Ҳисоботи соли 2013

Ҳисоботи

Корҳои илмӣ- тадқиқотии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи милли Тоҷикистон барои соли 2013

Пешгуфтор

Соли 2013 яке аз солҳои бобарор ва пурсамари корҳои илмӣ-тадқиқотӣ барои факултети ҳуқуқшиносӣ мебошад. Устодони факултет дар соли ҳисоботӣ баҳри иҷроиши корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ ҳиссаи арзандаи худро гузоштанд. Ҳамаи ин натиҷаҳои назаррас барои мукаммал намудани кори таълим ва такмили қонунгузории ҷумҳурӣ истифода хоҳанд шуд.

Равандҳои илмии фаъолияти илмӣ-тадқиқотии факултети ҳуқуқшиносӣ гуногунҷабҳа буда, он ба масъалаҳои гуногуни назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ, масоили гуногуни соҳаҳои ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди ҳуқуқи гражданӣ, ҳуқуқи оилавӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат, ҳуқуқи андоз, ҳуқуқи молия, ҳуқуқи ҷиноятӣ, мурофиаи гражданӣ, ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ, ҳуқуқи байналхалқии оммавӣ, ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ, ҳуқуқи замин, ҳуқуқи таъминоти иҷтимоӣ, ҳуқуқи экологӣ ва ғайраҳо бахшида шудааст.

Дар соли ҳисоботӣ дар факултет шумораи умумии устодон 126 нафарро ташкил дод, ки барои иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ 103 нафари онҳо ҷалб кард шудаанд. Дар қатори онҳо, 11 нафар докторони илм – профессорон, ки аз онҳо 2 нафарашон академики АИ ҶТ, 58 нафар номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсентон (аз он ҷумла 8 нафар зан), 11 муаллими калон ва 43 нафар ассистент фаоълият доранд. Устодон Холиқов Р., Ҷамшедов Ҷ., Ҷаҳонгири С., Маҳмудов М., Сафиева М., Қурбонов Ҷ., Ҷалолов Х., Зокиров Б., Салоҳиддинов В. дар КИТ – и  соли 2013 иштирок надоштанд. Боиси сарфарозии ҳамаи устодон ва кормандони факултет аст, ки дар соли равон декани факултети ҳуқуқшиносӣ бо Ордени Шараф дараҷаи 2 ва устоди факултет дотсент Сангинов Д.Ш. ба ҷоизаи давлатии олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника ба номи Исмоили Сомонӣ қадршиносӣ гардиданд.

Соли 2013 ба чорабиниҳои муҳими сиёсии кишвар аз қабили таҷлили 20 солагии артиши миллӣ, рӯзи Ваҳдати миллӣ, 22-юмин солгарди истиқлолияти давлатӣ, рӯзи қабули Конститутсия (Сарқонун), бахшида ба соли байналмилалии ҳамкориҳои об ва Даҳсолаи  байналхалқии амалиёти «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015) таҳти унвони «Об ва тамаддуни инсонӣ» ва ғ. рост омад. Ба ин муносибат мутобиқи нақшаи Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар факултети ҳуқуқшиносӣ як қатор чорабиниҳои муҳим  баргузор гардид. Дар асоси нақшаи конференсиҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва чорабиниҳои дар боло зикргардида дар факултети ҳуқуқшиносӣ якчанд конференсиҳо ва мизҳои мудаввар гузаронида шуд. Чунончи:

Дар асоси нақшаи маҳфили илмиву фарҳангии «Зеҳн» дар мавзӯи «Нақши Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини бехатарии мамлакат ва таҳкими истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 20 солагии таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистон рӯзи 22 феврали соли 2013 дар факултети ҳуқуқшиносӣ мизи мудаввар баргузор гардид.

Рӯзи 16 майи соли 2013 дар факултети ҳуқуқшиносӣ конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Тадбирҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии ҷинояткорӣ, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ дар Тоҷикистон» дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Конфронси мазкур таҳти роҳбарии собиқ муовини ректори ДМТ оид ба илм профессор М.Б. Каримов ва декани факултети ҳуқуқшиносӣ дотсент Э.С. Насурдинов баргузор гардид, ки дар он мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ Ҷ. Давлатов, мудири шӯъбаи назорати дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ А. Ѓоибназаров, Л. Нусратов мушовири калони муовини якуми раиси маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҶТ, Ф. Раупов муовини сардори Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи генералии ҶТ, С. Баҳриддинов муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти ҶТ, Ш. Шарипов сарнозири Раёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, С. Куканов ёрдамчии судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва маърӯза карданд. Дар кори конференсияи мазкур 11 маърӯза шунида шуд.

Рӯзҳои 20 ва 21 майи соли 2013 дар ДМТ конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии ҳайати устодону кормандон ва донишҷуёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба соли байналмилалии  ҳамкориҳои об ва Даҳсолаи байналхалқии амалиёти «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015) таҳти унвони «Об ва тамаддуни инсонӣ» баргузор гардид. Дар факултети ҳуқукшиносӣ бошад, конференсияи мазкур рӯзи 21 май таҳти роҳбарии декани факултети ҳуқуқшиносӣ дотсент Э.С. Насурдинов баргузор гардид. Мувофиқи барнома дар бахши ҳуқуқшиносӣ 6 маърӯзаи устодон шунида шуд. Маърӯзаҳо хеле актуалӣ буданд ва онҳо бевосита ба проблемаи об бахшида шуда буд. Аз ҷумла, Д.Ш. Сангинов – мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат, н.и.ҳ, дотсент дар мавзӯи «Баъзе аз масоили шартномаи истифодабарии об»; Ҳ.М. Саидов – асситенти кафедраи ҳуқуқи гражданӣ дар мавзӯи «Хусусиятҳои муносибатҳо вобаста ба амалисозии ҳуқуқи шаҳрвандон ба истифодабарии об»; Ф.Ф.  Идиев – номзади илмҳои ҳуқуқ, ассистенти кафедраи ҳуқуқи байналхалқӣ дар мавзӯи «Реҷаи ҳуқуқии дарёҳои  байналмилалӣ»; А.М. Мирзоев ассистенти кафедраи ҳуқуқи байналхалқӣ дар мавзӯи «Баъзе аз масоили истифодабарии захираҳои обӣ-энергетикии дарёҳои фароҳудудӣ дар Осиёи Марказӣ»; Шарипова З.А. – муаллимаи калони кафедраи забонҳои хориҷӣ дар мавзӯи «Вклад немецких специалистов в строительстве малых ГЭС Таджикистана»; З.Ю. Назарова – дотсенти кафедраи забонҳои хориҷӣ дар мавзӯи «Об – манбаи ҳаёт» маърӯза карданд.

Рӯзи 19 июни соли 2013 дар факултети ҳуқуқшиносӣ тибқи фармоиши ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 17.06.2013с. таҳти №164-09 конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Нақши Ваҳдати миллӣ дар ташаккули давлатдории миллӣ» бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ гузаронида шуд. Конфронси мазкур таҳти роҳбарии декани факултети ҳуқуқшиносӣ дотсент Э.С. Насурдинов баргузор гардид, ки дар кори он намоянагони Вазорати адлия, Вазорати корҳои дохила, Суди конститутсионӣ, Суди олӣ, Прокуратураи генералӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок карданд. Дар кори конференсияи мазкур 7 маърӯзаҳо  шунида шуд.

