Кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ

Мудири кафедра — д.и.ҳ., профессор, Азиззода Убайдулло Абдулло
Суроға:735000, ш. Душанбе, куч. Буни Ҳисорак, бинои 11, ошёнаи 4, утоқҳои 512, 518.
Телефон:224-69-29
E-mail:kafedra.120001tj@mail.ru

Таърихи кафедра

Кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ яке аз нахустин кафедраҳо дар факултет ба шумор рафта, соли 1948 ташкил ёфтааст. Кафедра таълими фанҳои назарияи давлат ва ҳуқуқ, проблемаҳои назарияи давлат ва ҳуқуқ, таърихи афкори сиёсию ҳуқуқӣ, таърихи давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистон, таърихи давлат ва ҳуқуқи мамлакатҳои хориҷӣ ва як қатор курсҳои махсусро таъмин менамояд.

 Кормандони аввалини кафедра хатмкунандагони донишгоҳҳои Москва, Ленинград ва Институти ҳуқуқи Харков – В.Г. Гранберг, В.М. Лутский, Р.С. Гимпелевич, Л.С. Явич ва дигарон буданд. Нахустин мудири кафедра В.Г. Гранберг буд. Солҳои 1958-1959 В.М. Лутский ва аз соли 1959 то сентябри соли 1974 кафедраро дотсент Р.С. Гимпелевич сарварӣ намуданд. Дар солҳои минбаъда вазифаи мудири кафедраро дотсент Ҳасанов С.Ҳ., дотсент Ҳамидов Х.Ҳ., профессор Тоҳиров Ф.Т., дотсент Азизқулова Г.С. ва профессор Шарофзода Р.Ш., (Сотиволдиев Р.Ш.) адо кардаанд. Айни замон  масъулияти мудири кафедраро доктори илмҳои ҳуқукшиносӣ, профессор Азиззода У.А. бар душ доранд.

Дар кафедра хатмкунандагони факулта Ф.Т. Тоҳиров, С.Ҳ, Ҳасанов,  О.Б. Бобоназарова, Р.Х. Холиқов, Х.Ҳ. Ҳамидов, З. Ализода, А.Ғ. Холиқзода, И.Д. Сафаров  кор кардаанд.

Аз солҳои 70-80-уми асри гузашта тарбияи  кадрҳои илми-педагогии миллӣ оғоз гардида, дар заминаи кафедра Шурои диссертатсионӣ оид ба дифои рисолаҳои номзади ифтитоҳ меёбад, ки раисии онро  ректори ҳамонвақтаи Донишгоҳ, устоди кафедра академик С.А. Раҷабов ба ӯҳда доштанд. Таҳти роҳбарии ӯ олимон – С.М. Қосимов, А.М. Мавлонов, Ш.Р. Розиқов, А.И. Имомов, Р.Х. Холиқов ва дигарон рисолаҳои номзадӣ дифоъ карданд.

Дар давраи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кафедра барои омода намудани муттахассисони баландпояи илмӣ-омӯзгорӣ корҳои зиёдеро анҷом дода истодааст. Дар ин давра Р.Ш. Шарофзода, А.Г. Холиқзода, Э.С. Насриддинзода, У.А. Азиззода рисолаҳои докторӣ ва И.Д. Сафаров, И.Р. Шодизода, И.И. Камолзода, А.З. Куканов, Ш.Ш. Давлатзода, С.Ш. Шарифзода, Д.К. Иброҳимзода, З. М. Азимова ва дигарон рисолаҳои номзадии худро дар заминаи кафедра дифоъ намуданд.  

Дар назди кафедра беш аз 20 нафар аспирантону унвонҷӯён таҳти роҳбарии устодони кафедра профессор Шарофзода Р.Ш., профессор Азиззода У.А., профессор Насриддинзода Э.С., дотсент Куканов А.З. диссертатсияҳои номзадӣ ва докторӣ навишта истодаанд.

Айни замон дар кафедра устодони пуртаҷриба узви вобастаи АМ ИТ Насриддинзода Э.С., профессор Шарофзода Р.Ш., профессор Азиззода У.А., профессор Ализода З., дотсент Шодиён И.Р., дотсент Камолзода И.И., дотсент Куканов А.З., дотсент Шарифзода С.Ш., н.и.ҳ., Иброҳимзода Д.К., н.и.ҳ. Азимова З.М. ассистент Розиқзода Д. ба фаъолияти илмӣ-омӯзгорӣ машғуланд.

