![]() ![]() | Мудири кафедра — н.и.ҳ., дотсент, Маҳмудов Изатулло Тешаевич | |
Суроға: | 735000, ш. Душанбе, куч. Буни Ҳисорак, бинои 11, ошёнаи 5, утоқҳои 512, 518. | |
Телефон: | 224-63-97. | |
E-mail: | 1978_mahmudov@mail.ru |
Таърихи кафедра
Соли 1973 дар факултети ҳуқуқшиносӣ кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ таъсис дода шуд, ки таълими фанҳои суд ва адолати судӣ дар ИҶШС, мурофиаи ҷиноятӣ ва гражданӣ, назорати прокурорӣ, криминология, психологияи судӣ, тибби судӣ, этикаи касбии ҳуқуқшиносӣ, бухгалтерияи судӣ, омори судӣ, курсҳои махсуси – виктимология, проблемаҳои муҳими мурофиаи гражданӣ, тафтишоти пешазсудиро таъмин мекард.
Ташаббускор ва бунёдгузори кафедраи мазкур олими машҳур, доктори илми ҳуқуқ, профессор В.Г. Мелкумов буданд. Устодро метавон яке аз асосгузорони назарияи илми назорати прокурорӣ дар давлати шӯравӣ шумурд. Тадқиқотҳои гузаронидаи профессор Мелкумов В. Г. на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он низ миёни доираҳои васеи илмии давлати абадкудрати шӯравӣ маҳбубияти хосеро соҳиб буданд. Аксарияти омӯзгорони кафедра олимони эътирофшуда буданд. Чунончӣ, дотсент Л.В. Франк асосгузори равияи нави илмӣ – виктимология (илм дар бораи қурбониҳои ҷиноят) маҳсуб мешуд. Дотсент Ҷ. Р.Ҷалилов дар инкишофи илми мурофиаи гражданӣ дар ҷумҳурӣ саҳми зиёде гузоштааст. Дотсентон Ҷ.С. Орифов собиқ корманди прокуратура ва ветерани меҳнат, Н.А. Абдуллоев мутахассиси соҳаи ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ, сохтори судӣ ва назорати прокурорӣ, С.Ш. Болтуев тадқиқотҳои муфиди илмиро анҷом дода миёни олимону мутахассисони ҷумҳурӣ ҳамчун донишмандони касби хеш маъруфият доранд. Таърихи таъсисёбии кафедра ва пешрафти кафедраи ҳуқуқи судиро метавон ба се давра тақсим намуд. Давраи аввал солхои 1973-1985-ро дар мегирад. Дар ин давра роҳбари кафедраро олими шинохта В.Г. Мелкумов ба ӯҳда дошт, ки кафедра дастовардҳои назаррасеро ба даст овард. Тӯли солҳои 1973-1984 кафедра ба комёбиҳои назаррас ноил шуд, дар ин давра беш аз 100 кори илмиву тадқиқотӣ ба нашр дода шуд, ки 35-тои он ба соҳаи криминология – асосан ба проблемаҳои виктимология, 32-тои он ба проблемаҳои истеҳсолоти судӣ ва ҳуқуқи мурофиавӣ ва 25-тои он хусусияти таълимиву методӣ доштанд.
Як зумра корҳои тадқиқотӣ дар робитаи зич бо олимони машҳури марказҳои илмии ИҶШС ва хориҷ аз он (профессорон: Г.А. Абдумачидов, А.Д. Берензон, В.Буларгин, А.К. Звирбуль, А.И. Денисов, В.З. Лукашевич, П.С. Элькинд, Т.Н. Добровольская) ба анҷом расонида шуданд. Хидмати бузурги дотсент А.Д. Тартаковскийро, ки масъалаҳои пешгирии шиканҷа ва вазъи ҳолатҳои криминологиву виктимологиро ҳангоми шиканҷа тадқиқ кардааст, хотирнишон кардан зарур аст.
Ба туфайли маҳсули корҳои илмии аъзои кафедра Л.М. Франк, В.П. Коновалова, А.Д. Тартаковский, Н.А. Абдуллоев, ки усулҳо ва методикаи гузаронидани муоинаҳои психологӣ ва дигар навъҳои экспертизаҳои судиро дар кафедра ба вуҷуд оварда буданд, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ кӯмаки амалӣ расонида мешуд. Олимони кафедра Ҷ.Р.Ҷалилов, Н.А. Абдуллоев, И.А. Агабабовян дар баробари кори илмӣ дар кафедра ҳамчунин аъзои Шӯрои илмию машваратии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ буданд.