Конференсияи  илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Проблемаҳои таъмини қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ташаккули низоми ҳуқуқӣ дар замони истиқлолияти давлатӣ» бахшида ба 22-юмин солгарди истиқлолияти давлатӣ рӯзи 5 сентябри соли 2013 дар факултети ҳуқуқшиносӣ баргузор гардид. Дар кори конфронс маърӯзаи 7 нафар иштирокчӣ шунида шуд.

Дар факултет 10 октябри соли 2013 ҳаммоиши илмӣ (миззи муддавар) оид ба муаррифии китобҳои дарсӣ ва тафсир ба КМГ ҶТ  баргузор гардид.

Дар заминаи кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ рӯзи 22 октябри соли 2013 конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи Нақши Конститутсия (Сарқонун) – и ҶТ дар ташаккули низоми ҳуқуқии Тоҷикистон» кафолатдиҳандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд»- баргузор гардид. Дар кори конференсияи мазкур  6 нафар маърӯза карданд.

Ҳамчун анъанаи ҳамасола дар факултет конференсияи апрелии илмии устодон ва донишҷӯён доир гардид. Конференсияи илмӣ-назариявӣ, имсол санаҳои 16 то 19 апрели соли 2013 бахшида ба «Эъломияи СММ оид ба даҳсолаи байналхалқии наздиксозии фарҳангҳо (солҳои 2013-2022)» баргузор гардид. Мувофиқи барнома аз 111 маърӯзаи устодон пешниҳод шуда, 104 маърӯза тибқи барнома ва 3 маърӯзаи иловагӣ шунида шуд. Бо сабабҳои гуногун 7 нафар устодон натавонистанд дар кори конференсия иштирок намоянд. Дар натиҷаи конференсия маърузаи 12 нафар устодон беҳтарин дониста шуда, барои қадрдонӣ ба раёсати донишгоҳ пешниҳод гардиданд.

Ҳамчунин дар моҳи декабри соли ҷорӣ дар заминаи кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ конференсияи байналмилалӣ бахшида ба 65 – солгарди қабули Эъломияи ҳуқуқи башар ва дар заминаи кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ бошад мизи мудаввари донишгоҳӣ дар мавзӯи «Ислоҳоти судӣ дар ҶТ» баргузор хоҳад гашт.

Илова ба нақшаи қонфреренсияҳои соли 2013 бо ташаббуси садорати факултет ҳар моҳ «Семинарӣ илмӣ-назариявии ҳайати профессорон ва пажуҳишгарони ҷавони факултети ҳуқуқшиносии ДМТ баргузор мегардад, ки дар он масоили ҳуқуқии замони муосир таҳлилу баррасӣ мегарданд.

Ҳамин тариқ,  дар давоми соли ҳисоботӣ дар факултет 13 конфронси ҷумҳуриявӣ, 11-донишгоҳӣ 3 – семинарӣ илмӣ-назариявӣ, 5 – мизи мудаввар баргузор гардидааст.

Ба ғайр аз ин устодони факултет дар конференсияҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Баробарҳуқуқии занон ва кафолатҳои он», 27-28 апрели соли 2013, дар толори меҳмонхонаи «Ҳаёт», конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Вазъи имрӯза ва дурнамои озодии воситаҳои ахбор дар Тоҷикистон», 3 майи соли 2013 дар «Кохи Ваҳдат», конференсияи байналмиллалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи: «Ҳамкориҳои байналмиллалӣ дар самти муқовимат ба ҷиноятҳои муташаккили трансмиллии нашъаҷалобӣ». Душанбе, 10 апрели  соли 2013, семинари илмию амалиявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Хусусиятҳои хоси истеҳсолоти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон». Душанбе, 10-11 сентябри соли 2013, конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Гражданское право и его роль в формировании гражданского общества» (30. 04. 2013с. ДСТР), конференсияи байналмиллалӣ дар мазӯи «Ҳуқуқи гражданӣ ва муносибатҳои корпоративӣ» (Алмаато, Қазоқистон, конференс – маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Рахат Палас»), бахшида ба 90 – солагии олими варзида Юрий Григорьевич Басин, конференсияи ҷумҳуриявии «Проблемаҳои геополитикии Осиёи Марказӣ», 25. 06. с. 2013, ИФСҲ АИ ҶТ, конференсияи байналхалқӣ дар мавзӯи «Правовое и процедурные стнадарты обращения с беженцами», ки аз ҷониби намояндаи Раёсати Комиссаари Олии СММ оид кор бо гурезаҳо дар якҷоягии Шӯрои даниягӣ оид ба ба гурезаҳо. Душанбе, 23 январи 2013, иштирок намуда, баромад карданд.

Бо мақсади ба амал баровардани ҳамкориҳои дуҷониба факултети ҳуқуқшиносӣ бо донишгоҳҳо, марказҳои илмию тадқиқотии ҷумҳурӣ ва дигар давлатҳо алоқаҳои устувори илмиро ба роҳ мондааст. Аз он ҷумла, имрӯз факултет бо Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи  Академиям илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикисон, Донишгоҳи давлатии ш. Москва ба номи М.Н. Ломоносов (МГУ), Донишгоҳи давлатии Лингвистикаи шаҳри Москва, Донишгоҳи давлатии дустии халқҳои Россия, Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург, Донишкадаи ш.Тошканд, Донишгохи Миллии Қазоқистон, Донишгоҳи Бремен (Олмон), Донишгоҳи славянии Россия – Қирғизистон ва ғайра алоқаи зичи илмиро доро мебошад.

Натиҷаи ин ҳамкориҳост, ки як нафар устоди кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ дотсент Н.Б. Азимов дар Донишгоҳи Лингвистикаи шаҳри Москва дифои рисолаи докторӣ ва як нафар устоди кафедраи ҳуқуқи конститусионӣ Р.Н. Марифхонов дар Донишгоҳи давлатии дӯстии халқҳои Россия дифои рисолаи номзадӣ намуданд.   

Ҳамчунин  декани факултети ҳуқуқшиносӣ дотсент Э.С. Насурдинов дар ҷашни 20 – солагии таъсисёбии Донишгоҳи славянии Россия-Қирғизистон иштирок намуданд. Мудири кафедраи ҳуқуқи гражданӣ профессор Ш.К. Ѓаюров 13 – 14 майи с. 2013 дар конференсияи байналмиллали «Ҳуқуқи гражданӣ ва муносибатҳои корпоративӣ» (Алмаато, Қазоқистон, конференс – маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Рахат Палас»), бахшида ба 90 – солагии олими варзида Юрий Григорьевич Басин (дар доираи хонишҳои ҳарсолаи сивилистӣ) иштирок ва баромад намуданд. Ассистенти кафедраи ҳуқуқи байналхалқӣ Ҷ.С. Қурбонов  сафари илмӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Руссия ва иштирок дар конференсияи «Хониши Блищенко» санаи 11-13 апрели соли 2013 дар Донишгоҳи давлатии дустии халқҳои Россия (РУДН). Дотсентони ҳамин кафедра А.М. Абдухолиқов иштирок дар Конгреси ҳуқуқии АвроОсиё (Россия) ва маърӯза дар мавзӯи «Сотрудничество Республики Таджикистан с государств-членов ЕвпАзЭС, ШОС и ЕС в условиях ВТО» // Европейско-Азиатский Правовой Конгресс, седьмая сессия с 6-7 июня 2013 года, г. Екатеринбург РФ ва У.Х. Бобоев 17-23 феврали соли 2013 дар шаҳри Вена (Австрия), 6-30 июни соли 2013 дар шаҳри Брюссели Бельгия 1.09. то 1.11.2013 дар  шаҳри Деҳлии Ҳиндустон такмили ихтисосро гузашт.

Самаранокии корҳои илмӣ-тадқиқотии факултети ҳуқуқшиносиро иштироки фаъолонаи устодони факултет дар конференсияҳои байналҳалқӣ, ҷумҳуриявӣ ва донишгоҳӣ нишон медиҳад. Дар соли ҳисоботи устодони факултет  дар конференсияҳои байналхалқӣ  32 (соли 2012-27), ҷумҳуриявӣ 71 (соли 2012-58) ва дар 65 (соли 2012-52) конференсияҳои умумидонишгоҳӣ баромад  кардаанд.  

Яке аз самтҳои фаьолияти илмӣ-тадқиқотии устодони факултетро аспирантура ташкил медиҳад. Дар факултети ҳуқуқшиносӣ 47 (2012 – 42) нафар аспирант таҳсил менамояд, ки аз ин шумора 16 (2012-15) нафар дар шуъбаи рӯзона ва 31 (2012-27) нафари боқимондаро аспирантони  шуъбаи  ғоибона ташкил дода, 10 нафари онҳо шаҳрвандони хориҷӣ (ҶИЭ) мебошанд. Дар факултет 57 унвонҷӯ таҳсил менамоянд, ки 10 нафари онро шаҳрвандони ҶИЭ ташкил медиҳанд. Аз ҳисоби устодони факултет се нафар устодон (Саидов Ш.Н., Камолов З.А., Ҳимматов Ҳ.Н.)  дар  докторантура таҳсилро оғоз карданд.

Боиси хушнудист, ки соли ҷорӣ устоди кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ дотсент Н.Б. Азимов дар санаи шашуми июни соли 2013 рисолаи докториашро дар мавзӯи «Теоретические основы имплементации норм международного права в угловной законодательстве Республики Таджикистан» бо ихтисоси 12.00.08 – ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалогия, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ бо роҳбарии аъзо кореспонденти Академияи илмҳои ФР, ҳуқуқшиноси шоистаи ФР, профессор Шулепов Н.А. дар Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии Лингвистикаи шаҳри Москва дифоъ намуд. Ба ғайр аз ин устоди кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ Р.Н. Марифхонов дар мавзӯи «Проблемы правового регулирования административных процедур В Республики Таджикистан» зерии роҳбарии доцент Волков А.М. аз рӯи ихтисоси 12.00.14 – ҳуқуқи маъмурӣ, ҳуқуқи мурофиаи маъмурӣ дар Шӯрои диссертатсионии назди Донишгоҳи дустии халқҳои ФР рисолаҳои номзадиашонро ҳимоя намуд. Ҳамзамон устодони факултети ҳуқуқшиносӣ И.Ѓ. Аҳмедҷонов, Э.Д. Кабутов, И.Миралиев, С.К. Ризоева, Н.Ш. Қурбоналиев, Г. Юлдошева иҷозати кафедраҳои дахлдорро барои ҳимоя намудани рисолаи номзадӣ гирифтанд.       

Ҳамин тариқ, дар соли сипаригардида 1 рисолаи докторӣ ва 1 рисолаҳои номзадӣ (ҷамъ 2 рисола) аз ҷониби устодони факултет ҳимоя гардиданд.  Шаш нафар устодон бошанд барои ҳимоя иҷозат гирифтанд.

Дар соли ҷорӣ устодони факултет дар барномаҳои телевизионӣ ва радио вобаста ба масъалаҳои сиёсӣ, муҳокимаи лоиҳаи қонунҳо ва қабули онҳо дар мавзӯҳои гуногун баромадҳо намуданд. Аз ҷумла бахшида ба рӯзҳои, Артиши миллӣ, Ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, Забон, қабули Конститутсия (Сарқонун), интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра  аз ҷониби устодони факултет Э.С. Насурдинов, Ш.К. Ѓаюров, Д.Ш. Сангинов, И.Р. Шодиев, Б.А. Сафаров, М.Н. Раҷабов, И.Т. Маҳмудов, Д.С. Сафаров, Қ.Б. Қурбонов, У.А. Азизов, А.Д. Ѓафуров, И.И. Камолов, Э.Д. Кабутов, П.З. Мирзоев ва ғайра  дар телевизиони давлатии Сафина, Шабакаи аввал, Ҷаҳоннамо, Баҳористон баромад намуданд.

  1. Қисми I.

Дар соли ҳисоботӣ, ки марҳилаи 3-юми нақшаи корҳои илмӣ-тадқиқотии солҳои 2011-15 ба шумор рафта, корҳои илмӣ дар 10 кафедра аз рӯи 6 – самт, 11 – масоил ва 11 – мавзӯъҳои илмӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Равандҳои илмии фаьолияти илмӣ-тадқиқотии факултети ҳуқуқшиносӣ чунинанд:

I. Самтҳо

– Қонуниятҳои умумии ташаккул, инкишоф ва амали давлат ва ҳуқуқ;

– Такмили асосҳои ҳуқуқӣ-конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон,    вазъи ҳуқуқии   инсон  ва  шаҳрванд, шаклҳои демократия,  ташкил ва   фаъолияти мақомоти давлатӣ;

         – Дурнамои инкишофи ҳуқуқи соҳибкорӣ, кишоварзӣ, молия, андоз ва меҳнат;

         – Инкишофи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.  Омӯзиши ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

– Рушд ва инкишофи ҳуқуқи нақлиёт, кишоварзӣ ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиӣ;

         – Таҳлили сохторӣ-функсионалии забон дар доираи алоқаи ҷудошавандаи он бо фаъолияти касбии донишҷӯён.

1.1. Масоил

– Проблемаҳои таърихӣ-ҳуқуқӣ ва умуминазариявии давлат ва ҳуқуқ: таърих ва имрӯз;

– Инкишофёбии қонунгузории ҷиноятии ҶТ дар бораи ҷавобгарии барои таҷовузкорӣ ба моликият ва тафтиши ин ҷиноятҳо;

– Мустаҳкам намудани асосҳои сохтори конститусионӣ, такмили демократия,  ҳуқук ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд,  ташкил  фаъолияти мақомоти давлатӣ;

– Проблемаҳои назариявии баъзе масъалаҳои муҳими ҳуқуқи гражданӣ;

 – Мувофиқакунонии танзими умумӣ ва хусусӣ – ҳуқуқии муносибатҳо дар бахши соҳибкорӣ ва татбиқи меҳнат;

 – Такмили назария, батанзимдарории ҳуқуқии ташкил ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, коркади роҳу василаҳои таъмин намудани суди одил, назорати прокурории босамар, пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ, расонидани ёрии ҳуқуқӣ;

 – Танзими шартномавии муносибатҳои байналхалқии хусусӣ;

– Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии ташкилотҳои байналхалқӣ.

