Раиси Шўрои кураторони факултети ҳуқуқшиносии ДМТ

ИСОЗОДА ПАРВИЗ АСАДУЛЛО

Исозода Парвиз Асадулло 25-уми марти соли 1993 дар шаҳри Кўлоб таваллуд шудааст. Соли 2011 ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2015 онро хатм намудааст. Аз соли 2016 то кунун ба ҳайси ассистенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ фаъолият дорад. Аз моҳи марти соли 2020 ба вазифаи Раиси Шўрои сарпарастони факултет таъин гардид. Зери роҳбарии номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Раҳмон Д.С. дар мавзўи «Масъалаҳои назариявии маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳқикоти илмӣ анҷом дода истодааст. Оиладор, соҳиби як фарзанд мебошад.