Ҳисобот оид ба корҳои тарбиявӣ дар факултет дар семоҳаи аввали соли хониши 2016-2017

Бахши тарбияи факултети ҳуқуқшиносӣ дар доираи «Нақшаи чорабиниҳои факултети ҳуқуқшиносӣ дар соли 2016-2017 ҷиҳати иҷрои «Барномаи рушди факултети ҳуқуқшиносии ДМТ барои солҳои 2015-2020», (ҚШО аз 30.09.2016с, №1), «Нақшаи чорабиниҳои факултети ҳуқуқшиносии ДМТ дар соли 2017 ҷиҳати иҷрои нишондодҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҶТ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд» ва  нақшаҳои тасдиқшудаи корҳои тарбиявии Раёсати ДМТ, дар се моҳи соли хониши 2017 чунин корҳоро анҷом додааст:

1. Бо мақсади риоя намудани қоидаҳои тартиботи дохилӣ, таъмини раванди мўътадили таълим ва тарбия, санҷиши ҳолати риояи либосҳои тавсиявӣ ва давомоти мунтаззами донишҷўён аз ҳисоби устодони факултет, навбатдорӣ таъсис дода шуд. Дар натиҷаи ба роҳ мондани ин талаботҳо то кунун зиёда аз 450 донишҷў огоҳонида шуда, ба 311 нафар донишҷўён муҷозоти интизомии «Сарзаниш» ва зиёда аз 62 нафар ҷазои интизомии «Танбеҳ» ва ба 9 нафар донишҷўён «Танбеҳи сахт» татбиқ карда шудааст. Ҳамчунин, дар ин давра бинобар даѓалона вайрон намудани қоидаҳои тартиботи дохилӣ 1 нафар донишиҷў курси 1.02 Чориев Иброҳим Ҷамшедович ва 1 нафар барои давомоти нокифоя аз курси 2 гуруҳҳои КЛМ Раҳмонов Шаҳроз аз сафи донишҷўён хориҷ карда шуданд.

2. Аз моҳи феврал то инҷониб ду ҷаласаи навбатии сарпарастон гузаронида шуд, ки дар он ҳар як сарпараст аз фаъолияти моҳонаи кори худ ҳисоботи хаттӣ дода, дастурҳои заррурӣ гирифтанд. Зимнан, лозим ба таъкид аст, ки бахши тарбияи факултет бо Шўрои сарпарастони факултет дар ҳамбастагӣ фаъолият намуда, дастур ва супоришҳои муҳими Раёсат ва садорати факултетро тавассути сарпарастон амалӣ месозад. Дар ҷаласаҳои сарпарастон ба ҳайати умумии сарпарастон дастур дода шуд, ки дар доираи нақшаи намунавӣ, инчунин оид ба масъалаҳои мубрами ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангии кишвар, аз ҷумла «Соли 2017 – Соли ҷавонон», фаҳмонидани мазмун ва моҳияти қонунҳои миллӣ ва оид ба паҳлуҳои дахлдори Паёми президенти ҶТ дарсҳои тарбиявӣ баргузор намоянд. Ҳамчунин, тавассути сарпарастон вазъи иҷтимоии ятимону бепарасторон пайваста зери назорат қарор гирифта, кумакпулӣ низ расонида мешавад. Чунончӣ аз ҷониби сарпарасти курси 1-ум гуруҳҳои АБВ Буриев Акмал ба як нафар донишҷў Раҳимов Ҳокимшо, ки ятим буда, дар хобгоҳ истиқомат мекунад, рўзи 23-феврал кўмакпулӣ расона шудааст, ки ин фолӣ нек аст.  

2. Масъалаи дигаре, ки самти фаъолияти кори тарбияро фаро мегирад, ин ҳамкори намудани садорати факултет бо Шўрои волидайн мебошад. Мувофиқан, факултети ҳуқуқшиносии ДМТ бо мақсади иҷрои вазифаҳои худ дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Низомномаи донишгоҳ, бо баробари шурўъ гардидани соли таҳсил, нақшаи гузаронидани  ҷаласаҳои волидайни донишҷўёни гурўҳҳои академиро барои соли таҳсили 2016-2017 тарҳрезӣ намуда, ташкил намудани силсила ҷаласаҳои волидайнро барои нимсолаи соли хониши 2017 аз 8-уми апрел дар нақша дорад.   

3. Корҳои тарбиявӣ дар Хобгоҳ низ пайваста ба роҳ монда шудааст. Чунончӣ аз моҳи феврал то инҷониб дар асоси нақшаи навбатдории Хобгоҳ аз ҷониби сарпарастон ва муовинони декан оид ба тарбия дар хобгоҳи №-6 бо донишҷўён вохўриҳои ҳамаррўза доир мегардад. Дар ин вохўриҳо навбатдорон аз ҳолу аҳволи донишҷуён бохабар гардида, дар мавзўҳои худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандўстӣ, ваҳдати миллӣ, одобу ахлоқи ҳамида, нагаравидан ба ҳар гуна равияҳои ифротгароӣ сўҳбатҳо ороста ва аз камбудиҳои мавҷуда бохабар шуда, ба садорати факултет гузориш ирсол менамоянд. Баҳри бартараф намудани ин камбудиҳо садорати факултет чораҷўӣ менамояд. Ҳамзамон, донишҷўёни факултети ҳуқуқшиносӣ дар чорабиниҳои дар Хобгоҳ баргузор гардида, фаъолияти хуб нишон дода, фаъолона иштирок менамоянд. Масалан: санаи 7-уми март бахшида ба иди Модарон дар Хобгоҳӣ №6 мизи мудавар баргузор гардид, ки дар он 1 нафар донишҷуи курси 1 гурўҳҳои АБВ Рустамзода Шукрона дар мавзўи «Зан-модар» баромад намуда ва зиёда аз 30 нафар донишҷуёни факултет дар он иштирок доштанд.

4. Самти дигаре, ки бахши тарбияи факултет фаъол аст, гузаронидани шанбегӣ ва якшанбегиҳо мебошад. Мувофиқи нақшаи тасдиқшудаи Раёсати донишгоҳ ва нақшаи факултет ба таври доимӣ аз 7 январ то 4 март дар маҷўъ 19 маротиба, бо ҷалби беш аз 570 нафар донишҷў барои тозаву озода намудани роҳравҳо ва гирду атрофи синфхонаҳои таълимӣ, инчунин қитъаи замине, ки факултет барои ободонии он масъул мебошад, шанбегиҳо ва якшанбегиҳо гузаронида шудааст. Дар асоси нақшаи нави Раёсати донишгоҳ ва нақшаи садорати факултет аз 5 март то инҷониб ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидани ҳудуди пойтахти кишварамон, шаҳри Душанбе беш аз 11 маротиба дар назди  бинои Амфитеатр шанбегиҳо баргузор гардид.

5. Яке аз корҳои муҳиме, ки дар самти тарбия бар души факултети ҳуқуқшиноси дар нимсолаи дуюм вогузор шуда буд, ин ҷалби донишҷўдухтарон дар чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврўз ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад дар мувофиқа бо садорати факултет ва Раёсати донишгоҳ  аз факултети ҳуқуқшиносӣ 56 нафар духтарон аз курсҳои 1 ва 2-юм,  ки дар басти аввал таҳсил менамоянд, дар чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба таҷлили иди Наврўз, ки санаи 21.03.2017 дар Наврузгоҳи ш. Душанбе баргузор гардид, ҷалб карда шуданд. Ѓайр аз ин, устодону донишҷўёни факултет барои дар сатҳи баланд таҷлил гирифтани ҷашни Наврўз дар Донишгоҳ саҳми арзандаи худро гузоштаанд. Бояд зикр намуд, ки дар доираи ҷашнгирии иди Навруз бо фармоиши Ректори донишгоҳ байни факултетҳо озмуни Хони наврўзӣ баргузор гардид, ки яке аз шартҳои он омода намудани 7 син, 7 шин, 7 мим ва ба намоиш гузоштани таомҳо ва  либосу асбобҳои мусиқии миллӣ мебошад. Тибқи қарори комиссияи санҷишӣ дар ин озмун факултети ҳуқуқшиносӣ ҷойи 2-мро ишѓол намуд.

6. Дар вобастагӣ ба ташвиқу тарѓиби тарзи ҳаёти солим миёни устодону донишҷўёни факултет бошад, аз тарафи садорати факултет чораҳои зарурӣ андешида шудааст. Ин буд, ки бисёре аз донишҷўёни факултети ҳуқуқшиносӣ ба намудҳои гуногуни варзиш машѓул шуда, дар чандин мусобиқаҳои дохилидавлативу байналмилалӣ барандаи ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд. Масалан, донишҷўёни курси 2.02 Исроилова Гулмира дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс миёни занон, ки санаи 18.03.2017 дар ш. Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон шуда гузашт, ҷойи 2-юм, донишҷўи курси 4.01. Муродов Акмал дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштини миллӣ бахшида ба таҷлили Ҷашни Наврўз, ки дар ш. Турсунзода баргузор гардид дар вазни то 80 кг ҷойи 1-ум ва донишҷўи курси 1 гр. ГДЁ – Сафолов Наимҷон дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таеквондо (ВТФ) ҷойи 1-умро ишѓол намуданд, ки ин боиси ифтихори мо аст.

Ѓайр аз ин, дар асоси саъю кўшишҳои пайвастаи декани факултет ин бо мақсади дуруст татбиқ намудани сиёсати тарзи ҳаёти солим миёни устодони факултети ҳуқуқшиносӣ низ чорабиниҳои варзишӣ пайваста ба роҳ монда шуда истодааст. Бо ин мақсад дар толори варзишии мактаби «Байналмилалии президентӣ» байни муаллимони факултет бозии футбол ташкил карда шудааст, ки он дар як ҳафта се маротиба, рўзҳои душанбе, чоршанбе ва ҷумъа баргузор мегардад. Дар ин бозӣ зиёда аз 40 нафар устодони факултет иштирок менамоянд. Иштирокчиёни фаъоли бозии футбол миёни устодон ин Маҳмудов И.Т., Мирзоев П.З. ва Азизов У.А. мебошанд, ки намудаи дигаронанд.

Муовинони декан оид ба

корҳои тарбиявӣ                                                          Саидов И.И.,                 

                                                                                          Қурбонализода Н.Ш.   

                                                                                         Шарифов И.