Давраи дуюми фаъолияти кафедра солҳои 1985-1991-ро дар бар мегирад, ки роҳбарии кафедраро олими маъруф Ҷ. Р. Ҷалилов ба зимма доштанд. Анҷом додани корҳои муфиди тадқиқотӣ, навиштани монографияву мақолаҳои илмӣ, дастуру васоити таълимӣ низ аз самтҳои афзалиятноки кормандони кафедра ба ҳисоб мерафт. Хусусан нақши калони мудири кафедра устод Ҷалилов Ҷ.Р-ро дар пешрафти илми ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ қайд кардан ҷоиз аст. Зеро монография ва мақолаҳои илмии таълифнамудаи устоди мӯҳтарам дар хусуси институтҳои алоҳидаи илми ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ то ба имрӯз сарчашмаи муҳими истифодаи маводи пурқимати назариявианд. Дар ин давра устоди кафедра С.Ш. Болтуев сарбаландона рисолаи номзадии худро ҳимоя намуданд.
Давраи сеюми фаъолияти кафедра ҳамқадами истиқлолияти Тоқикистон аст, ки давраи солҳои 1991 то ба имрӯзро дар бар мегирад. Рохбарии кафедраро аз соли 1991 то моҳи июни соли 2008 номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Н.А. Абдуллоев ба зимма доштанд. Дар ин давра якчанд устодони маъруф кафедраро тарк намуданд. Роҳбарияти кафедраро зарур буд, ки диққати асосиро ба интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо ва таъмини ҷараёни мӯътадили таълим аз фанҳои марбути кафедра равон намояд. Роҳи асосии ҳалли масъаларо мудири кафедра Н.А. Абдуллоев дар ҷалби хатмкунандагони фаъоли факултет ҷӯён шуд. Аз ин рӯ, бо азму кӯшиши устод дар давоми солҳои 1991-1992 як зумра ҷавонони боистеъдод ба монанди Баҳриддинов С.Э, Искандаров З.Ҳ, Фозилов Н.Н. аз ҳисоби хатмкунандагони факултет ба кафедра ба кор кабул шуданд, ки масъулияти минбаъдаи таъмин ҷараёни мӯътадили таълим дар кафедра ба зиммаи онҳо вогузор шуд. Дар баробари фаро гирифтан ба ҷараёни таълиму таълифи дастуроти методи хамчунин онҳо сарбаландона ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ низ машғул шуданд. Маҳз истеъдоду маҳорат ва ҷасорати илмии эшон буд, ки устодони ҷавон Баҳриддинов С.Э. ва Искандаров З.Ҳ. соли 1996 сарбаландона рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намуда, ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ мушарраф гаштанд. Минбаъд якчанд манографияҳо, васоити таълимӣ ва мақолаҳои илмии арзишнок таълиф намуданд, ки аз ҷониби донишҷӯён ва дигар шавқмандони илми ҳуқуқ фаровон истифода мешаванд. Саҳми устоди кафедра муаллими калон Н.Н.Фозилов-ро низ қайд кардан зарур аст. Устод имрӯз яке аз мутахассисони асили соҳаи илми ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар хусуси паҳлӯҳои алоҳидаи институтҳои илми ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ матолиби пурарзишеро интишор намудааст. Ҳамчунин бо ташаббуси мудири кафедра Н.А. Абдуллоев дар давоми солҳои 1999-2001 устодони ҷавон Л.Фахриддинова, И.Т. Маҳмудов, Х. М. Ғафуров ва солҳои 2006-2008 С.Б. Мирзоев ва А.Х. Авзалов ба ҳайси ассистент ба кор кабул карда шуданд. Устодони кафедра Х.М. Ғафуров ва И.Т. Маҳмудов бо марказҳои бонуфузи илмии шаҳри Москав ба ҳайси унвонҷӯ ва аспирант робитаҳои муфиди илмиро ба роҳ монданд. Натиҷаҳои ҳамкорӣ самараи хуб овард. Соли 2006 дар Академияи давлатии ҳуқуқии Маскав устоди кафедра Х.М. Ғафуров ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илми ҳуқуқ мушарраф гашт.