Дар ин солҳо аз ҷониби устодони кафедра даҳҳо монография, китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълимӣ ва мақолаҳои илмӣ нашр гардидаанд. Аз ҷумла, бо қалами академик С.А. Раҷабов асарҳои «РСС Тоҷикистон-давлати соҳибистиқлоли шӯравӣ» (1957), «Назарияи давлат ва ҳуқуқ» (китоби дарсӣ бо ҳаммуаллифии профессор С.Я. Явич, 1969) ва ғайра, ҳамчунин китоби Р.С. Гимплевич «Барқароршавии демократияи сотсиалистӣ дар Тоҷикистон», (1967) профессор Тоҳиров Ф.Т. (Низоми ҳуқуқии Тоҷикистон, Тарихи давлат ва ҳуқуқи мамлакатҳои хориҷӣ ва диг.), профессор Шарофзода Р.Ш. (Назарияи давлат ва ҳуқуқ, Проблемаҳои назарияи давлат ва ҳуқук, таърихи афкори сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ва диг.), профессор Холиқзода А.Ғ. (Таърихи давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистон, Низоми ҳуқуқи зардуштӣ ва диг.) профессор Насриддинзода Э.С. (Таърихи давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистон), профессор Азиззода У.А. (Инкишофи фаъолияти қонунгузорӣ дар Тоҷикистон, Таърихи давлат ва ҳуқуқи мамлакатҳои хориҷӣ ва диг.) чоп шудаанд.

Фаъолияти илмӣ

     Кафедра дар самти қонуниятҳои умумии ташаккул, инкишоф ва амали давлат ва ҳуқуқ, проблемаҳои умуминазариявӣ ва таърихӣ-ҳуқуқии инкишофи  давлативу ҳуқуқии Тоҷикистон фаъолияти илмӣ меборад. Дар доираи  самти зикршуда устодони кафедра таҳти роҳбарии илмии академик Тоҳиров Ф.Т. ва профессор Сотиволдиев Р.Ш. оид ба проблемаҳои ташаккулу инкишоф, самтҳо ва дурнами рушди низоми давлативу ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар шароити ҷахонишавӣ ва хамгироии ҳуқуқӣ,  аз ҷумла инкишофи фаҳмиши давлат ва ҳуқуқи муосир, низоми ҳуқуқ, низоми ҳуқуқӣ, низоми қонунгузорӣ, мураттабсозӣ, кодификатсия ва техникаи қонунгузорӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқӣ фаъолияти илмиро анҷом медиҳад. Аз ҷониби устодони кафедра шумораи зиёди монографияиҳои илмӣ, мақолаҳои илми нашр шудаанд.  Ҳамчунин бо мақсади таъмин ва такмили раванди таълим бо қалами устодони кафедра якчанд китобҳои дарсӣ ва васоити таълимӣ доир ба ҳамаи фанҳои таълимии кафедра нашр шудаанд.

  Фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии кафедра ба ду давра тақсим мешавад: 1) давраи шӯравӣ; 2) давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон. Замони шӯравӣ аз чониби олимони ка- федра В.Г. Гранберг, В.М. Лутский, Р.С. Гимпелевич, Л.С. Явич, С.А. Раҷабов, В.Г. Мавлонов, С.М. Қосимов, С.Ҳ. Ҳасанов, Ф.Т. Тоҳиров, Р.Х. Холиқов, Л.И. Зимина, Х.Ҳ. Ҳамидов, О.Б. Бобоназарова, Г.С. Азизқулова, Р.Ш. Сотиволдиев ва дигарон садҳо асарҳои илмӣ таълиф шудаанд, ки дар ташаккул ва инкишофи илми ҳуқуқшиносӣ саҳми назаррас доранд. Анъанаҳои илмии кафедраро дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон академики АИ ҶТ, профессор Ф.Т. Тоҳиров, профессорон Р.Ш. Сотиволдиев, А.Ғ. Холиқзода, Э.С. Насриддинзода, дотсентон Р.Х. Холиқов, Г.С. Азизқулова, У.А. Азиззода, И.Д. Сафаров, И. Шодизода, И. Камолзода, А. Куканов, Ш. Давлатзода, Д. Ибрагимов, С. Шарифзода, З. Азимова идома дода, ба комёбиҳои назарраси илмӣ муваффақ гаштанд. Айни ҳол таҳқиқоти илмӣ-методологии назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистон бо дарназардошти хатарҳо ва таҳдидҳои глобалӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ самти афзалиятноки фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии кафедраро ташкил медиҳад.

