1. Муовини аввал, муовини декан оид ба таълим дар бахши рӯзона – Мирзозода П.З.

Мирзозода Парвон Зайналобудин – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент

Мирзозода Парвон Зайналобуддин 1-уми январи соли 1980 дар ноҳияи Муъминобод таваллуд шудааст. Соли 1997 ба шуъбаи рӯзонаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, соли 2002-ум онро хатм намудааст. Солҳои 20022003 – омӯзгори кафедраи ҳуқуқи граждании Академияи вазорати корҳои дохилӣ, солҳои 2003-2006 – котиби Суди ноҳияи Шоҳмансури ш. Душанбе, аз соли 2006 инҷониб ба ҳайси ассистент, дотсенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, аз соли 2014 инҷониб муовини декан оид ба таълим дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Соҳиби унвони илмии дотсент аст.
Масъалаҳои вобаста ба ҷавобгарии ғайришартномавии давлат барои зарари ба соҳибкор расонидашуда, воситаҳои гражданӣ-ҳуқуқии таъмини сифати мол, кор, хизматрасонӣ аз мавзӯъҳои таҳқиқоти илмии ӯ ба шумор мераванд. Соли 2012 дар Шӯрои диссертатсионии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҷавобгарии ғайришартномавии давлат барои зарари ба соҳибкор расонидашуда» рисолаи номзадиашро ҳимоя намудааст. Мавсуф аз фанҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи меҳнат, ҳуқуқи таъминоти иҷтимоӣ, ҳуқуқи андоз, ҳуқуқи бонкӣ, ҳуқуқи молия ва курсҳои махсус ба шогирдон дарс гуфта, муаллифи беш аз 100 корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таълимию методӣ мебошад. Дар кори конференсияҳои бонуфузи илмии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат намудааст. Барои хизматҳои пурсамараш бо унвони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2016), медалҳои ҷашнии «90-солагии адлияи Тоҷикистон» (2015), Ифтихорномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2012) мукофотонида шудааст. Мирзозода Парвон Зайналобуддин 17 сол собиқаи кории илмию омӯзгорӣ дорад. Оиладор, соҳиби чор фарзанд аст.