Бахши ғоибона ва маълумоти олии дуюм

   Ихтисоси ҳуқуқшиносӣ (маълумоти дуюм) (24010233)  соли 1997 дар факултети ҳуқуқшиносӣ ифтитоҳ ёфтааст. Ҳадаф аз  таъсиси ин ихтисос дар он аст, ки хоҳишмандони  маълумоти олӣ дошта, имконияти маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ гирифтанро пайдо кунанд.

   Донишҷӯён дар ихтисоси мазкур ба муҳлати се сол дар шакли таҳсили ғоибона таҳсил намуда, асосан фанҳои ихтисосиро меомузанд.

   Таҳсил дар ихтисоси ҳуқуқшиносӣ (маълумоти дуюм)  танҳо дар асоси шартномавӣ (ғайриройгон) ба роҳ монда мешавад. Маблағи шартнома дар соли 2012 барои довталабон  7500 сомониро ташкил медод. 

   Дар шуъбаи мазкур айни ҳол 265 нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд.


   Дар факултети ҳуқуқшиносӣ дар баробари шакли таҳсили рӯзона, инчунин шуъбаи ғоибона низ амал менамояд, ки шаҳрвандони   Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷӣ бе маҳдудияти синну сол   барои таҳсил дар ин шуъба ҳуқуқ доранд.  Тартиби дохил шудан ба шуъбаи ғоибонаи факултет дар қоидаи қабули донишҷӯён барои ҳар сол муайян карда мешавад. Таҳсил дар шуъбаи ғоибона бо тариқи ғайриройгон (шартномавӣ) сурат гирифта, маблағи шартнома аз ҷониби Раёсати Донишгоҳ  бо розигии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян карда мешавад.

   Муҳлати таҳсил дар шуъбаи ғоибона 5 сол мебошад.

       Дар шуъбаи  ғоибонаи факултети ҳуқуқшиносӣ  ихтисосҳои зерин мавҷуд аст:

  • Ҳуқуқшиноси умумӣ (маблағи шартнома дар соли 2012 -8400 сомонӣ);
  • Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ (маблағи шартнома дар соли 2012 -4100 сомонӣ);
  • Идораи давлатӣ ва ҳуқуқ (маблағи шартнома дар соли 2012 –  4100 сомонӣ);

Айни ҳол дар шӯъбаи ғоибона 450 нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд.