Деканҳои факултети ҳуқуқшиносӣ ДМТ

 

  Касаткин Юрий Павлович,  доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор. Солҳои  1957-1961 декани факултети  ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон, ҳамзамон мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноӣ ва мурофиаи ҷиноӣ

буд. Солҳои 1962- 1978 – корманди Суди олии СССР ва  аз соли 1987 дар Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони прокуратураи Русия мудири кафедраи назорати прокурорӣ оид ба баррасии парвандаҳои ҷиноӣ ва гражданӣ дар судҳо кор кардааст.

Муллоев Мансур Муллоевич (1923-1998), хатмкардаи шуъбаи ғоибонаи Донишкадаи ҳуқуқшиносии умумииттифоқӣ (1952) ва аспирантураи АИ ҶТ (1956).

Фаъолияти кориашро соли  1955 дар факултети ҳуқуқшиносӣ   ба ҳайси ассистент оғоз  намудааст. Муллоев  М.М.  соли  1959 – дотсент, соли 1968  доктори илмҳои ҳуқуқ  ва соли 1971   унвони илмии  профессорро соҳиб гардидааст. Солҳои 1959-1961 вазифаи декани факултаи ҳуқуқшиносиро ба уҳда дошт. Се дафъа (1962-1965, 1970-1973 ва 1979-1981) мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ буд.

Муаллифи зиёда аз 120 китоб, рисола ва мақолаю дастурҳои илмию методист. Аз ҷумла: «Таърихи ҳуқуқи ҷиноятӣ дар РСС Тоҷикистон» (1960), «Роли аҳли ҷомеа дар ҳифзи тартиботи чамъиятӣ», «Очеркҳои мухтасар аз таърихи ҳуқуқи чиноятӣ дар Тоҷикистони то револютсионӣ», «Айбдоркунандагони ҷамъиятӣ ва ҳимоятчиёни ҷамъиятӣ дар протсеси ҷиноятӣ», «Хусусиятҳои муайян намудани ҷиноят дар куштори барқасдона», «Аз таърихи муборизаи ҳуқуқӣ ба муқобили ҷинояткорӣ», «Масъулияти ҷиноятӣ дар кори сохтмонҳои бадсифат», «Баъзе хусусиятҳои масъалаҳои системаи Кодекси Ҷиноятии РСС Тоҷикистон», «Мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ дар РСС Тоҷикистон» (1973) ва ғайра. Муаллифи аввалин китоби дуҷилдаи «Тафсири Кодекси Ҷиноятии РСС Тоҷикистон» (қисми умумӣ, 1969, қисми махсус, 1988). Ҳамчун иштирокчии  ҶБВ (1941-1945) бо ордену медалҳо ва дигар ҷоизаҳои ҳукуматӣ мукофотонида шудааст.

    Гимпелевич Роман Савелевич (1920-1980), номзади илмҳои ҳуқуқ, профессор.  Соли  1950 ба Тоҷикистон омада, солҳои 1956-1975 дар факултети ҳуқуқшиносии  ДДТ фаъолият кардааст. Гимпелевич Р.С. тули 20 сол мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва хуқуқ буд. Саҳми Р.С. Гимпелевич дар тайёр намудани кадрҳои ҳуқуқшинос барои Тоҷикисон бисёр назаррас аст.  Зери роҳбарии  Гимпелевич Р.С. 15 нафар номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ  гардидаанд. Ба қалами Гимпелевич Р.С  2 монография, зиёда аз 100 мақолаи илмӣ, яканд барномаи таълимиву дастурҳои методӣ таълиф гардида ба чоп расидааст.
   Розиқов Шариф  Розиқович (1923-1988). соли 1949  мактаби ҳуқуқшиносии  Сталинободро хатм намудааст. Солҳои 1947-1949- корманди Суди Тоҷикистон ва солҳои 1961-1965- декани факултети ҳуқуқшиносии ДДТ-ро ба уҳда дошт.

Соли 1970   дарҷаи илмии доктори  илмҳои ҳуқуқро дифоъ намудааст.  Солҳои 1974-1979  дар вазифаи  мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии факултети ҳуқуқшиносӣ кор кардааст.

