ВАҲДАТИ МИЛЛӢ КАФИЛИ КОМЁБИҲОСТ

Баъд аз пош хӯрдани ИҶШС Тоҷикистон Истиқлолияти сиёсии худро ба даст овард ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҷойи худро ҳамчун давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд ва демократӣ касб намуд. Аммо, бо гузашти андак вақт ин давлат дар гирдоби ҷанг афтод. Ин ҷанги хонумонсӯз дар таърихи давлату давлатдории тоҷикон бо номҳои «ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ», «ҷанги дохилӣ» ва «ҷанги бародаркуш» маълум аст. Барои рафъ намудани ҳолати ҷангӣ ва таҳдиду хатар ба миллату давлат ҷонибҳоро мебоист ба созиш оянд. Тоҷикон, ки аз қадимулайём халқи сулҳҷӯ, сулҳпарвар ва сулҳомез буданд, мекӯшиданд, ки тамоми масъаларо бо роҳи осоиштагӣ ва мусолиҳа ҳал намоянд. Маҳз ҳамин хусусияти ин халқ буд, ки бародаронро ба омадани созиш водор сохт. Сулҳ ва осоиштагӣ дар Тоҷикистон бо роҳи осон ба даст наомадааст. Пеш гирифтани роҳи сулҳ ва музокирот буд, ки тӯли панҷ соли ҷангу низоъ ва рӯзи сиёҳи мардум, ки фоҷиаи қарни XX аст, рӯз ба рӯз, лаҳза ба лаҳза Тоҷикистонро ба тинҷиву оромӣ наздик мегардонид.

Раванди сулҳ ва ризоияти миллии тоҷикон аз 8 давра ва 6 марҳилаи таърихӣ иборат буд. Музокирот дар давоми се соле, ки байни ҷонибҳо сурат гирифт, оқибат роҳҳои асосӣ ва воситаҳои зарурии дарёфти сулҳ ва ризоияти миллиро дар ҷумҳурӣ пайдо гардонид то сулҳ ба даст ояд ва пеши роҳи ин ҷанги хонумонсӯз гирифта шавад. Хушбахтона, бо мақсади таъмини сулҳ дар Тоҷикистон моҳи апрели соли1994 аввалин гуфтушунидҳо байни тоҷикон оғоз ёфт ва ин то ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, яъне то таърихи 27-уми июни соли1997 давом кард. Тоҷикистон, ки дар ин айём ҳанӯз ҳам дар гирдоби ҷанг буд, рафти созишномаҳо ва гуфтушуниди бамиёномадаи ҳайати тарафҳо дар шаҳрҳои Кобулу Теҳрон, Москва, Исломобод, Алмаато, Исломободу Бишкек, Ашқобод ва Тошканд сурат гирифт. Ниҳоят рӯзе, ки тоҷикон онро дер боз интизор буданд фаро расид, ки ин рӯз рӯзи имзои созишномаи сулҳ буд. Дар таърихи 27-уми июни соли1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид. Дар роҳи пойдориву нигоҳдории сулҳи тоҷикон саҳми як қатор давлатҳо, шахсҳо ва созмонҳо қобили зикр аст, аз он ҷумла, Федератсияи Россия, Афғонистон, Покистон, Қазоқистону Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон; дар мисоли шахсиятҳо бошад Б. Раббонӣ, А. Масъуд, Б. Елтсин, Е. Примаков, Н. Назарбоев; дар мисоли ташкилотҳо бошад СММ, Созмони конфронси исломӣ, ИДМ ва амсоли инҳо. Сулҳи деринтизори тоҷикон, ки санаи 27-уми июни соли1997 ба даст омад, дар таърихи давлату давлатдории миллии тоҷикон ва миллати тоҷик бо хатҳои заррин сабт гардидааст.

Ҳамасола рӯзи 27-уми июн ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ дар саросари кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хосса дар сатҳи баланд ба хотири бадастории сулҳ ва нигоҳу пойдории он ҷашн гирифта мешавад. Имсол, ки аз гузашти ин санаи таърихӣ 20 сол сипарӣ мешавад, Тоҷикистон дар арсаи байналмилал шинохта шуда, давлату миллати тоҷикро чун кишвари соҳибихтиёриву ҳуқуқбунёд эътироф менамоянд. Аз нигоҳи банда ба даст овардани сулҳ ва ризоияти миллӣ кори саҳлу шӯхӣ ва бозӣ нест.

Маҳз хираду заковати ин миллати таърихиву кӯҳанбунёд буд, ки онҳо ба мусолиҳа бархоста, созиш намуда, пеши роҳи ҷанг, қатлу куштор ва ғоратро гирифтанд. Сулҳ бебаҳост ва бо сарвату ваъдаҳо харида ва ба даст оварда намешавад. Ваҳдати миллӣ волотарин шоҳасари миллӣ маҳсуб ёфта, мавриди омӯзиши кулли мардуми сулҳхоҳи олам қарор дорад. Чунон ки худи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Беҳуда нест,ки таҷрибаи мо дар ҷодаи таъмини сулҳ ба Ватан , ба макони зист баргардонидани қариб як миллион гурезаҳо ва ташкили ҳамгироии иҷтимоии онҳо аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмониамният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, воқеъбинонаарзёбӣ шуд ва ҳамчун модели нодирисулҳоварӣ эътироф гардид».

Имрӯз вазифаи ҳар як сокини мамлакат ҳифзи сулҳу субот ва расидан ба қадри ваҳдати миллист. Мо бояд ба авзои нобасомони кишварҳои ноором бо дидаи ибрат нигариста, сулҳу ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем ва дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, Ватани азизамонро боз ҳам ободу зебо гардонем. Дар охир ҳамчун як фарди ватандӯст ва сулҳхоҳ 27 солагии ҷашни муқаддаси миллиро ба ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ табрик гуфта ба ҳар яки онҳо озодии фарох ва шодии беканорро дар ин ҷомеаи гулгулшукуфоии Тоҷикистони азиз таманно дорам.

Абдуллозода Баҳодур – ассистенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