Танзими ҳуқуқии молия ва қарз

   Дар асоси фармони вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти №1262 аз 02.07 соли 2012  барои ба фаъолият  шуруъ намудани ихтисоси нав дар факуклтети ҳуқуқшиносӣ – танзими ҳуқуқии молия ва қарз 24010302) иҷозат дода шудааст.

   Дар  ихтисоси танзими ҳуқуқии молия ва қарз  таҳсил дар шакли  рӯзона сурат гирифта, дар баробари  бахши буҷавӣ  довталабон  метавонанд  бо тариқи шартномавӣ  дохил шаванд. Маблағи яксолаи  шартнома дар соли 2012 – 4950  сомониро ташкил медод.

   Дар  ихисоси мазкур 31 нафар донишҷӯён таҳсил доранд.

1. ТАВСИФИ УМУМИИ ИХТИСОСИ 1-24010302- ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИ МОЛИЯ ВА ҚАРЗ

 1.1.  Касби хатмкунанда –ҳуқуқшинос бо донистани иқтисодиёт.

   Мӯҳлати меъёрии азхудкунии барномаи асосии таълимии тайёр намудани  мутахассиси соҳаи ҳуқуқшиносӣ аз рӯи ихтисоси 1-24010302 – танзими ҳуқуқи молия ва қарз бо таҳсили рӯзона– 5 сол.

1.3. Тавсифи умумии  касбии хатмкунанда.

   Мутахассис аз рӯи ихтисоси «Танзими ҳуқуқи молия ва қарз» ба кори касбӣ дар мақомоти давлатӣ, бонкҳо, биржаҳо, ташкилотҳои молиявӣ ва суғуртавӣ, фондҳои сармоягузорӣ, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар мақомоти давлатии самти иқтисодӣ, хадамоти иқтисодии корхонаҳо ва ташкилотҳои шаклҳои гуногуни моликият, дар вазифаҳое, ки доштани маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ зарур мебошад, сафарбар мегардад.

   Ихтисоси «Танзими ҳуқуқии молия ва қарз» дониши муқаммал дар соҳаҳои мазкур пешниҳод менамояд: танзими ҳуқуқии молияи давлатӣ ва маҳаллӣ, фаъолияти бонкӣ ва суғуртавӣ, муомилоти пулӣ (асъор), идоракунии менеҷмент, бозори қоғазҳои қимматнок, андоз ва андозбандӣ. 

   Фаъолияти мутахассиси танзими ҳуқуқи молия ва қарз барои аз нигоҳи ҳуқуқӣ ҳал намудани масоили иқтисодӣ равона гардидааст.

Объекти фаъолияти касбии хатмкунандагон:

  • муносибатҳои ҳуқуқии молиявӣ ва қарздиҳӣ;
  • муносибатҳои ҳуқуқии иқтисодӣ байниТоҷикистон ва  мақомоти давлатҳои хориҷа, ташкилотҳои байналхалқӣ ва шахсони ҷисмонии хориҷию дохилӣ;
  • тамоми ҳодиса ва ҳаракатҳое, ки аҳамияти ҳуқуқӣ дошта ба муносибатҳои молиявӣ ва қарздиҳӣ вобастагӣ доранд.

Фаъолияти касбии хатмкунандагон бо иҷроиши чунин корҳо алоқаманд  аст:

  • фаъолияти касбӣ дар Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дигари давлатӣ, ки фаъолияташаон ба муносибатҳои молиявию қарздиҳӣ вобаста мебошад.
  • фаъолияти касбӣ дар корхона, муассиса ва ташкилотҳо навобаста ба шакли моликияташон;
  • фаъолияти машваратӣ ва экспертӣ дар ҷодаи татбиқ ва қабули санадҳои соҳаи иқтисодӣ.
  • фаъолияти омӯзгорӣ ва тадқиқоти илмӣ дар ҷодаи ҳуқуқи молия, ҳуқуқи андоз, ҳуқуқи бонкӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ ва дигар соҳаҳои ба иқтисодиёт алоқаманд.