 – Мукаммалгардонии санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  соҳаи ҳимояи ҳуқуқи инсон;

– Рушд ва инкишофи танзими  хусусӣ – ҳуқуқӣ ва умумӣ-ҳуқуқии муносибатҳо дар соҳаи нақлиёт, кишоварзӣ, экологӣ ва замин;

– Забон – ҳамчун системаи бисёртаркиба, дорои функсияи иҷтимоии муҳити муошират;

1.1.1. Мавзӯъҳои илмӣ:

1. Паҳлӯҳои таърихӣ-ҳӯкуқӣ ва  проблемаҳои умуминазариявии инкишофи давлативу ҳуқуқии Тоҷикистон (Роҳбари илмӣ: д.и.ҳ., академик Тоҳиров Ф.Т. ва д.и.ҳ., профессор Сотиволдиев Р.Ш). Соли 2013 марҳилаи 3-юми баррасии мавзӯъ ба ҳисоб рафта дар ин давра устодон таҳқиқи таърихӣ-ҳуқуқӣ ва умуминазариявии давлат ва ҳуқуқ, рӯшан намудани қонуниятҳои умумии ташаккул, инкишоф ва амали воқеияти давлативу ҳукуқӣ, самтҳо ва дурнамои инкишофи низоми давлативу ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиклол дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироии ҳукуқӣ, таҳлили санадҳои меъёрии ҳукуқӣ, ҷавобгарии ҳуқуқӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ, шаклҳои давлатдории миллӣ, афкори сиёсиву ҳукуқии ҷаҳонӣ, аз ҷумла форсу тоҷик, назария ва амалияи давлати миллии тоҷиконро мавриди  тадқиқоти илмӣ қарор доданд.

2. Ҷиноятҳо ба муқобили моликият ва методикаи тафтишотии онҳо: проблемаҳои назариявӣ ва амалия (Роҳбари илмӣ: д.и.ҳ., профессор Т.Ш. Шарипов). Баррасии проблемаҳои назариявӣ ва амалияи банду басти ҷиноятҳо ба мукобили моликият, таҳлили ҳаматарафаи тасарруф, шакл ва намудҳои мушаххаси он дар ин марҳила мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

3. Инкишофи  асосҳои  конститутсионӣ-ҳуқуқии сохтори давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Роҳбари илмӣ н.и.ҳ, дотсент Диноршоев А.М.). Дар соли ҷорӣ аз ҷониби устодони кафедра масоили такмили соҳибихтиёрии халқ, давлат ва шаклҳои таҷассуми он; усулҳои асосии ташкили мақомоти ҳокимияти давлатӣ; интихобот ва низоми он; вазъи ҳуқуқии вакилон ва намояндагони ҳокимияти давлатӣ; вазъи конститусионӣ- ҳуқуқии инсон, шаҳрванд, мақомоти давлатӣ ва хидмачиёни он; асосҳои конститутсионӣ-ҳуқуқии фаъолияти макомоти давлатӣ  мавриди таҳқиқ ва арзёбӣ қарор дода шуд.

4. Проблемаҳои назариявии ҳуқуқи моликияти молӣ ва зеҳнӣ ва инкишофи муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ (Роҳб. илмӣ: д.и.ҳ. профессор Ѓаюров Ш.К.) марҳилаи сеюми корҳои илмӣ тадқиқотии кафедраи ҳуқуқи гражданӣ мебошад. Дар ин марҳила проблемаҳои муҳими ҳуқуқи моликияти молӣ ва зеҳнӣ ва инкишофи муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ аз лиҳози таъмини қоблилияти ҳуқуқии кӯдак, истифодаи чораҳои ислоҳоти замин барои рушди устувории хоҷагиҳои деҳқонӣ, такмили механизми шартнома дар татбиқи ҳуқуқҳои иттилоотӣ, муаллифӣ ва такмили муносибатҳои саҳомӣ мариди тадқиқот қарор дода шуд.

5. Назария ва амалияи танзими умум ва хусусиҳуқуқии муносибатҳо дар бахши соҳибкорӣ  ва меҳнат. (Роҳб. илмӣ: н.и.ҳ. дотсент Сангинов Д.Ш.). Устодони кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат дар ин марҳила мавзуи проблемаҳои назария ва амалияи танзими умум ва хусусиҳуқуқии муносибатҳо дар бахши соҳибкорӣ ва татбиқи меҳнат ва дар ин замина коркарди хулосаҳои  асосноки  илмӣ, таклиф, пешниҳод ва тавсияҳои амалӣ ҷиҳати такмили минбаъдаи механизми танзими умум ва хусусиҳуқуқии муносибатҳои бахши соҳибкорӣ ва меҳнатро мавриди тадқиқоти илмӣ қарор доданд.

6. Масоили назарияи низоми судӣ, адолати судӣ, ташкил ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ,   такмили намудҳои гуногуни мурофиа, назорати прокурорӣ, фаъолияти адвокатӣ, омӯзиши ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. (Роҳбари илмӣ: д.и.ҳ., профессор Искандаров З.Ҳ.). Дар заминаи омӯзиши назарияҳои илмӣ, таҳлили қонунгузорӣ ва амалияи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ мусоидат намудан  ба инкишофи ҳуқуқи судӣ, назорати прокурорӣ, адвокатура дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

7. Шартнома ҳамчун воситаи танзими мундариҷаҳои байналхалқии хусусӣ (Роҳб. илмӣ: д.и.ҳ. проф. Менглиев Ш.). Дар замони муосир дар радифи қонунгузории  ҶТ, меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ дар танзими муносибатҳои муомилоти байналхалқии гражданӣ мавқеъи муҳим ва назаррасро дорад. Ҳадафи тадқиқоти илмии устодони кафедра дар марҳилаи 3-юм иборат аз он буд, ки  мувофиқи санадҳои миллӣ ва  ҳуқуқи байналхалқӣ муайян кардани умумият ва хусусиятҳо дар танзими муносибатҳои амволӣ ва шахсии ғайриамволӣ мебошад. Бинобар ин таҳти таҳлил  қарор додан хусусият, предмет ва объекти  муносибатҳои  ҳуқуқи гражданӣ дар ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ. 

8. Қобилияти ҳуқуқдории шартномавии ташкилотҳои байналхалқӣ (Роҳбари илмӣ дотсент Раҷабов М.Н.). Ташкилотҳои байналхалқӣ дорои қобилияти ҳуқуқдории байналхалқӣ  буда, дар доираи ваколати худ ҳуқуқи бастани  шартномаҳои гуногунро доранд. Сарчашмаи қобилияти ҳуқуқдории шартномавии ташкилотҳои байналхалқӣ  хуҷҷати муассисӣ мебошад. Таҳлили ҳуҷҷатҳои муассисии ташкилотҳои байналхалқӣ нишон медихад, ки қобилияти ҳуқуқдории шартномавии  ташкилотҳои байналхалқӣ  бо ду тарз мустаҳкам гардонида мешавад: ба воситаи ҳолати умумӣ, ки пешбинии  бастани дилхоҳ шартномаро барои   иҷрои вазифаҳои ташкилот мусоидат менамояд,  ё бо ҳолати махсус ё ҳолатҳое, ки имконияти бастани категорияи созишномаҳои мушаххасаро  бо давлатҳои мушаххас муайян мекунад. Мақсади тадқиқоти илмӣ аз таҳлили меъёрҳои шартномавии ташкилотҳои байналхалқӣ дар соҳаи танзимнамоии низоъҳои мусаллаҳонаи дохилӣ иборат буд.