   Мавлонов Абдуманнон (1931-1980), хатмкардаи факултети ҳуқуқшиносии ДДТ (1953),   номзади илмҳои  ҳуқуқ (1961), дотсент (1964).  Ба ҳайси ассистенти кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи ДДТ ба фаъолияти омузгорӣ шуруъ карда, то охири соли 1964 вазифаи дотсентиро ба ҷо овардааст. Солҳои 1965-1967 декани факултаи ҳуқуқшиносӣ буд. Аз соли  1970 то поёни умр  мудири кафедраи хуқуқи давлат ва сохтмони советӣ буд. Солҳои зиёде ба Шӯрои илмиву методии ҷамъияти «Дониш»-и ҷумҳурӣ роҳбарӣ  кардааст.
   Қосимов Садридцин (1927-2011),  хатмкардаи Мактаби дусолаи ҳуқуқшиносии   Комиссариати  халқии адлияи Тоҷикистон (1944) ва Донишкадаи ҳуқуқшиносии шаҳри Москва (1949).  Номзади илмҳои ҳуқуқ (1961), муаллими хизматнишондодаи ҶТ. Баъди хатми таҳсил дар вазифаҳои гуногуни мақомоти  адлияи ҷумҳурӣ фаъолият кардааст. Соли 1961 ба фаъолияти омузгорӣ дар ДДТ cap кард. Дар тули солҳои  1965-1970 ва 1980-1994 мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ буд. Ҳамчунин солҳои  1967-1969 вазифаи декани факултети  ҳуқуқшиносиро низ ба ҷо меовард. Аз соли 1994 то дами вопасини ҳаёт дар вазифаи дотсенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ  кор кардааст.  Қосимов С.  дар омода кардани лоиҳаи Конститутсияи солҳои  1987 ва 1994 дар ҳайати Комиссияи Шӯрои Олии ҶТ иштирок кардааст. Ба қалами ӯ зиёда аз 170 китобу мақола ва тақризҳо тааллуқ дорад. Ў дорандаи нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1957) буда бо 6 ифтихорнома, медали «Собиқадори меҳнат», медалҳои 50- солагӣ ва 60- солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватани солҳои 1941-1945 мукофотонида шудааст.
   Усмонов Очилбой Усмонович (1930-2006), доктори илмҳои ҳуқуқ (1977), профессор (1979), узви вобастаи АИ ҶТ (1989), Ҳуқуқшиноси шоистаи ҶТ (1991), Арбоби илму техникаи ҶТ (1996). Хатмкардаи ДДТ (1955). Аз соли хатми донишгоҳ дар ҳамин ҷо ба фаъолияти омӯзгориву илмӣ пардохтааст: муаллим (1955), му-аллими калон (1960), дотсент (1965), профессор (1979). Солҳои 1975-1980 декани факултаи ҳуқуқшиносй буд. Аз соли  1972 то поёни умр  мудири кафедраи ҳуқуқи гражданӣ буд. Ў ба ҳайси узви Кумитаи назорати конститутсионии СССР (с. 1989 интихоб шуда буд), узви Шӯрои илмию машваратии Суди Олии ҶТ, Прокуратураи Генералии ҶТ, сардори гурӯҳи корӣ оид ба тайёр кардани лоиҳаи Кодекси гражданин ҶТ, узви Комиссияи коршиносии Раёсати Маҷлиси Олии ҶТ оид ба лоиҳаҳои конунгузорӣ фаъолият кардааст. Муаллифи зиёда аз 162 таълифоти илмӣ, илмиву оммавӣ, китобу дастурҳои таълимию методӣ ва мақолаҳо мебошад. Бо роҳбарии ӯ 6 доктору номзадҳои илм соҳиби рутбаву унвони илмӣ гардидаанд. Дорандаи нишонҳои сарисинагии «Аълочии маорифи халқи ҶТ» ва «Аълочии таҳсилоти олии СССР» буд.
  Ҷалилов Ҷаббор (1935-1990),  хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Москва (1957), номзади илмҳои ҳуқуқ.

Аз соли 1958 муаллими кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва мурофиаи граждании ДДТ буд. Солҳои 1972-1975- декани факултети ҳуқуқшиносӣ, 1975-1978- ноиби ректор оид ба таҳсили гоибона. Соли  1979 ҷонишини вазири маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси Тоҷикистон буд. Сипас бори дигар ба ДДТ омада вазифаи декании факултети  ҳуқуқшиносиро ба ҷо овард. Аз соли  1989 то поёни умр мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ буд. Ҷалилов Ҷ. бо як қатор  мукофотҳои ҳукуматӣ сарфароз шудааст.

   Ямоқова Зумрад Дадаҷоновна (тав. 01.09. 1937),  номзади илмҳои ҳукуқ (1971), дотсент (1974).

Корманди шоистаи ҶТ. Хатмкардаи факултети ҳуқуқшиносии ДДТ(1960). Баъд аз хатми таҳсил дар ҳамин донишгоҳ ба фаъолияти омӯзгорӣ  пардохтааст: солҳои 1960 -1972 лаборант, коршинос ва коршиноси калони лабораторияи экспертизаи ДДТ ва сардори шуъбаи экспертизаи хатшиносии лабораторияи экспертизаи Вазорати адлияи ҶТ буд. Аз соли  1972 муаллими калон ва аз соли  1974 дотсенти ДДТ. Солҳои 1982-1985 вазифаи декании факултети ҳуқуқшиносиро бар уҳда дошт. Ямоқова З.Д. муаллифи китобу дастурҳо ва зиёда 80 мақолаи илмист. Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи нишонҳои сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» ва «Барои муваффақиятҳои аъло дар  кор».  Бо медалҳои «Барои меҳнати шоиста», «Хизмати шоиста», ва «Собиқадори меҳнат» мукофотонида шудааст.

   Бобоназарова Ойниҳол  (тав. 10. 06.1948), хатмкардаи ДДТ (1971) ва аспирантураи он (1976).  Номзади илмҳои ҳуқуқ (1984). Фаъолияти меҳнатиашро аз идораи Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Советии Тоҷикистон (1971-1972) оғоз намуда  соли  1976 ба кори илмиву педагогӣ ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон гузашт. Солҳои  1976-1996- ассистент, муаллими калон ва дотсенти  кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ буд. Солҳои  1989-1993 вазифаи декани факултети ҳуқуқшиносиро ба уҳда дошт. Бобоназарова О.Б. солҳои  1996-2005 корманди Миссияи Тоҷикистонии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва солҳои  2005-2007- Раиси Бунёди байналмиллалии Сорос кор кардааст. Аз соли  2007 инҷониб  раиси Иттиҳодияи ҷамъиятии фонди «Перспектива плюс»-ро ба уҳда дорад.
  Исмоилов Шавкат Маҳмудович (тав. 12.05.1951 ш. Душанбе) доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин. Ходими давлатӣ. Соли 1978 рисолаи номзадӣ (МГУ В.М.Ломоносов) ва соли 1990 рисолаи докториро дифоъ намудааст. (Алма-ато Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи улуми Қазоқистон). Аз соли 1978-1982 дар вазифаи ассистент, муаллими калон (1982-1985), дотсент (1985-1990), профессор (1991) мудири  кафедраи «Ҳуқуқи тиҷоратӣ ва соҳибкорӣ» ДДТ (1991-1994), декани факултаи хориҷиҳои ДДТ (1986-1991), декани факултети «Ҳуқуқшиносӣ»-и ДДТ (1993) кор ва фаъолият намудааст.

Солҳои 1993 то 2001 ба ҳайси Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.

Солҳои 2001-2005 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Раиси кумитаи мудофиа, амният ва тартиботи ҳуқуқӣ) интихоб гардидааст. Ходими хизматнишондодаи илм ва техника, Мушовири Давлатии адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Медали «Бахшида ба 10-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2002).

Аз соли 2001 то инҷониб мудири кафедраи «Ҳуқуқии иқтисодӣ ва молиявӣ»-и Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистонро ба ӯҳда дорад.
Муаллифи 9 монография, 11 китоби дарсӣ ва  зиёда аз 200  мақолаи илмӣ мебошад, ки дар рӯзномаю маҷаллаҳои дохилӣ ва хориҷӣ рӯи чоп омадаанд.
Исмоилов Ш.М. аъзои Шӯрои диссертатсионии оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ дар соҳаи ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Эксперт оид ба масъалаҳои сиёсати энергетикии давлатҳои узви ЕврАзес ва ШОС. Академики академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии илмҳои Русия (2000), мебошанд.

Аъзои ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Ҳуқуқи энергетикӣ» (МГУ В.М. Ломоносов) ва «Иқтисодиёти Тоҷикистон: стратегияи тараққиёт» мебошад.

Узви гурӯҳи корӣ оид ба кор карда баромадани Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба кор карда баромадани қисми I Кодекси Граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  Маҳмудов Маҳкам Аъзамович  соли 1957  таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1979 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос бо дипломи аъло хатм намудааст.

Солҳои 1979 – 1998 ассистент, аспирант, муаллими калон, дотсент, профессори кафедраи ҳуқуқи граждании Университети давлатии Тоҷикистон ва аз соли 1993 то соли 2006 дар вазифаи Декани факултети ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон кор кардааст.

13 ноябри соли 1986 унвони илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва 23 октябри соли 1991 аттестати дотсенти кафедраи ҳуқуқи гражданиро сазовор гардидааст. 19 июни соли 1998 бошад, унвони илмии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва 18 октябри соли 2000 аттестати профессори кафедраи ҳуқуқи гражданӣ дода шудааст.

Солҳои 1990 – 1995 вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе интихоб гардидааст. Соли 2002 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дуюм) таъин гардидааст. 25 марти соли 2005 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати сеюм) таъин гардида, 15 апрели соли 2005 дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати сеюм Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният интихоб шуд.

Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 феврали соли 2006 муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 14 январи соли 2008 бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини аввали Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Дар асоси пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати сеюм 18 майи соли 2009 Маҳмудов Маҳкам Раиси Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

25 феврали соли 2004 узви вобаста ва соли 2008 Академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст. Муаллифи зиёда аз 50 китоб ва 250 асарҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад.

