Кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ

Мудири кафедра — н.и.ҳ., дотсент, Сулаймонзода Манучеҳр
Суроға:735000, ш. Душанбе, куч. Буни Ҳисорак, бинои 11, ошёнаи 4, утоқҳои 407, 414, 416.
Телефон:224-35-19
E-mail:jurabek0376@mail.ru

Таърихи кафедра

   Яке аз зуҳуроти инкишофи минбаъдаи маълумоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳи кафедраи ҳуқуқи давлатӣ ва сохтмони шӯравии факултети ҳуқуқи ДДТ(соли 1962)  мебошад. Кафедра дар заминаи кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ ба вуҷуд омада нахустин мудири он дотсент  Г.Н. Манов буд. Баъди ҳиҷрати ӯ дар соли 1966, дотсент  С.М. Қосимов ба вазифаи мудири кафедра таъин гардид.  Соли 1971 дотсент А.Н.Мавлонов, соли 1990 доктори илмҳои ҳуқуқ Н.Б.Бобоҷонов, соли 1994 дотсент А.И. Имомов,  соли 2005 иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра К.Н.Холиқов, соли 2006 дотсент Х.Ойев  ва соли 2011 ба вазифаи мудири кафедра дотсент Диноршоев А.М. интихоб гардидаанд.

   Дотсентони кафедра А.М.Мавлянов, С.М.Қосимов,  К.Н.Холиқов солҳои дароз сарварии факултетро ба ӯҳда доштанд.    Дар кафедра силсилаи курсҳои махсуси масоили муҳими конститутсионӣ- ҳуқуқӣ хонда мешаванд.

   Ба хотири таъмин намудани раванди таълим бо китобҳо аз тарафи муаллимони кафедра як қатор китоб ва васоити таълимӣ ба табъ расидаанд.

   Масалан, соли 1962 дотсент С.М.Қосимов китоби «Шӯроҳои шаҳрии депутатҳои меҳнаткашон дар марҳалаи ҳозира»-ро ба чоп расонд. Соли 1972 дотсент  А.М.Мавлонов  китоби «Мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатии Тоҷикистон дар даврони сохтмони социализм», соли 1981 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1984 китоби «Нақшаҳо оид ба ҳуқуки давлатӣ ва сохтмони советӣ», соли 1986 дотсент А.И.Имомов китоби «Шахсият: ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ», соли 1997 китоби «Ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои инсон ва шаҳрванд», соли 1998 китоби «Проблемы конституционного развития Республики Таджикистан (1992-1998 гг.)» соли 2001 китоби «Интихобот ва парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон», соли 2003 китоби «Укрепление государственности и формирование гражданского общества в Таджикистане» ва якчанд дигар китобҳо ва васоитҳои таълимиро ба нашр расонидаанд. Дотсент А.И.Имомов муаллифи китоби дарсии «Ҳуқуқи конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Инчунин дар кафедра аз тарафи устодон якчанд васоити таълимӣ ба нашр расидаанд. Аз ҷумла, дотсент Х.Ойев «Хидмати давлатӣ»; К.Н.Холиков «Становление и развитие института конституционного надзора в Республике Таджикистан» ва «Конституционное судопроизводство в Республике Таджикистан», Б.С.Гадоев «Референдум как институт конституционного права», «Правовые проблемы организации и проведения референдума в РТ»;  А.М.Диноршоев «Соблюдение права на жизнь в Республике Таджикистан в аспекте применения смертной казни», «Конституционно-правовые основы разделения властей в Таджикистане»; Якубова С «Маджлиси Оли –парламент Республики Таджикистан».

   Соли 1992 кафедраи ҳуқуқи давлатӣ ва сохтмони шӯравӣ ба номи «Ҳуқуқи конститутсионӣ» тағйир дода шуд. Як қатор муаллимони кафедра соли 1994 дар таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намудаанд.

Фаъолияти илмӣ

   Ҳоло кафедра тамоми нерӯи худро барои эҷоди базаи таълимӣ-методии ихтисосҳои кафедра: масоили таҳқиқи илмии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инкишофи низоми намояндагӣ дар партави амалӣ сохтани принсипҳои тақсими қудрат муттамарказ сохтааст. 

   Дар солхои охир кафедра ба якчанд дастовардҳои илмӣ сазовор шуд.  Дотсент А.И.Имомов бо унвони «Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дотсент Холиқов К.Н. бо медали «Меҳнати шоиста» сарфароз гардонида шуданд. Инчунин се муаллими кафедра  Б.С. Гадоев, А.М. Диноршоев  дар Донишгохи Давлатии  Маскав ба номи М.В. Ломоносов ва С.Н.Якубова дар Академияи давлатии ҳуқуқии шаҳри Москва рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанд.

Фаъолияти омӯзгорӣ

Фанҳои таълимӣ:

  • Ҳуқуқи конститусионии ҶТ;
  • Ҳуқуқи маъмурӣ ва мурофиаи маъмурии ҶТ;
  • Ҳуқуқи конститусионии мамлакатҳои хориҷӣ;
  • Низоми намояндагӣ;
  • Ҳуқуқи маъмурии  ҶТ ва мамлакатҳои хориҷӣ;

Фанҳои тахасусӣ:   

  • Ҳуқуқи парлумонӣ;
  • Хидмати давлатӣ;
  • Падидаи демократияи бевосита;
  • Мурофиаи маъмурӣ;
  • Мурофиаи Суди конститутсионӣ.