9. Муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ дар шӯъбаи муносибатҳои байналхалқӣ (ҳуқуқ) ва низоми таҳсилоти кредитӣ – Буриев А.Р.

БУРИЕВ АКМАЛ РАҶАБАЛИЕВИЧ

Буриев Акмал Раҷабалиевич 1-уми августи соли 1988 дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 2013 ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2016 хатм намудааст. Ба ҳайси унвонҷӯи кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиӣ фаъолияташро оғоз намудааст. Аз соли 2017 то ҳол ассистенти кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиии факултети ҳуқуқшиносӣ мебошад. Вазифаи раиси Шӯрои сарпарастони факултети ҳуқуқшиносиро ба уҳда дорад. Таҳқиқоти илмиаш ба масъалаҳои танзими ҳуқуқи граждании истифодаи сарватҳои табиӣ рабт дорад. Аз фанҳои ҳуқуқи замин, ҳуқуқи экологӣ, ҳуқуқи нақлиёт, ҳуқуқи кишоварзӣ ва курсҳои махсуси «Проблемаҳои ҳуқуқии ҳифзи муҳити зист» ва «Ҳуқуқи обӣ» ба шогирдон дарс гуфта, муаллифи беш аз 10 кори илмию таҳқиқотӣ ва таълимию методӣ мебошад. Дар конференсияҳои илмии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзидааст. 6 сол собиқаи кори илмию омӯзгорӣ дорад.