9. Ташаккули механизмҳои химояи ҳуқуқи инсон дар низоми ҳуқуқи миллӣ (Роҳб. илмӣ, н.и.ҳ., дотсент Сафаров Б.А). Дар асоси омӯзиши паҳлуҳои мухталифи масоили муҳими хифзи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳони муосир ва низоми ҳуқуқи миллӣ устодони кафедра пешниҳоду дархостҳои мушаххас доир ба ташаккули асосҳои қонунии ҳифзи ҳуқуқҳои инсон дар Тоҷикистон ирсол намуданд. Диққати асосӣ ба ташаккули низоми ҳуқуқҳои шахсӣ, сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ дода шуд.

10. Масъалаҳои назариявӣ ва ҳуқуқии танзими умумӣ ва хусусӣ-ҳуқуқии муносибатҳо дар соҳаи нақлиёт,  экологӣ, кишоварзӣ, ва замин. (Роҳбари илмӣ н.и. ҳ., дотсент Ѓафуров А.Д.). Устодони кафедра ба тадқиқи проблемаҳои назария ва амалияи танзими умумӣ ва хусуси ҳуқуқии муносибатҳо дар бахши нақлиёт, кишоварзӣ, экологӣ ва замин инчунин дар ин замина коркарди хулосаҳои асосноки илмӣ, таклиф, пешниҳод ва тавсияҳои амалӣ ҷиҳати такмили минбаъдаи механизми танзими умум ва хусусӣ ҳуқуқии муносибатҳои дар бахши нақлиёт, кишоварзӣ, экологӣ ва замин машғул шуданд. 

11. Тамоюми шахсӣ-инкишофёбандаи касбии равандҳои таълим дар партави талаботҳои навин нисбати таълим дар мактаби олӣ. (Роҳб. илмӣ н.и.ф., дотсент Бекмуродов М.М.). Кор карда баромадани чораҳои   комплексии системаи (низоми) чорабиниҳо барои ташкил додани  заминаи бе ихтилофот амал намудани забонҳои хориҷӣ бо дарназардошти   фаъолияти  касбии донишҷӯён яке аз вазифаҳои асосии устодони ин кафедра буд. Созмон додани  базаи  маводҳои методӣ барои таълим додани забонҳои хориҷӣ аз ҷониби устодони кафедра.

3. Қисми II.

Нишондодҳои муҳими инкишофи корхои илмӣ-тахқиқотӣ дар ҷадвалҳо инъикос гардидаанд (Ҷадвалҳо замима мегарданд).

4. Қисми III.

Самаранокии корҳои  илмию  тадқиқотии устодон.

Соли 2013 аз нигоҳи самарнокии корҳои илмию тадқиқотии устодон, яке аз солҳои пурбарор ба ҳисоб меравад. Дар соли 2013 – 500 маводи чопӣ (соли 2012 – 334, соли 2011-221,соли 2010-320, соли 2009-273) ба нашр расонида шудааст. Аз ин шумора:

1. Монография 33 (соли 2012 – 32, соли 2011 – 17, соли 2010 – 22, соли 2009 – 19);

2. Китоби дарсӣ 12 (соли 2012 – 6, соли 2011 – 5, соли 2010 – 20, соли 2009 –  5);

3. Васоити таълимӣ 52 (соли 2012 – 37, соли 2011 – 27, соли 2010 – 45, соли 2009 – 11);

4. Дастури таълимӣ 62 (соли 2012 – 50, соли 2011 – 37, соли 2010 – 25, соли 2009 – 21);

5. Фишурда 28 (соли 2012 – 9, соли 2011-17, соли 2010 – 22, соли 2009 – 19);

6. Мақолаи илмиву оммавӣ 307 (соли 2012 – 200, соли 2011 – 120, соли 2010 – 175, соли 2009 – 175).

Илова ба ин дар факултети ҳуқуқшиносӣ маҷаллаи илмӣ – иттилоотии «Ҳаёти ҳуқуқӣ» (Правовая жизнь) таҳти № 1, № 2, № 3 соли 2013 ва газетаи «Минбари ҳуқуқшинос» аз чоп баромаданд, ки дар он мақолаҳои устодону донишҷӯёни факултет ва олимони барҷастаи Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон чоп мегарданд. 

Ба ғайр аз нишондодҳои дар боло қайд гардида устодони факултет имсол чун ҳар сола ба лоиҳаҳои қонун ва дигар санадҳои меъёриии ҳуқуқӣ хулосаҳои ҳуқуқӣ додаанд. Аз ҷумла устодони факултет ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии кӯдакони ятим ва бепарастор», ба лоиҳаи Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании ҶТ. Қисми 1», ба лоиҳаи Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ ҶТ, ба  лоиҳаи Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ», ба лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба лоиҳаи Созишномаи ҳамкории давлатҳо – узви ИДМ дар бахши амнияти иттилоотӣ  7. 04. с. 2013, ба лоиҳаи Стратегияи давлатии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2020 хулосаи ҳуқуқӣ дода шуд  26. 04. с. 2013,     ба лоиҳаи қарори Ҳукумати ҶТ ва  «Номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки дар асоси онҳо қарз бо тартиби баҳснопазир тавассути навиштаҷоти иҷроияи мақомоти баҷооварандаи амалиёти нотариалӣ ситонида мешавад» (дар ҳаммуаллифӣ) 28. 02. с. 2013, ба лоиҳаи «Консепсияи миллии таҳқиқоти илмии мақсаднок оид ба масъалаҳои рушди инсон, таъмини минбаъдаи принсипҳои демократӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ барои солҳои 2013 – 2027» 08.01. с. 2013 хулосаи ҳуқуқӣ дода шуд. Илова ба ин ба лоиҳаҳои қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба муҳлатҳои мурофиавии баррасӣ ва ҳалли парвандаҳои гражданӣ ва оилавӣ» 02. 05. с. 2013, ба лоиҳаи Қарори Пленуми Суди Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2004, №5 “Дар бораи аз тарафи судҳо тадбиқ намудани қонунгузориҳое, ки ба бастан, тағйир додан ва қатъ намудани шартномаи (қарордоди) меҳнатиро ба танзим медароранд”, ба лоиҳаи Қарори Пленуми Суди Олии ҶТ «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҷрибаи судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ марбут ба баҳсҳои аз ҳабс озод ё аз рӯихат хориҷ намудани молу мулк»17.09.2013 сол, ба лоиҳаи Қарори Пленуми Суди Олии ҶТ «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҷрибаи судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ марбут ба баҳсҳои аз ҳабс озод ё аз рӯихат хориҷ намудани молу мулк»17.09.2013 сол аз ҷониби устодони факултет хулосаҳои ҳуқуқӣ дода шудааст.

Дар асоси амри Президенти ҶТ аз 8. 06. с. 2013, таҳти № АП – 2257  гурӯҳи корӣ барои дар таҳрири нав таҳия намудани Кодекси граждании ҶТ таъсис дода шуд. Дар ҳайати он профессорони кафедраи ҳуқуқи гражданӣ Ѓаюров Ш. К., Тағойназаров Ш. Т., Муртазоқулов Ҷ. С. ва дотсентони кафедра Бобоҷонов И. Ҳ. ва Бадалов Ш. К. иштироки фаъолона доранд.

