Газета «Минбари ҳуқуқшинос» (“Трибуна юриста”)

Дар асоси қарори Шурои олимони факултети ҳуқуқшиносӣ ва Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон моҳи марти соли 2013  рӯзномаи «Минбари ҳуқуқшинос» ифтитоҳ ёфт.

Сармуҳаррири рӯзнома Ҷаҳонгир Саъдизода мебошад.
Дар рӯзнома мақолаҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба чоп расонида мешаванд.

 

МАЪЛУМОТ ОИД БА РЎЗНОМАИ «МИНБАРИ ҲУҚУҚШИНОС»

Рӯзномаи «Минбари ҳуқуқшинос» яке аз рӯзномаҳои соҳавӣ ба ҳисоб рафта, он дар асоси қарори Шӯрои олимони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфтааст. Рӯзнома бори аввал санаи 28-уми феврали соли 2013 таҳти №0336/рз дар вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, 18-уми марти соли 2016 таҳти №0336/РЗ дар вазорати мазкур аз нав  сабти ном гардидааст. Дар таъсиси рӯзномаи мазкур саҳми собиқ декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин ва ректори ДМТ, академики АИ ҶТ Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ хеле бузург аст.

Нахустин сармуҳаррири рӯзнома журналист Саъдӣ Маҳдӣ буд. Номбурда аз рӯзи аввали таъсиси он, яъне аз шумораи 1-ум, ки санаи 19-уми марти соли 2013 ба нашр расидааст, то шумораи 7-ум, ки 25-уми декабри соли 2013 ба табъ расид ба ҳайси сармуҳаррир фаъолият намуда, барои босифат нашр шудани рӯзнома ва таъсиси пойгоҳи маҷмӯи мақолаҳо нақши боризеро иҷро кардааст.

Сар карда аз шумораи 8-ум (19.03.2014) то имрӯз сармуҳаррири рӯзнома Ҷаҳонгир Саъдизода мебошад. То кунун (10.11.2016) ҳудуди зиёда аз 60 шумораи он ба табъ расидааст.

Рӯзномаи «Минбари ҳуқуқшинос» аз ҳайати таҳририя ва мушовара иборат аст. Ба ҳайати таҳририяи он шахсони зерин дохил мешаванд: Раҳмон Д.С. номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, Маҳмудов И.Т. мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносӣ, Қурбонализода Н.Ш. муовини декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, Камолзода И.И. дотсенти кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, Сулаймонов Ф.С. дотсенти кафедраи ҳуқуқи байналмилалии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.

Ватанзода М.М. ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, Саид Нуриддин Саид вазири маориф ва илми ҶТ, Имомзода М.С. ректори ДМТ, Тоҳиров Ф.Т. академики АИ ҶТ, Маҳмудзода М.А. раиси Суди конститутсионии ҶТ, Раҳимзода М.З. директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти ҶТ, Диноршоев М. академики АИ ҶТ, Насриддинзода Э.С. профессори кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, Сафарзода Б.А. дотсенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ ба ҳайати мушовараи рӯзнома дохил мешаванд.

Дар рӯзнома мақолаҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба чоп расонида мешаванд.

Шумораи нахустини рӯзнома санаи 19-уми марти соли 2013 ба табъ расидааст. Дар Шумораи нахустини рӯзномаи «Минбари ҳуқуқшинос», ки дар арафаи ҷашни байналмилалии «Наврӯз» ба нашр расид, навгониҳои ҳаёти сиёсӣ ва ҳуқуқии кишвар, мавзӯъҳои мубрами илми ҳуқуқшиносӣ, аз ҷумла нақши эксперт дар кашфи ҳақиқат дар мурофиаи судӣ, қадамҳои навбатӣ баҳри омӯзиши ҳуқуқи инсон, манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо узвият ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, мушкили муҳоҷирон – надонистани қонун ва забон, озодии виҷдон ва эътиқод ва мақолаҳои ҷашнӣ бахшида ба иди Наврӯзи Аҷам ба нашр расиданд.