Ҳамчунин дар ин давра робитаҳо ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди кафедраро бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон бояд қайд кард. Дар ин давра шахсони соҳибтаҷрибаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба кафедра ба таълим ҷалб шуда буданд, ки донишҷӯён аз донишу маҳорати касбии онхо бархурдор мешуданд. Хусусан саҳми шодравон С. К. Кенчаевро қайд кардан лозим аст, ки солиёни дароз аз фанни назорати прокурорӣ ба донишҷӯён дарс мегуфтанд. Дар ин давра ҳамчунин корманди прокуратура, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ К.А. Мирзоева низ бо кафедра ҳамкорӣ доштанд. Кафедра бо як қатор макотиби олӣ ва марказҳои бонуфузи кишварҳои узви ИДМ, ки дар тайёр намудани мутахассисон таҷрибаи комил пайдо кардаанд, равобити дуҷонибаи манфиатбахш барқарор намудааст. Аз ин ҷиҳат устодони кафедра бо эҳтирому миннатдорӣ номи профессорон Г.А. Абдумаджидов, Н.Ф. Кузнецова, А.Н. Ларьков, О.К. Орлов, Э. Куцова ва К.Ф. Гуценко, Г.П. Саркисянц, Г.Л. Осокина ва даҳҳо олимони забардастро ба забон мегиранд. Сиёсати кадрии мудири кафедра дотсент Н.А. Абдуллоев, ки дар афзалият бахшидан ба ҷавонони лаёқатманд-хатмкунандагони факултет зоҳир мегашт, дурустии худро собит сохт. Шогирдони устод миёни коллективи кории факултети ҳуқуқшиносӣ ва аҳли устодони донишгоҳ ҳурмату эҳтироми хосса пайдо намуда, миёни доираҳои илмии кишвар пазируфта шуда, ҳамчун шахсони соҳибтаҷриба ва кордон ба ҳалли мушкилиҳо ва масоили илмиву таълимии факултет ба ҳайси шахсони масъул ҷалб шудаанд. Устоди кафедра, дотсент З.Ҳ. Искандаров дар давоми зиёда аз 12-сол вазифаи муовини декани факултети ҳуқуқшиносӣ оид ба таълимро иҷро намуда, таҷрибаи бойи корҳои идоракунӣ-маъмуриро андӯхтааст. Устоди дигари кафедра дотсент С.Э. Баҳриддинов бошад айни замон вазифаи пурмасъули муовини аввали директори Маркази миллии қонунгузории Ҷумҳуриро ба зимма дорад. Хизматҳои содиқонаи устодон Н.А. Абдуллоев, д.и.ҳ., проф. Искандаров ва муаллими калон Н.Н. Фозиловро дар рушди илми ҳуқуқ ва тайёр намудани мутахассисон Ҳукумати Ҷумҳурӣ бо медали «Шарафи меҳнат», нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Хизмати шоиста» қадршиносӣ намудааст.
Аз моҳи июни соли 2008 то моҳи апрели соли 2013 роҳбарии кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурориро олими боистеъдод, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор З.Ҳ. Искандаров ба ӯҳда дошт. Аз моҳи апрели соли 2013 инҷониб роҳбарии кафедраро номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Маҳмудов И.Т. ба ухда дорад.
Устод И.Т. Маҳмудов дар асоси пос доштан ва эҳтироми анъана ва арзишҳои қобили эҳтироми ҷомеаи ҳуқуқшиносон, ба кор шурӯъ намуда, онро пурмаҳсул идома дорад. Самтҳои афзалиятноки кафедраро барои солҳои наздик ва дурнамо муайян намуда, устодони кафедраро ба иҷрои бечунучарои нақшаҳои кории инфиродӣ ва таълимӣ; вусъат додани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ; интишор ва ба чоп омода намудани монографияҳо, васоити таълимӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, мақолаҳои илмӣ; тарғиби эҳтироми арзишҳои милливу фарҳангӣ миёни донишҷӯён ва пеш аз ҳама дӯст доштану қадр намудани касби пуршарафи устодӣ ва риояи ҷиддии интизоми меҳнат муваззаф намудааст. Умед аст, ки дар амал бароварда намудани ҳадафҳои неки боло зикр шуда ба таҳкими фаъолияти мураттаби кафедра вусъати тоза бахшида, ояндаи нек ва дурнамои дурахшони кафедраро бозгӯ хоҳад намуд. Дар ин давраи начандон тулонӣ се рисолаи илмӣ ба анҷом расонида шуда, дар натиҷа ба дараҷҷаҳои доктори илм аз равияи мурофиаи ҷиноятӣ аввалин маротиба дар таърихи инкишофи ин ҳуқуқ аз ҷониби мудири кафедра дотсент З.Х. Искандаров, дараҷҷаи номзади илм дар соҳаи назорати прокурорӣ аз ҷониби муаллими калон И. Т. Маҳмудов ва дараҷаи номзади илм дар соҳаи мурофиаи судии конститутсионӣ аз ҷониби С.Б. Мирзоев мушарраф гардиданд. Самтҳои корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедра муайян шуда, масъулияти устодон дар ин ҷода муқаррар шудаанд. То ба имрӯз дар кафедра як қатор тадбирҳо роҳандозӣ шудаанд. Чунончӣ, дар ин давра устодони кафедра дар чандин конфронсҳои илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ба даҳҳо лоиҳаҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои қарорҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нисбат ба парвандаҳои Суди конститутсионӣ фикру таклифҳои судманд ва илман асосноки худро пешниҳод намудаанд. Густариши ҳамкориҳои муфиди корӣ ва муҳайё намудани заминаҳои боэътимоди қарордодиву ҳуқуқӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, низоми судӣ ва дигар ташкилотҳои давлативу ғайридавлатии ҳуқуқмуҳофизавӣ низ аз самтҳои пешбари кафедра баргузида шудаанд.