Дар соли ҳисоботӣ донишҷӯёни факултет аз ҷиҳати иштирок дар озмунҳои ҷумҳриявӣ натиҷаҳои дилхоҳ ба даст оварданд оварданд: Аз ҷумла миёни онҳо Қаҳоров Давлаталӣ ба гирифтани ҷойи аввал аз фанни сиёсатшиносӣ, Абдураҳмонова Шаҳноза гирифтани ҷойи 3-юм  аз фанни забони англисӣ мушарраф гардиданд. Ба ғайр аз ин кори илмии донишҷӯён Зиёева Маҳина, Қаҳоров Давлаталӣ ва Атоев Азиз дар озмуни байни тамоми мактабҳои олии ҷумҳурӣ беҳтарин дониста шуданд. Дар натиҷаи Зиёева М. ба гирифтани ҷойи аввал Қаҳоров Д. ба  гирифтани ҷойи  дуюм ва Атоев А. ба гирифтани ҷойи сеюм сазовор гардиданд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар факултети ҳуқуқшиносӣ 10 маҳфилҳои илмӣ – назариявии назди кафедравӣ фаъолият карданд, ки зиёда аз 750 нафар донишҷӯён аъзои ин маҳфилҳо мебошанд, ки нисбат ба солҳои (соли 2009 – 321 нафар донишҷӯ; соли 2010 – 325 нафар донишҷӯ; соли 2011 – 302, соли 2012 – 436 нафар донишҷӯ;). Дар давраи ҳисоботӣ дар факултет дар маҷмӯъ 160 маҳфили илмии донишҷуён гузаронида шуд, ки дар он масъалаҳои гуногуни илмӣ баррасӣ гардиданд.

Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии аъзоёни маҳфилҳои назди кафедравӣ Шӯрои Ҷамъияти илмии донишҷӯён дар соли 2012 – 23 маърӯзаҳои донишҷӯёни лаёқатманд ва фаъоли факултетро, ки фарогирандаи масъалаҳои муҳими ҷамъиятиву ҳуқуқӣ ва давлатию сиёсӣ буданд, муҳокима  намуда дар рӯзномаи “Ба қуллаҳои дониш” ва “Минбари ҳуқуқшинос” ба табъ расидаанд. Аз ҷумла: 

Дар соли ҷорӣ фаъолияти Шӯрои олимони факултет низ пурмаҳсул буда дар он масъалаҳои муҳими ҳаёти факултет ва Донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Мутобиқи нақшаи кории Шӯрои олимони факултет дар солхои хониши 2012-2013, 10 ҷаласа гузоронида шуда, қарорҳои дахлдор бо тартиби муқарраршуда қабул карда шудааст.

Устодони факултет дар ҳимояи рисолаҳои докториву номзадӣ, китобҳои дарсиву, васоити таълимии дохиливу хориҷӣ тақризҳо навиштанд. Чунончи профессорон Сотиволдиев Р.Ш. ба автореферати рисолаи доктории Мамичев А.Ю. дар мавзӯи «Государственная власть в политическом процессе современной России: теоритико-методологический аспект политической и социокультурной трансформации», Ѓаюров Ш.К. ба диссертатсияи доктории Бозоров Р.Б., «Теоретические проблемы правового регулирования инвестиции в Республике Таджикистан: концепции и право применение» барои  дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои ҳуқукшиносӣ аз рӯи ихтисоси 12.00.03,  10.01. 2013, аз ҷониби профессор Сотиволдиев Р.Ш. ба васоити таълимии профессор Д.М. Зойиров «Введение в государствоведение: методологическое исследования государственности», ба диссертатсияи доктории Нематов А. «Правотворческая деятельность в Таджикистане», диссертатсияҳои номзадии Тағойбеков С. «Правовая политика в Республике Таджикистан», Миралиев И «Права человека в условиях формирования правового государства в Таджикистане»,  аз ҷониби Менглиев Ш.М., Раҷабов М.Н. тақриз ба автореферати рисолаи доктории Баёзов Аяз Батыркулович «Правовая интеграция: международно-правовые аспекты»  автореф.дисс.на соискание учёной степени доктори юридический наук. 12.00.01-Бишкек, 2013. -37 с., тақриз аз ҷониби дотсент Маҳмудов И.Т. ба Тафсир ба Кодекси Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мурофиаи суди иқтисодӣ», ба монографияи Мирзоев П.З. Внедоговорная от государства за вред проченный предпринимателям. Душанбе: «ЭР-граф»2013 аз ҷониби дотсент Сангинов Д.Ш., ба китоби «Ҳуқуқи фарматсевтӣ» зери муаллифии Саидов Н.Б., Холназаров Б.М., Қаюмов С.А. Душанбе, 2013. 200с. аз ҷониби дотсент Сангинов Д.Ш., ба китоби таълимии Ҳомидов Х.Ҳ. «Ҳуқуқи асосии мамлакатҳои хориҷӣ» аз ҷониби дотсент Диноршоев А.М., ба китоби Имомов А.Вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосӣ. Душанбе 2013. – 224 с. аз ҷониби дотсент Диноршоев А.М., ба Тафсири Кодекси мурофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе 2013. -702с. Аз ҷониби дотсент Сафаров Б.А. ва ғайра.

                                           Пешниҳодҳо

–   Раёсати ДМТ-ро зарур аст, ки  масъалаи  бастани созишнома бо  макотиби олии Федератсияи Россияро оиди тайёр намудани мутахасисон  барои ихтисосҳои ҳуқуқи байналхалқӣ, ҳуқуқи экологӣ, ҳуқуқи замин, ҳуқуқи нақлиёт, ҳуқуқи меҳнат, ҳуқуқи таъминоти иҷтимоӣ, ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ, ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ, криминология, криминалистика ва назорати прокурорӣ  чораандешӣ намояд;

– Раёсати ДМТ-ро зарур аст, ки барои такмили ихтисоси байналмилалии устодони факултети ҳуқуқшиносӣ чораандешӣ намояд. Чунки Тоҷикистон аъзои Суди байналмилалӣ ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ аст. Рӯзҳое мешавад, ки манфиатҳои ҶТ-ро дар сатҳи байналмилалӣ химоя намудан лозим меояд.

– Аз Раёсати ДМТ хоҳиш карда мешавад, ки масъалаи кушодани Шӯрои диссертатсионии минтақавии докториро аз рӯи ихтисосҳои 12.00.01 ва 12.00.03  дар заминаи Донишгоҳи миллӣ баррасӣ намояд.

– Аз Раёсати ДМТ хоҳиш карда мешавад, ки нисбати устодоне, ки дар иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба таври бояду шояд рафтор мекунанд ё ин ки умуман маҳсули илмӣ надоранд чораҳои мушаххаси интизомӣ андешида шавад.

  – Аз Раёсати ДМТ хоҳиш карда мешавад, ки сарбории таълимии ҳайати омӯзгорон, ки ба аспирантон ва докторантон роҳбарӣ (машварат) мекунанд ва инчунин ассистентҳое, ки мавзӯи илмӣ дошта  ба тадқиқоти он машғул мебошанд, ба андозаи 50-70 соат дар нисбати сарбории дигарон кам карда шавад;

– Аз Раёсати ДМТ хоҳиш карда мешавад, ки кафедраҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат, ҳуқуқи конститусионӣ, ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ ҳамчун кафедраҳои намунавӣ дар донишгоҳ эътироф карда шуда мудирони ин кафедраҳо бо назардошти ҷамъбасти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар соли 2013 бо мукофоти пулӣ қадрдонӣ  карда шаванд;

– Аз Раёсати ДМТ хоҳиш карда мешавад, ки ҷиҳати бо адабиётҳои муосири ҳуқуқи таъмин намудани китобхонаи факултет чораандешӣ намояд;

– Ба донишҷуёне, ки дар маҳфили илмӣ фаъолона иштирок мекунанд, имконият дода шавад, ки бо пешниҳоди кафедра имтиҳонҳоро бо тариқи сӯҳбат (бо истилоҳ «классикӣ») супоранд;

Хулоса

Дар  соли сипаришуда факултаи ҳуқуқшиносӣ ба натиҷаҳои аз ҳама хуби илмӣ нисбат ба солҳои пешин ноил гардида ҳамаи корҳои илмӣ тибқи Нақшаи  корҳои илмӣ-тадқиқотӣ анҷом дода шудаанд.

