Маълумоти дуюми олӣ

Тартиби қабул барои маълумоти дуюм

   Тартиби қабул барои маълумоти дуюми факултети ҳуқуқшиносӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» аз 17 майи соли 2004, низомномаи таҳсилоти дуюми олии касбӣ, ки бо қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 31 январи соли 2008 № 2/18 тасдиқ шудааст   ва қоидаҳои қабули донишҷӯён ба Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон барои ҳар як соли таҳсил ба танзим дароварда мешавад.

   Қисмати сеюми қоидаҳои қабули донишҷӯён ба Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2012-2013 барои маълумоти дуюм   бахшида шудааст. Дар ин қисм тартиби қабули довталабон ба  Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон муайян карда шудааст, ки дар як вақт ба довталабони маълумоти дуюми факултети ҳуқуқшиносӣ татбиқ мегардад.

III. Тартиби қабули донишҷӯён барои дарёфти таҳсилоти дуюми олии касбӣ  дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

   33.Дарёфти таҳсилоти дуюми олии касбӣ дар донишгоҳ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» танҳо дар асоси шартнома сурат мегирад.

   34.Барои таҳсилоти дуюми олии касбӣ қабул ба курси сеюм дар ҳолати мувофиқати равия ва ихтисосҳо дар асоси сӯҳбат гузаронида мешавад. Дар ҳолати номувофиқатии равия ва ихтисосҳо вобаста ба теъдоди фарқияти санҷишу имтиҳонҳо (на зиёда аз 7 фарқият, ба истиснои ихтисосҳои роиҷи донишгоҳӣ, ки аз рӯи таҳсилоти дуюми олӣ нақшаи таълимии 3-сола доранд) довталаб ба курсҳои якум ё дуюм қабул карда мешавад.

   35.Довталабоне, ки таҳсилоти якуми олии касбӣ доранд, барои гирифтани таҳсилоти дуюми олии касбӣ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии зинаи таҳсилоти олии касбӣ ва қоидаҳои қабули мазкур дар мӯҳлати муқарраргардида ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод мекунанд:
ариза ба номи ректори Донишгоҳ;

  • дипломи намунаи давлатӣ бо замимааш дар бораи хатми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (нусхаи асл);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ дар хусуси фаъолияти корӣ вобаста ба самт, равия ва ихтисоси интихобкарда;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли №086-У);
  • 6 адад расм (андозаи 3х4 см);
  • шиноснома ё ҳуҷҷат дар бораи тасдиқи шахсият.