Имрӯз бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли2024 бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Масоили мубрами ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ: назария ва амалия” доир гардид.
Дар конференсияи мазкур намояндагони сохторҳои мухталифи ҷумҳурӣ ва устодону кормандони факултети ҳуқуқшиносӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Конференсия бо сухани муқаддимавии муовини ренктори ДМТ оид ба тарбия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Н.Имомова оғоз ёфт.
Сипас декани факултети ҳуқуқшиносӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент П. Мирзозода дар робита ба муҳиммияти баргузории конференсияи мазкур ва саҳми олимони соҳа, хусусан доктори илмҳои хуқуқшиносӣ, профессор Мансур Муллоев дар рушди илмҳои ҷиноятӣ, криминалогия ва ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноӣ суханронӣ намуд.
Ҳамин тавр, дар ҷараёни конференсия як зумра маърӯзаҳо, аз ҷумла маърӯзаҳои ёрдамчии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ: намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ализода Зариф ва профессори кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ ва маъмурии факултети ҳуқуқшиносӣ Ашӯрбой Имомов шунида шуд.