Маҳмудов М.А. бо мукофотҳои давлатии Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II, Ордени «Содружество», бо медали ҷашнии «20-солагии Истиқло-лияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар ифтихорномаю медалҳо сарфароз гардидааст.

   Холиқов Кароматулло Нарзуллоевич (1957-2011), солҳои 1975-1980  дар   факултети ҳуқуқшиноси ДДТ ба номи В.И. Ленин таҳсил намудааст.

Баъди хатми ДДТ тули 2 сол, аввал вазифаи  муҳаррир ва  баъдан муҳаррири  илмии идораи фалсафа ва  ҳуқуки  Комуси  Шӯравии Тоҷикро ба иҷро расонидааст. Соли 1982  дубора ба  факултети ҳуқуқшиносӣ бармегардад ва  дар вазифаҳои  ассистент,  муаллими калон, дотсенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ, иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ ва  декани факултети ҳуқуқшиносӣ  кор кардааст. Аз соли 1984 инҷониб ба уҳдаи Кароматулло Холиқов  вазифаи масъули роҳбарии ҷараёни таълиму тарбия вогузор гардида буд. Чунончӣ, солҳои 1984-1986, 1988-1993 ӯ ба ҳайси  ҷонишини декан оид ба шӯъбаи рӯзона, шабонаю ғоибона, оид ба кори  донишҷӯёни хориҷӣ ва тарбия фаъолият намудааст. Аз соли 1995 то 2001-ум вазифаи ҷонишини декан оид ба  таълимро ба уҳда дошт. Солҳои 2001-2002 сардори қисми  таълими ДДМТ, 2005-2006 иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи ҳуқуки конститутсионӣ ва аз моҳи феврали соли 2006 то охирин лаҳзаи ҳаёт  вазифаи декани факултети ҳуқуқшиносиро  ба уҳда дошт.

Доираи тадқиқоти илмии Кароматулло Холиқов масъалаи  пайдоишу инкишоф ва ҳолати ҳуқуқии назорати конститутсионӣ  дар ҷумҳурист. Оид ба мавзӯи мазкур ӯ соли 1996 таҳти роҳбарии доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Ф.Т. Тоҳиров рисолаи  номзадӣ ҳимоя кардааст. Ба қалами ин Холиқов К.Н. як монография ва  беш аз 20 мақолаи илмӣ таалуқ дошта, ӯ борҳо дар  маҷмааву ҷамъомадҳои  илмии байналхалқӣ маърӯзаҳои илмӣ намудааст.

Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин – Декани факултети ҳуқуқшиносӣ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор (солҳои 2011-2016)

Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин соли 1990 Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Т.Г. Шевченкоро хатм намудааст. Пас аз хатми мактаби олӣ ӯ солҳои 1990-2006 ба ҳайси ассистент, муаллими калон ва сипас мудири кафедраи ҳуқуқшиносӣ ва методикаи таълими ҳуқуқшиносии ДДОТ ба номи С.Айнӣ фаъолият кардааст.

Соли 2003 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм намуда то соли 2006 ба ҳайси унвонҷӯи шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти илмӣ намудааст.

Моҳи сентябри соли 2006 ба вазифаи муаллими калони кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба кор омадааст.

Моҳи апрели соли 2008 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Масоили ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ дар шароити густариши давлати демократӣ дар Тоҷикистон» ҳимоя намудааст.

Моҳи сентябри соли 2014 рисолаи докториашро дар мавзӯи «Ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ дар ҶТ дар шароити тақвияти тафриқаҳои фарҳангӣ-тамаддунӣ: масоили назария ва амалия» ҳимоя намудааст.

Солҳои 2007-2009 муовини декан оид ба тарбияи факултети ҳуқуқшиносӣ ва аз моҳи сентябри соли 2009 муовини декан оид ба таълим дар факултети мазкур кор кардааст. Аз моҳи августи соли 2011 то моҳи марти соли 2016дар вазифаи декани факултети ҳуқуқшиносӣ кор кардааст.

Вобаста ба мавзӯи илмӣ зиёда 60 мақола, 4 монография, 4 барномаи таълимӣ ва якчанд воситаҳои таълимиро дар ҳамуалифӣ бо дигар устодони факултет навиштааст.

Дар замони роҳбарии ӯ тағийроту таҳаввулоти ҷиддӣ дар ҳаёти таълимӣ, илмӣ ва тарбиявии факултети ҳуқуқшиносӣ ба вуқуъ пайваст. Дар ин давра аз ҷониби устодон беш аз 2000 номгӯи осори арзишманди илмию таълимӣ ва методӣ таълиф шуда, 44 рисолаи илмӣ (9 рисолаи докторӣ ва 35 рисолаи номзадӣ) ҳимоя шуданд.