   Бо мақсади таъмини раванди таълим дар кафедра  фанҳои «Назарияи давлат ва ҳуқуқ», «Таърихи давлат ва ҳуқуқи мамлакатҳои хориҷӣ», «Таърихи давлат ва ҳуқуқи  Тоҷикистон», «Проблемаҳои назарияи давлат ва ҳуқуқ», «Таърихи афкори сиёсӣ ва ҳуқуқӣ», инчунин  фанҳои тахассуси «Низоъшиносии ҳуқуқӣ», «Проблемаҳои тарбияи ҳуқуқӣ», «Фаъолияти қонунгузорӣ: паҳлуҳои назариявӣ-амалӣ», «Сарчашмаҳои ҳуқуқ»  омӯхта мешаванд

    Кафедраи мазкур – кафедраи умуминазариявии факултети ҳуқуқшиносӣ буда, дар омода намудани кадрҳои ҳуқуқшинос барои  сохаҳои гуногуни амалияи ҳуқуқшиносӣ аз ҷумла фаъолияти қонунгузорӣ, ҳуқуқэҷодкунӣ, қонунэҷодкунӣ, мураттабсозии қонунгузорӣ, техникаи қонунгузорӣ, идораи давлатӣ, ҳуқуқтатбиқсозӣ, тарбияи ҳуқуқӣ ва ғ., инчунин тарҳрезӣ ва амалӣ намудани сиёсати ҳуқуқии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон саҳми калон дорад. Донишҳои умуминазариявӣ дар фаъолияти минбаъдаи ҳуқуқшиносон дар мақомоти давлатӣ, идораҳо ва муассисаҳои давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо зимни пешбурди фаъолияти амалии ҳуқуқӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлат ва ҷомеа  васеъ истифода мешавад.

Фанҳои таълимӣ:

  • Назарияи давлат ва ҳуқуқ;
  • Таърихи давлат ва ҳуқуқи мамлакатҳои хориҷӣ;
  • Таърихи давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистон;
  • Проблемаҳои назарияи давлат ва ҳуқуқ;
  • Таърихи афкори сиёсӣ ва ҳуқуқӣ;

Фанҳои тахасусӣ:

  • Низоъшиносии ҳуқуқӣ;
  • Проблемаҳои тарбияи ҳуқуқӣ;
  • Фаъолияти қонунгузорӣ: паҳлуҳои назариявӣ-амалӣ;
  • Сарчашмаҳои ҳуқуқ».

