Идораи давлатӣ ва ҳуқуқ

   Ихтисоси Идораи давлатӣ ва ҳуқуқ   (26010200) бо ташаббус ва дархости Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва иҷозатномаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи  маориф таҳти №  АУ 0000575  дар  соли таҳсили 2009-2010 таъсис дода шудааст. Дар ихтисоси мазкур  донишҷӯён муддати 5 сол таҳсил намуда, мутахассисон барои мақомоти идоракунии ҳокимияти давлатӣ, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомот омода карда мешаванд. Дар ин ихтисос  таҳсил дар шакли ғоибона ва рӯзона сурат мегирад.

   Таҳсил дар шуъбаи мазкур  бо тариқи ройгон ва ғайриройгон  сурат мегирад. Дар соли 2012 маблағи яксолаи  шартнома барои ихтисоси идораи давлатӣ ва ҳуқуқ   4950  сомониро ташкил медод.

   Айни ҳол дар ихтисоси мазкур  133   донишҷӯён дар шуъбаи рузона  таҳсил менамоянд.