7. Муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ дар басти дуюм – Саидов Ҳ.М.

Саидов Ҳусниддин Миршакарович – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

Саидов Ҳуснуддин Миршакарович 18-уми августи соли 1988 дар ноҳияи Рашт таваллуд шудааст. Соли 2006 ба шуъбаи рӯзонаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, соли 2011 онро бо димполи аъло хатм кардааст. Фаъолияти кории ӯ аз ҳамин Донишгоҳ оғоз шуда, солҳои 2011-2013 ҳамчун мудири кабинети таълимии кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносӣ фаъолият кардааст. Аз соли 2013 то ҳоло дар вазифаи ассистенти кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносӣ фаъолият мекунад. Ҳамзамон аз сентябри соли 2017 то апрели соли 2018 ба ҳайси раиси Шӯрои сарпарастони факултети ҳуқуқшиносӣ фаъолият карда, аз соли 2018 то ҳоло муовини декани факултети ҳуқуқшиносӣ оид ба корҳои тарбиявӣ мебошад. Соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рӯйи ихтисоси 12.00.03 – «ҳуқуқи гражданӣ, ҳуқуқи оилавӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ» мебошад. Масъалаҳои вобаста ба проблемаҳои ҳуқуқи граждании таъмини шаҳрвандон бо оби нӯшокӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар бахши обтаъминкунӣ аз мавзӯъҳои марказии таҳқиқоти илмии ӯ ба шумор мераванд. Номбурда соли 2018 дар Шӯрои диссертатсионии миллии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Масъалаҳои асосии таъмини шаҳрвандон бо оби нӯшокӣ дар танзими ҳуқуқи хусусӣ» рисолаи номзадиашро зери роҳбарии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, мудири кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносии ДМТ Ѓаюров Ш.К. ҳимоя намудааст. Мавсуф аз фанҳои «Ҳуқуқи гражданӣ», «Ҳуқуқи оилавӣ», «Ҳуқуқи хусусии римӣ» ва курсҳои махсус ба шогирдон дарс гуфта, муаллифи беш аз 40 корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таълимию методӣ мебошад. Дар кори конференсияҳои бонуфузи илмии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат намудааст. Ба қалами ӯ асарҳои «Основные вопросы питьевого водоснабжения граждан в частноправовом регулировании» (монография); Ҳуқуқи граждании ҶТ, қисми 2 (китоби дарсӣ); Ҳуқуқи гражданӣ, қисми 1 (дар нақшаҳо), (воситаи таълимӣ); Ҳуқуқи уҳдадорӣ (воситаи таълимӣ); Ҳуқуқи шартномавӣ (воситаи таълимӣ); Ҳуқуқи хусусии римӣ (воситаи таълимӣ); Тафсири Қонуни ҶТ «Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он» ва ғайра тааллуқ доранд. Соли 2019 бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Саидов Ҳуснуддин Миршакарович беш аз 7 сол собиқаи кории илмию омӯзгорӣ дорад. Оиладор, соҳиби ду фарзанд мебошад.