 Оид ба фаъолият ва дастовардҳои кафедра

      Кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ аз нахустин кафедраҳои факултети ҳуқуқшиносӣ буда, ҳанӯз соли 1949-ум таъсис дода шуда буд. Муассисони кафедра олимони варзида ва шинохтаи илми ҳуқуқшиносии шӯравӣ – В.Г. Гранберг, В.М. Лутский, Р.С. Гимпелевич, Л.С. Явич, С.А. Раҷабов ва дигарон буданд. Онҳо дастпарварони донишгоҳҳои Маскав, Ленинград, Харков ва Тошкент ба шумор мерафтанд. Нахустин мудири кафедра В.Г. Гранберг буд. Солҳои 1958-1959 В.М. Лутский, аз соли 1959 то моҳи сентябри соли 1974 дотсент Р.С. Гимпелевич дар ин вазифаи пурмаҳсул кор карданд. Сипас, дар вазифаи мудири кафедра дотсент Ҳасанов С.Ҳ., дотсент Ҳамидов Х.Ҳ., профессор Тоҳиров Ф.Т., дотсент Азизқулова Г.С. кор кардаанд. Ҳоло мудири кафедра доктори илмҳои ҳуқукшиносӣ, профессор Сотиволдиев Р.Ш. мебошад. Олимони номбурда дар таъсиси кафедра ва тарбияи нахустин кадрҳои миллии ҳуқуқшинос саҳми шоиста гузоштаанд. Дар давраи ташаккули кафедра хатмкунандагони факултет А.М. Мавлонов, С.М. Қосимов, А.И. Имомов, С.Ҳ. Ҳасанов, Ф.Т. Тоҳиров, Р.Х. Холиқов, Л.И. Зимина, О.Б. Бобоназарова, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Маскав Х.Ҳ. Ҳамидов ва дигарон дар кафедра ба кор монда, корҳои илмӣ-таҳқиқотии хешро пеш бурдаанд ва дар инкишофи илми ҳуқуқшиносӣ қадамҳои аввалин гузоштаанд. Дар таъсису равнақи бемайлони кафедра саҳми академики АИ ҶШС Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло ДМТ) Солеҳ Ашӯрхоҷаевич Раҷабов калон аст. Мавсуф ба ҳайси устоди кафедра солҳои 1950-1980-ум барои донишҷӯёни факултет аз фанни «Назарияи давлат ва ҳуқуқ» дарси лексионӣ мегузаштанд. Солҳои фаъолияти академик С.А. Раҷабов дар ҳаёти кафедра, факултет ва донишгоҳ давраи камолоти тарбияи кадрҳои илмиву омӯзгорӣ гардид. Дар Шӯрои диссертатсионӣ, ки бо саҳми академик С.А. Раҷабов ташкил гардид, як зумра муҳаққиқон – А.М. Мавлонов, С.М. Қосимов, Ш.Р. Розиқов, Ф.Т. Тоҳиров, Р.Х. Холиқов, Л.И. Зимина, С.Ҳ. Ҳасанов, А.И. Имомов, Н. Бобоҷонов, Н. Ҳувайдуллоев ва дигарон рисолаҳои номзадии хешро дифоъ намуданд. Солҳои 1970-1980-ум роҳбарии кафедраро номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент С.Ҳ. Ҳасанов ба уҳда гирифт. Солҳои роҳбарии ӯ ба кафедра хатмкардагони факултет Г.С. Азизқулова, Р.Ш. Сотиволдиев, З. Ализода ба кор қабул шуданд ва ба фаъолияти илмиву омӯзгорӣ шурӯъ намуданд. Солҳои минбаъда сарварии кафедраро дотсент Х.Ҳ. Ҳамидов, профессор Ф.Т. Тоҳиров, дотсент Г.С. Азизқулова ба зимма доштанд. Аз соли 2002-ум инҷониб кафедраро профессор Р.Ш. Сотиволдиев роҳбарӣ мекунад. Солҳои 1990-2000-ум ба кафедра якчанд ҷавонони хушсалиқа, хатмку- нандагони факултети ҳуқуқшиносӣ И.Д. Сафаров ва А.Ғ. Холиқзода ба кор шурӯъ намуданд. Солҳои 2000-ум барои кор дар кафедра хатмкардагони факултет И. Шодизода, И. Камолзода, А. Куканов, У.А. Азиззода, Э.С. Насриддинзода, сипас, Ш. Давлатзода, Д. Қ. Ибрагимов, С. Шарифзода, Азимова З.М. ба корҳои илмӣ-омӯзгорӣ шурӯъ намуданд.

Ҳайати амалкунандаи кафедра.

Дар кафедра айни замон устодони пуртаҷриба, аз ҷумла академики АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Тоҳиров Ф.Т., мудири кафедра, профессор Сотиволдиев Р.Ш., узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Насриддинзода Э.С., дотсентон Азизқулова Г.С., Камолзода И.И., Шодизода И.И., Куканов А.З, инчунин устодони ҷавон Шарифзода С.Ш., Ибрагимов Д.Қ., ки айни ҳол рисолаҳои номзадиашонро ҳимоя намуданд, Азимова З.М. фаъолияти илмӣ-омӯзгориашонро идома медиҳанд. Солҳои тӯлонӣ вазифаи лаборанти кафедраро Бухориева А. ба уҳда дорад.