Дар шумораи 1 (1)-и рӯзномаи «Минбари ҳуқуқшинос» иқтибос аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ, сухани табрикотии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Н.С., раиси кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода М.М., ректори ДМТ, академик Имомзода М.С. ва декани факултети ҳуқуқшиносӣ, профессор Насриддинзода Э.С. оид ба таъсиси рӯзномаи нав дар ҳайати факултети ҳуқуқшиносии ДМТ ба табъ расонида шудааст.

Ҳамзамон дар шумораи 1 (1)-и рӯзнома мақолаҳои устодони факултети ҳуқуқшиносӣ Искандаров З., Сафаров Б., Саъдизода Ҷ., Сангинов Д., Қодирқулов Х. ва маводи донишҷӯён Сафаралиев Д., Каримова П., Саидов Т., Содиқова Ш. ва Давлатов Н. пешкаши хонандагон гардонида шудааст. 

Ҳадаф ва вазифаҳои асосии рӯзномаи «Минбари ҳуқуқшинос» интишори маълумоти илмӣ-назариявӣ, таҳлилҳои ҳуқуқӣ, таблиғи дастовардҳои илмӣ-ҳуқуқии омӯзгорон, олимону аспирантон, докторантон, кормандони факултету донишгоҳ ба ҳисоб рафта, дар он ҳамзамон мақолаҳои кормандони мақомоти давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба нашр расонида мешавад. Ҳамзамон дар рӯзнома раванди таълим ва тарбия дар факултету донишгоҳ инъикос гардида, оид ба паҳлуҳои гуногуни густариши соҳаҳои ҳуқуқ мавод ба табъ расонида мешавад.


  1.  
  1. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2013 №1
  2. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2013 №2
  3. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2013 №3
  4. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2013 №4
  5. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2013 №5 
  6. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2013 №6
  7. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2013 №7
  8. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2014 №1
  9. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2014 №2
  10. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2014 №3
  11. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2014 №4
  12. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2014 №5
  13. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2014 №6
  14. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2014 №7
  15. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2014 №8
  16. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2015 №1-2
  17. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2015 №3-4
  18. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2015 №5-6
  19. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2015 №7-8
  20. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2015 №09-10
  21. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2015 №11
  22. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2015 №12
  23. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2015 №13
  24. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2015 №14-15
  25. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2015 №16
  26. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2015 №17-18
  27. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2016 №1-2
  28. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2016 №3
  29. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2016 №4-5
  30. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2016 №6-7
  31. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2016 №8
  32. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2016 №9-10
  33. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2016 №11
  34. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2016 №12
  35. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2016 №13-14
  36. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2016 №15
  37. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2016 №16-17
  38. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2016 №18-19
  39. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2016 №20-21
  40. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2017 №1-2
  41. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2017 №3
  42. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2017 №4-5
  43. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2017 №6-7
  44. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2017 №8-9
  45. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2017 №10-11
  46. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2017 №12-13
  47. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2017 №14-15
  48. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2017 №16-18
  49. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2017 №19-22
  50. Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2018 №1
  51. Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2018 №2
  52. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2018 №3-4
  53. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2018 №5-6
  54. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2018 №7-8
  55. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2018 №9-10
  56. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2018 №11-12
  57. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2018 №13-14
  58. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2018 №15-16
  59. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2018 №17-18
  60. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2018 №19-20
  61. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2018 №21-22
  62. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2018 №23-24
  63. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2019 №1-2
  64. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2019 №3-4
  65. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2019 №5-6
  66. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2019 №7-8
  67. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2019 №9-10
  68. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2019 №11-12
  69. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2019 №13-14
  70. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2019 №15-16
  71. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2019 №17
  72. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2019 №18-20
  73. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2019 №21-22
  74. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2019 №23-24
  75. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2020 №1-2
  76. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2020 №3-4
  77. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2020 №5
  78. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2020 №6-7
  79. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2020 №8-10
  80. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2020 №11-12
  81. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2020 №13-14
  82. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2020 №15-16
  83. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2020 №17-18
  84. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2021 №1-2
  85. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2021 №3-4
  86. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2021 №5-6
  87. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2021 №7-8
  88. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2021 №9-10
  89. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2021 №11-12
  90. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2021 №13-14
  91. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2021 №15-16
  92. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2021 №17-18
  93. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2022 №1-2
  94. «Минбари ҳуқуқшинос» («Трибуна юриста») 2022 №4