2. Муовини декан оид ба таълим дар шӯъбаи рӯзонаи басти дуюм – Кабутов Э.Д.

Кабутов Эраҷ Давлатматович– номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотстент

Кабутов Эраҷ Давламатович 31уми октябри соли 1986 дар шаҳри Душанбе дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Соли 2004 ба шуъбаи рӯзонаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2009-ум онро бо дипломи аъло хатм намудааст. Солҳои 2009-2015 – ассистенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносӣ, 2009-2014 аспиранти шуъбаи ғоибонаи факултети ҳуқуқшиносӣ, аз соли 2015 то кунун дотсенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат, солҳои 2014-2015 муовини декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ оид ба тарбия, аз соли 2015 инҷониб муовини декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ оид ба таълим шуда фаъолият менамояд. Соҳиби унвони илмии дотсент мебошад.

Масъалаҳои вобаста ба проблемаҳои танзими хусусӣ-ҳуқуқии муносибатҳо оид ба хизматрасонии бокортаъминкунӣ, проблемаҳои назариявии танзими ҳуқуқии савдо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавзӯъҳои таҳқиқоти илмии ӯ ба шумор мераванд. Соли 2014 дар шаҳри Душанбе дар Шӯрои диссертатсионии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Проблемаҳои танзими хусусӣ-ҳуқуқии муносибатҳо оид ба хизматрасонии бокортаъминкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рисолаи номзадиашро ҳимоя намудааст. Мавсуф аз фанҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи меҳнат, ҳуқуқи таъминоти иҷтимоӣ, ҳуқуқи андоз, ҳуқуқи бонкӣ, ҳуқуқи молия ва курсҳои махсус ба шогирдон дарс гуфта, муаллифи беш аз 50 кори илмию таҳқиқотӣ ва таълимию методӣ мебошад. Дар конференсияҳои бонуфузи илмии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат намудааст. Бо Сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2017), Ифтихорномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2017) сарфароз шудааст. Ў беш аз 10 сол собиқаи кории илмию омӯзгорӣ дорад. Оиладор, соҳиби чор фарзанд мебошад.