӣ ва дохилии муассисаи таълимӣ иштирок намуда, корҳои курсиашро бо баҳои хубу аъло супорад ва на камтар аз ду мақола дар рӯзнома ё маҷалла (барои фанҳои гуманитарӣ) чоп карда бошад.

   Маълумотномаи муфассал дар ин бораро Шумо метавонед аз   Низомнома «Дар бораи гузаронидани донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гурӯҳҳои ғайриройгон ба гурӯҳҳои ройгон» пайдо намоед.