Қабул ба аспирантура

   Факултети ҳуқуқшиносӣ ҳар сол бо назардошти  имкониятҳо ва эҳтиёҷоти кафедраҳо  ба шуъбаи аспирантура ва докторантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дархост навишта шумораи ҷойҳоро барои довталабон муайян менамояд. Масъалаи ҳуҷҷатсупорӣ, қабул ва дигар расмиётҳо  ба аспирантура, докторантура ва унвонҷуӣ дар шуъбаи аспирантура ва докторантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад. Асоси ҳуқуқии қабул ва таҳсили аспирантон,докторантон ва унвонҷуён ин Низомномаи «Тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимии Ҷумҳурии Тоҷикисон» , ки  бо rарори мушовараи Вазорати    маорифи  Xум{урии Тоxикистон    аз 30  марти соли 2006  таҳти рақами № 6/4 тасдиқ шудааст ба ҳисоб меравад.

   Қайд кардан бо маврид  аст, ки дар  Шӯрои муттаҳида оид ба дифои рисолаҳои номзадӣ (КМ 737.004.01)  дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки  тобеи Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия мебошад аз  соли 1996 инҷониб амал карда, фаъолияташ аз 30.07 соли 2012 боз дошта шудааст.
   Дар ин Шӯро аспирантону унвонҷуён аз рӯи ихтисосҳои 12.00.01 назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимот оид ба ҳуқуқ ва давлат ва 12.00.03 – ҳуқуқи гражданӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи оилавӣ, ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ рисолаҳои номзадӣ  ҳимоя  менамуданд.
   
   Бо ташаббуси садорати факултети ҳуқӯқшиносӣ ва Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолияти Шӯрои муттаҳида оид ба дифои рисолаҳои номзадӣ (КМ 737.004.01) дар соли 2013  ба фаъолият шуруъ хоҳад намуд.

   Қайд кардан бомаврид ҳаст, ки дар Шӯрои  КМ 737.004.01 рисолаҳои докторӣ ҳимоя карда намешавад ва докторантон метавонанд баъди ба итмом расонидани рисолаҳояшон ба макотиби Олии Федератсияи Россия ва дигар Ҷумҳуриҳои ИДМ рафта дифоъи рисола намоянд.

   Дар факултети ҳуқуқшиносӣ  дар баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони хориҷӣ низ  метавонад ба ҳайси аспирант таҳсил  намоянд. Дар аспирантура таҳсил  дар шакли рӯзона ва ғоибона сурат мегирад. Довталабон метавонанд бо тариқи шартнома ва буҷавӣ таҳсил намоянд.
    
   Дар соли 2012  нархномаҳои зерин барои унвонҷуён, аспирантон ва докторантон аз ҷониби Раёсати  Донишгоҳи миллӣ муайян гардида буд:

Р/тШакли тайёр намудани мутахасисШакли таҳсилБарои шаҳрванди ҶТБарои ш-ндони хориҷӣ
1.Докторантура 8860 сомонӣ15000 сомонӣ
2.АспирантураРӯзона6645 сомонӣ15400 сомонӣ
3.АспирантураЃоибона5759 сомонӣ13500 сомонӣ

Барои дохил шудан ба аспирантура ҳуҷҷатҳои зерин лозим аст:

  1. Ариза ба номи ректори Донишгоҳ бо розигии ( имзои) мудири кафедра ва декани факултет;
  2. Нусхаи диплом бо замимаи баҳоҳо;
  3. Варақаи шахсӣ бо сурати  4х6;
  4. Тарҷимаи ҳол;
  5. Хислатнома ва тавсияи факултет барои дохил шудан ба  аспирантура;
  6. Нусхаи варақаи имтиҳонии минимуми номзадӣ (дар сурате, ки то дохил шудан ба аспирантура супорида шуда бошад);
  7. Руйхати маводҳои чопшуда ё  реферат дар ҳаҷми  20-25 саҳифа бо тақриз.
  8. Тавсияи Шӯрои олимони факултет дар бораи мактаби олиро …. сол  хатм намудан;
  9. Маълумотномаи тиббӣ (Ф- № 086);
  10. Дафтарчаи меҳнатӣ;
  11. Папка файл.