Бо мақсади пайвастани илм бо истеҳсолот ва дар ин замина бархурдор намудани донишҷӯён аз навгониҳои қонунгузории амалкунанда, фаъолияти ҳуқуқтатбиқкунӣ, муаммоҳои илмӣ-амалии мақомоти тафтишотию прокурорӣ ва низоми судӣ кормандони амалӣ ва чанд нафар аз унвонҷӯён ба ҷараени таълим чалб шудаанд. Аз ҷумла кормандони масъули мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3-юм М.Ш. Исоев, муовини Раиси Суди Олии иқтисодӣ, н.и.ҳ. В. Фатҳуддинов, сардори шӯбаи амнияти Шӯрои амнияти ҶТ Ю. А. Раҳмонов, муовини сардори Раёсати Прокуратураи Генералӣ Ф.Х. Рауфов ба донишҷӯён аз курсҳои махсус дарс мегӯянд.
Дар ояндаҳои наздик аз ҷониби устодони кафедра таълифи як қатор васоити таълимӣ ва китобҳои дарсӣ, аз қабили «Мурофиаи ҷиноятӣ» (васоити таълимӣ); назорати прокурорӣ, криминология, Тафсири КМГ, «Адвокатураи судӣ» (васоити таълимӣ); Ҳимояи ҳуқуқи инсон дар мурофиаи ҷиноятӣ (монография) дар назар дошта шудааст.
Фаъолияти илмӣ
Айни замон дар кафедра устодони зерин фаъолият менамоянд: номзадҳои илми ҳуқуқшиносӣ, дотсентҳо Н.А. Абдуллоев, С.Э. Баҳриддинов, Х. М. Ғафуров, И.Т.Маҳмудов, муаллими калон Н.Н.Фозилов, ассистентҳо Н.Б.Хоҷаева, С.Б.Мирзоев, А.Х.Авзалов, М.С.Сафиева, М.С.Раҳимов, Х.Ғ.Ҷалолов ва лаборант Ҳотамова М.С.
Кафедра тадриси фанҳои таълимии мурофиаи ҷиноятӣ, мурофиаи гражданӣ, назорати прокурорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, криминология, психология судӣ, этикаи касбии ҳуқуқшиносӣ, бухгалтерияи судӣ, тибби судӣ ва курсҳои махсуси мурофиаи судии иктисодӣ, адвокатураи судӣ, таҳияи ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ, мурофиаи судии маъмурӣ, иштироки прокурор дар суд (малакаи касбӣ), нотариат, итеҳсолоти иҷро ва стандартҳои байналмиллалии муҳокимааи одилонаи судиро анҷом медиҳад.
Равияи корҳои илмӣ – тадқиқотии кафедра такмили қонунгузорӣ дар соҳаи адолати судӣ, назорати прокурорӣ ва омузиши вазъи ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки фарогири масъалаҳои рӯзмарраи инкишофи қонунгузории мурофиавии ҷиноӣ ва гражданӣ, ҳамчунин роҳҳои баланд бардоштани самарнокии фаъолияти мақомоти прокуратура оид ба ошкор намудани қонуншиканӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ дар шароити ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Фаъолияти омӯзгорӣ
Фанҳои таълимӣ
- Мурофиаи ҷиноятӣ;
- Мурофиаи гражданӣ;
- Назорати прокурорӣ;
- Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
- Криминология;
- Психологияи юридикӣ;
- Этикаи касбии ҳуқуқшинос;
- Бухгалтерияи судӣ;
- Тибби судӣ ва рӯҳшиносӣ.
Фанҳои тахасусӣ:
- Мурофиаи судии иқтисодӣ;
- Асосҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ;
- Адвокатураи судӣ;
- Тартиб додани ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ;
- Мурофиаи судии маъмурӣ;
- Иштироки прокурор дар суд (малакаи касбӣ);
- Нотариат;
- Истеҳсолоти иҷро;
- Стандарти байналмилалӣ оид ба муҳокимаи одилонаи судӣ.