Кафедраи ҳуқуқи гражданӣ

Мудири кафедра — д.и.ҳ., Ғаюров Шукрулло Кароматуллоевич
Суроға:735000, ш. Душанбе, куч. Буни Ҳисорак, бинои 11, ошёнаи 5, утоқҳои 502, 510.
Телефон:2-24-30-42.
E-mail:hukukimadani@gmail.com

Таърихи кафедра

 Кафедра соли 1949 ташкил ёфта, зиёда аз 50 сол мешавад, ки барои инкишофи илми ҳуқуқи гражданӣ дар Тоҷикистон саҳми босазои худро мегузорад. Дар ин давра, кафедра чун заминаи асосии  инкишофи илми ҳуқуқи граждании Тоҷикистон баромад намуда, дар омода намудани ҳазорҳо ҳуқуқшиносон, ки имрӯз дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат фаъолият менамоянд,  саҳми арзандаи худро гузоштааст.

   Нахустин мудири кафедра д.и.ҳ., профессор, Ходими шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон В.И. Коретский (1954-1968) буданд. Мавсуф  дар ҷодаи илм хизматҳои назаррас намудаанд, сарварии минбаъдаи кафедраро  олимони намоён  д.и.ҳ., профессорон Е.Н. Яковлева (1968-1972),  В.А. Ойгензихт (солҳои 1976-1980) ба зимма доштанд. Роҳбарии кафедраро солҳои 1972-1976, 1980-2006 узви вобастаи АИ ҶТ, д.и,ҳ, профессор, Ҳуқуқшиноси шоистаи ҶТ, Арбоби илм ва техникаи ҶТ О.У. Усмонов бар ӯҳда дошта, барои рушди кафедра ва илмҳои ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон саҳми калон гузоштаанд. Профессор Тағойназаров Ш.Т. солҳои   2006 – 2010     роҳбарии кафедраро ба уҳда доштанд.

   Аз 03. 01. 2011с. инҷониб  вазифаи мудири кафедраро д.и.ҳ., профессор Ғаюров Ш.К. ба зима доранд, ки тамоми ҳастии худро барои рушти минбаъдаи кафедра, илми ҳуқуқи гражданӣ ва тайёр намудани ҳуқуқшиносони ватанӣ бахшидаанд.

   Кафедра дар миқёси ҷумҳурӣ ва берун аз он  обрӯю эътибори хоса дорад. Имрӯз дар кафедра чунин олимони намоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди Академик Маҳмудов М.А., профессорон  Ғаюров Ш.К., Тағойназаров Ш.Т. Муртазоқулов Ҷ.С.,  дотсентон Ҳимматов Ҳ.Н., Расулов Б.Р., Қурбонов К.Ш., номзадҳои илми ҳуқуқшиносӣ Бадалов Ш.К., Қурбонов Қ.Б., ассистентони кафедра Ахмедҷонов И.Ғ., Қосимов Ф.А., Қурбоналиев Н.Ш., Саидов Ҳ.М. ба фаъолияти илмӣ омӯзгорӣ машғуланд. Ҳамзамон кафедра ба тарбия намудани кадрҳои ҷавони омӯзгорӣ ва омода намудани олимони ҷавон аҳамияти хоса медиҳад.

Фаъолияти илмӣ

   Аз лаҳзаи ташкили кафедра то имрӯз дар заминаи он нӯҳ рисолаи докторӣ (В.И. Коретский, Е.М. Яковлева, О.У. Усмонов, В.А. Ойгензихт, Ш.Т. Тағойназаров , Ш.М. Менглиев, М.А. Маҳмудов, Ш.К. Ғаюров, Ҷ.С. Муртазоқулов) ва зиёда 20 рисолаҳои номзадӣ ҳимоя шудааст. Самтҳои асосии фаъолияти кафедра аз пешбурди корҳои илмӣ – тадқиқотӣ, омӯзгорӣ ва такмили қонунгузории соҳавӣ иборат мебошад.

   Дар  самти  илмӣ – тадқиқотӣ  олимони кафедра ба таҳлилу тадқиқи илмӣ-амалии соҳаҳои ҳуқуки гражданӣ, ҳуқуқи оилавӣ ва ҳуқуқи манзил машғул буда, дар ин қисмати фаъолияти худ ба дастовардҳои назаррас ноил гаштаанд. Натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-тадқиқотии кафедра инъикоси худро дар монографияҳо, китобхои дарсӣ, мақолаҳои илмӣ ва корҳои методӣ  ёфтаанд. Дар ин ҷода ба хусус саҳми олимони кафедра, профессор, марҳум  Усмонов О.У., ёдашон ба хайр, академик М.А. Маҳмудов, профессорон Ш.К. Ғаюров ва Ш.Т. Тағойназаров  назаррасанд. Онҳо дар таҳияи ва қабули  қисмҳои 1-3 Кодекси нави граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси оилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштаанд. Илова бар ин, аъзоёни кафедра дар гурӯҳҳои гуногуни корӣ оид ба омода намудани лоиҳаҳои қонунҳо, тафсир ба онҳо ва дигар чорабиниҳои такмили қонунугузарии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намудаанд.

   Дар  соли 2012 аъзоёни кафедра 1 китоби дарсӣ, 6 монография, 3 васоити таълимӣ ва зиёда аз 30 мақола интишор намуданд.

Фаъолияти омӯзгорӣ

Фанҳои таълимӣ:

  • Ҳуқуқи гражданӣ;
  • Ҳуқуқи римӣ;
  • Ҳуқуқи оилавӣ;
  • Ҳуқуқи манзил.

Фанҳои тахасусӣ:   

  • Уҳдадориҳои алиментии волидайн;
  • Уҳдадориҳое, ки дар натиҷаи расонидани зарар ба миён меоянд;
  • Проблемаҳои ҳуқуқи муаллифӣ;
  • Проблемаҳои вазъи ҳуқуқии субъектони ҳуқуқи гражданӣ;
  • Проблемаҳои ҳуқуқи моликият;
  • Проблемаҳои ҳуқуқи уҳдадорӣ;
  • Проблемаҳои ҳуқуқи мерос.