Декан

РАҲМОНЗОДА МУҲАММАД ҶАМШЕД – ДЕКАНИ ФАКУЛТЕТИ ҲУҚУҚШИНОСИИ ДМТ, НОМЗАДИ ИЛМҲОИ ҲУҚУҚШИНОСӢ, ДОТСЕНТ

Раҳмонзода Муҳаммад Ҷамшедсанаи24-уми апрели соли 1994 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Соли 2017 – факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Аз соли 2017 то соли 2021 ба ҳайси ассистенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намуда, аз соли 2022 то ба ҳол ба сифати дотсенти кафедра. Аз 3-юми ноябри соли 2021 то 18-уми марти соли 2026  мудири  кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Аз 18-уми марти соли 2026 бо фармоиши Ректори ДМТ дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

26-уми феврали соли 2021 дар Шурои диссертатсионии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рисолаи номзадияшро дар мавзуи «Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои фаъолияти ғайриқонунии бонкӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» зери роҳбарии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Сафарзода А.И. дифоъ намудааст.

Барои хизматҳои шоён ва бенуқсон дар рушди илми ҳуқуқшиносии кишвар бо мукофотҳои гуногун сарфароз гардонида шудааст, аз қабилӣ Сипосномаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ (соли 2020), Ифтихорномаи ДМТ (соли 2020), Сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ (соли 2022), Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (соли 2022), Ҷоизаи Давлатии Исмоили Сомонӣ  барои олимони  ҷавон, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд (соли 2023), Ифтихорномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2024), Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2024), Сипосномаи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2024), Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2025) ва ғ.

Доираи тадқиқоти илмиаш дар бахшҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ҷиноятҳо ба муқобили амнияти ҷамъиятӣ, ҷиноятҳои дорои хусусияти террористидошта буда, муаллифи беш аз 40 маводи илмию тадқиқотӣ мебошад.

Донандаи забонҳои русӣ ва англисӣ мебошад.

Оиладор, соҳиби ду фарзанд.