 Монографияҳо:

  1. Идиев Ф.Ф. Международно-правовые основы участия  междуна­родных    организаций  в урегулировании  конфликта в Таджикистане. Душанбе. 2013. –   248с.
  2. Абдухолиқов А.М. Наследование в международном частном праве. Душанбе, 2013. 200с.
  3. Баҳриддинов С.Э. Диноршоев А.М. Сафаров А.И. Восприятия судебной системы населением Республики Таджикистан. (монография). Душанбе, 2013. 16 с.
  4. Хошимов Д. Д. Услуги в системе объектов гражданских прав. Душанбе: «ЭР – граф». 2013. 172с.
  5. Мирзоев П.З. Внедоговорная ответственность государства за вред, причиненный  предпринимателям. Душанбе, 2013.  Из-во ООО «Эр-граф» С.168.
  6. Сангинов Д.Ш. Туризм в Республики Таджикистан: теория и практика правового регулирования. Монография. Душанбе: «ЭР-граф». 2013. 304с.
  7. Зоиров Д.М., Сафаров Б.А. Суверенная государственность на постсоветском пространстве: предпосылки и процесс формирования (На примере Республики Таджикистан). Монография. Санкт-Петербург, 2012. 336с. (дар ҳисоботи соли 2012 нест)
  8. Холиқов А.Ѓ. Андешаи давлати миллӣ. Монография. Душанбе: «Эр-граф» 2013. 682с.
  9. Азимов Н.Б., Шулепов Н.А. Имплементация норм международного права в национальное законодательства РТ. Душанбе «Ирфон», 2013. 390 с.
  10. Шарипов Р.И. Угололвное ответственность за мошенничества по законодательства Республики Таджикистан. Монография.душанбе-2013. 209 с.
  11. Тайфуров З.С. Правовое регулирование наказания в виде лишения свободы в Республики Таджикистан. Монографии. Душанбе-2013.168 с.
  12. Саидвалиева Б.С. Уголовно-правовые и криминологические проблемы амнистии в Республики Таджикистан. Монография. Москва, 2013. 136 с.
  13. Курбонов К. Б. Гражданско – правовые проблемы права на неприкосновенность частной жизни. Дар таҳрири нав Монография. Душанбе: 201. 185с.
  14. Диноршоев А.М. Классификация прав, свобод и обязанностей человека и гражданина в РТ. [Текст]. Душанбе : “Голд-принт”. 2013. 140 с.   
  15. Диноршоев А.М. Восприятия судебной системы   населением Республики Таджикистан». [Текст]. Душанбе : “Голд-принт”. 2013. 60 с. (в соавторстве)   
  16. Диноршоев А.М. Права человека в истории общественной мысли. [Текст]. Душанбе : “Голд-принт”. 2013. 200 с.   
  17. Имомов А. Вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосӣ. [Текст]. Душанбе. «Офсет Империя». 2013. – 224 с.
  18. Имомов А. Кӯшиши азнавсозии давлати  иттифоқии  Шӯравӣ ва заволи он. [Текст]. Душанбе. «Офсет Империя». 2013. -200  с.
  19. Имомов А. И. Административно-территориальное устройство Таджикистана. [Текст].  Душанбе. «Офсет Империя». 2013. -196 с.
  20. Ойев Х.О Механизмҳои ҳифзи ҳукуқи инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. [Текст]. Душанбе : “Эр-граф” 2013. 225 с.
  21. Раҳимов   М.З.  Тафсири   Кодекси   граждании   Ҷумҳурии   Тоҷикистон.  Қисми 3. Душанбе, 2013.
  22. Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» / Зери таҳрири номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Сангинов Д.Ш. Душанбе: «ЭР-граф», 2013. 200 саҳ. (ҳайати муаллифон).
  23. Тафсир ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон // Душанбе, Эр-Граф. 2013. 800 с. (гуруҳи муаллифон)
  24. Фарҳанги истилоҳи ҳуқуқи конститутсионӣ ва ҳуқуқи маъмурӣ. Душанбе 2013. 600 с. 
  25. Ѓафуров Х.М.  Институт отказа в производстве по уголовным делам.Душанбе, Эр,граф,2013 128с.
  26. Фозилов Н.Н. Судебная защита прав беженцев. Душанбе, 2013 (дар ҳаммуаллифӣ).
  27. Баҳриддинов С.Э. Бобоев Ҷ., Саидвалиева Б.С. ва дигарон. Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» / Дар зери таҳрири д.и.ҳ., проф. Раҳимов М.З. Душанбе, 2013.
  28. Мирзоев С.Б. Диноршоев А.М. Мурофиаи судии конститутсионӣ.-Душанбе.: «ЭР-граф».-2013.-212 с.
  29. Куканов А.З. Форма правления  государства Таджикистана: Монография Душанбе, 2013 130с.
  30. Сотиволдиев Р.Ш. Преемственность форм правления на территории советского и постсоветского Таджикистана: монография. Душанбе, 2013. 120с.
  31. Бурҳонова М. Ҷ., Бадалов Ш. К. Хифзи ҳуқуқҳои занон дар доираи ҳуқуқи оилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе. 2013. 123с.
  32. Раҳимов   М.З.  Тафсири  қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон.”Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”. Нашри  дуввум. Душанбе: “Империал- Групп”, 2012.  132  саҳ  (ҳаммуаллиф)
  33. Насурдинов Э.С., Сафаров Б.А., Диноршоев А.М., Сафаров Д.С., Шоев Ф.М., Бобоева Н.И., Искандаров Ш.Ф., Миралиев И.Қ., Саидов И.И., Саъдизода Ҷ. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқи инсон. / Зери таҳрири н.и.ҳ., дотсент Насурдинов Э.С. – Душанбе: «Эр-граф», 2013. – 320с.

Китобҳои дарсӣ

  1. Насурдинов Э.С., Сафаров Д.С. История государства и права Таджикистана. Душанбе, 2013.
  2. Ҳуқуқи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон. Китоби дарсӣ. Қисми якум. / Муҳарирони масъул Ѓаюров Ш.К., Сулаймонов Ф.С. –Душанбе «Эрграф», 2013. -320 с. (ҳаммуаллифӣ).
  3. Маҳмудов М.А., Менглиев Ш.М. Ҳуқуқи хусусии римӣ. Душанбе, «Эр-граф», 2013. 176 саҳ.
  4. Менглиев Ш.М. Международное частное право: Учебник. –Душанбе, 2013. 740 с.
  5. Ойев Х.О. Ҳуқуқи маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе 2013. 520 с.
  6. Ойев Х.О. Ҳуқуқи мурофиавии маъмурӣ. Душанбе 2013. 204 с.
  7. Сангинов Д.Ш. Ҳуқуқи  соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон: луғати  истилоҳоти  ҳуқуқӣ  (бо  забони  тоҷикӣ  ва  русӣ). Душанбе. 2013. Душанбе. 2013.144  саҳ
  8. Сатторов Ѓ. С. Уголовное право. Общая часть. Душанбе-2013. 110с.
  9. Исмоилов Ш.М., Шонасридинов Н.Ш., Нодиров Ф., Ѓафуров А.Д. Ҳуқуқи кишоварзӣ.  Душанбе Бухоро-2013с.
  10. Сангинов Д.Ш. Кабутов Э.Д. Право социального обеспечения Республики Таджикистан.  Душанбе: «ЭР-граф». 2013. 204с.
  11. Сангинов Д.Ш. Предпринимательское право Республики Таджикистан. Второе издание с изменениями и дополнениями. Душанбе: «ЭР-граф», 2013. 600с.
  12. Сангинов Д.Ш. Предпринимательское право Республики Таджикистан.  Душанбе: «ЭР-граф», 2013. 500с.

Васоити таълимӣ

  1. Насурдинов Э.С., Сафаров Б.А., Раҷабов М.Н. Асосҳои давлат ва ҳуқуқ ва ҳуқуқи инсон: Саволномаи тестӣ. Душанбе, Матбааи ДМТ, 2013, -352 саҳ. 
  2. Тафсири кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон. Қисми 3. Фасли III. Душанбе, Эрграф, 2013. 276 саҳ. (ҳаммуаллифон Сулаймонов Ф.Ф., Абдухолиқов А.М. ).
  3. Ҳимматов Ҳ. Н., Қурбонов Қ. Б., Саидов Ҳ. М. Барномаи таълимӣ ва маҷмӯи саволҳои тестӣ аз фанни ҳуқуқи гражданӣ, қисми 2: воситаи таълимӣ. Душанбе, 2013. 196с.
  4. Бурҳонова М. Ҷ., Бадалов Ш. К. Хифзи ҳуқуқҳои занон дар доираи ҳуқуқи оилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе. 2013. 123с.
  5. Аҳмадҷонов И. Ѓ., Бадалов Ш. К., Қурбоналиев Н. Ш., Расулов Б. Р. Саволномаи тестӣ аз фанни ҳуқуқи гражданӣ. Қисми 1. Душанбе: «ЭР – граф». 336с.
  6. Аҳмадҷонов И. Ѓ., Бадалов Ш. К., Қурбоналиев Н. Ш. Ҳуқуқи римӣ (саволномаи тестӣ): воситаи таълимию услубӣ. Душанбе. 2013. 112с.
  7. Бобоҷонов И.Ҳ., Давлатов С.А., Бадалов Ш.К. Мурофиаи гражданӣ: намунаи ҳуҷҷатҳои судӣ. Нашри дуюм, бо тағйиру иловаҳо. Воситаи таълимию амалӣ. Душанбе: «ЭР – граф. 2013. 504 с.
  8. Диноршоев А.М.  Права человека. Сборник международных и национальных документов. Душанбе 2013. Голд –принт.  290 с
  9. Диноршоев А.М. Қодиров Ч.Ш. Марифхонов Р. Административное право Республики Таджикистан. Душанбе 2013. Голд-принт.243 с.   
  10. Якубова С.Н. Ҳуқуқи конститутсионии мамлакатҳои хориҷӣ. Васоити таълим-методӣ дар нақшаҳо, саволҳои тестӣ ва санадҳои меъёри ҳуқуқӣ.  Нашриёти ҶДММ «Голд – принт». Душанбе, 2013. саҳ.240.   
  11. Наимова С.О. Ҳуқуқи конститутсионии мамлакатҳои хориҷӣ. Васоити таълим-методӣ дар шакли саволу ҷавоб. Душанбе 2013. Голд-принт. 102 с.
  12. Сулаймонов М.С «Асосхои худидораи махалли» //Васоити методи//  Душанбе -2013. Голд-принт.  150 с.
  13. Сафаров Д. Асосҳои давлат ва ҳуқуқ. Васоити таълимӣ барои гуруҳҳои таъёрӣ. Душанбе 2013. 240 с. 
  14. Азизов У.А. Васоити таълими аз фанни Таърихи давлат ва ҳуқуқи мамлакатҳои хориҷӣ.  (дар ҳаммуаллифи бо Куканов А.З. ) Душанбе, 2013.
  15. Камолов И.И. Назарияи давлат ва ҳуқуқ дар нақша ва мафҳумҳо: васоити таълимӣ. (бо заб. русӣ). Душанбе, 2013 136с.
  16. Камолов И.И. Ҳуқуқи  замин ва заминистифодабарӣ: Васоити таълимӣ. Душанбе, 2013. 50с.
  17. Камолов И.И.  Право на землю и землепользование: Душанбе,  2013. 50с.
  18. Сафаров И.Д. Заминаҳои таърихӣ – ҳуқуқии ғояи ҷомеа шаҳрвандӣ: васоити таълимӣ. Душанбе, 2013 40с.
  19. Кабутов   Э.Д. Асосҳои давлат ва ҳуқуқ  ( васоити таълимӣ )  Душанбе 2013,  354 саҳ.
  20. Сангинов Д.Ш. Энергетическое право Республики Таджикистан (Курс лекций): Учебное пособие// Под общей ред. д.ю.н., проф. Гаюрова Ш.К. Душанбе: «ЭР-граф». 2013. 200с.
  21. Сангинов Д.Ш. Ҳуқуқи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон (матни лексия): Воситаи таълимӣ/ Зери таҳрири умумии д.и.ҳ., профессор Ѓаюров Ш.К. Душанбе: «ЭР-граф». 2013.200 саҳ.
  22. Сангинов Д.Ш. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқи соҳибкорӣ (бо забонҳои тоҷикӣ ва руссӣ). Васоити таълимӣ. Душанбе: «ЭР-граф», 2013. 256 саҳ.
  23. Стандарти фанни «Ҳуқуқи инсон» барои синфи 11// Муратиб: Сангинов Д.Ш. Душанбе, 2013. 34с.
  24. Искандаров Ш.Ф. Правоведение: Учебное пособие. – Душанбе: «Сармад-Компания», 2013.- 324 с.
  25. Миралиев И.Қ., Сафаров Д.С., Кабутов Э.Д. Асосҳои давлат ва ҳуқуқ (васоити таълимӣ) Душанбе 2013. 354с.
  26. Насурдинов Э.С., Сафаров Б.А., Диноршоев А.М., Сафаров Д.С., Шоев Ф.М., Бобоева Н.И., Искандаров Ш.Ф., Миралиев И.Қ., Саидов И.И., Саъдизода Ҷ. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқи инсон. / Зери таҳрири н.и.ҳ., дотсент Насурдинов Э.С. – Душанбе: «Эр-граф», 2013. – 320с.
  27. Сафаров Б.А. Ойев Х.О. Механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон// Воситаи таълимӣ. Душанбе, 2013. 255с.
  28. Сафаров Б.А., Сафаров Д.С., Миралиев И.Қ., Саидов И.И. Ҳуқуқиинсон (дар нақшаҳо) Душанбе 2013. 206 с.
  29. Шоев Ф.М. Ҳуқуқшиносӣ (васоити таълимӣ-методӣ). – Душанбе: «Сино», 2013. – 288с.  
  30. Уголовное  право. Албом-схема. Душанбе – 2013. 110 с. (гурӯҳи муаллифон                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                        
  31. Сафаров А.И. Ҷиноятҳо дар соҳаи фаъолияти иқтисодӣ// воситаи таълимӣ. Душанбе-2013. 200 с.