Руйхати ҳуҷҷатҳои лозимӣ барои дохилшавӣ ба факултети ҳуқуқшиносӣ дар соли 2013.

   Довталабон ба гурӯҳҳои буҷавӣ ва шартномавӣ дар ҳаҷми нақшаи қабул ба тариқи озмун, инчунин ба тариқи имтиёз қабул карда мешаванд. Довталабон зимни қабул ба Донишгоҳ ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:

  1. ариза ба номи ректори Донишгоҳ;
  2. ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти умумӣ (пурра), ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ (намунаи давлатӣ – нусхаи асл);
  3. маълумотномаи тиббӣ (шакли №086-У);
  4. 6 адад расм (андозаи 3х4 см);
  5. шиноснома ё шаҳодатномаи таваллуд;
  6. билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда;
  7. нусха аз дафтарчаи меҳнатӣ, агар довталаб собиқаи корӣ дошта бошад;
  8. маълумотнома (справка) дар бораи хатми мактаби таҳсилоти умумӣ;
  9. қарори Шӯрои омӯзгории мактаб, тавсияи шӯъбаи маорифи ноҳия ва роҳхати ҳукумати ноҳия (барои духтарон ва писароне, ки тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ДМТ тавсия карда мешаванд)
  10. қарори Шӯрои ноҳиявии меҳнатӣ ва роҳхати ҳукумати ноҳия (барои духтарон ва писароне, ки бевосита дар истеҳсолот кор мекунанд).