ВАҲДАТИ МИЛЛӢ НАТИҶАИ СИЁСАТИ ХИРАДМАНДОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Рушди давлати навини тоҷикон ҳамчун кишвари озоду соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона бо масъулияту садоқатмандии кормандони мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шаҳрвандони он робитаи бевосита дорад.

Ваҳдати миллӣ падидаи мураккабест, ки баёнгари сатҳи ташаккули миллӣ буда, дар ҷавҳари миллат тағйироти сифатӣ ва тавонмандии рақобатпазирӣ ба вуҷуд оварда, афроди миллатро муттаҳиду нерӯҳои зеҳниву ҷисмии онҳоро барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва расидан ба ҳадафҳои умумӣ мутамарказ карда, миллатро ҳамчун низоми иҷтимоӣ ва сиёсӣ ташаккул медиҳад. Рӯзи Ваҳдати миллӣ сарчашмаи сулҳу ягонагӣ, ваҳдату якдилӣ ва ҳамдигарфаҳмию рафоқати мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад.

Бисту ҳафт сол пеш, яъне 27 июни соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат марҳалаи нав оғоз гардид. Дар солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, ки мардуми мо нахустин пояҳои бунёди давлатдории муосири худро мегузоштанд, бадхоҳону хоинони миллати тоҷик кишвари моро ба низоъи дохилӣ, муқовимати сиёсӣ ва мухолифати мусаллаҳона гирифтор карда, дар як муддати кӯтоҳ Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд.

Дар ин лаҳзаҳои ниҳоят душвору сангин барои халқи тоҷик, роҳи ягонаи наҷот аз хатари ба сари халқи тоҷик омада қатъи ҳарчи зудтари хунрезӣ ва таъмини сулҳ тавассути созишу ҳамдигарбахшӣ буд, ки инро нафарони воқеан дурандешу ватандӯсти миллат амиқ дарк карда буданд. Дар баробари Истиқлолияти давлатӣ яке аз беҳтарин дастовардҳои бузург дар таърихи навини давлатдории халқи тоҷик расидан ба Ваҳдати миллӣ ва ризоияту якдилӣ маҳсуб ёфта, ин ду дастовард ба ҳам мувофиқ буда, якдигарро пурра менамоянд ва роҳи миллатро барои рушду тарақиёт ҳамвор месозад.

Соҳибихтиёрии ҳар як кишвар ба се омил асос меёбад: истиқлолият, сулҳу субот ва ваҳдату ризоияти ҷомеа. Ин арзишҳои бузургу муқаддас асоси тараққиёти мамлакат буда, ба яке аз самтҳои асосии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфтааст. Имрӯз дар пасманзараи таҳаввулоти сиёсии минтақа ва ҷаҳон давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати сулҳпарвар муаррифӣ шудааст. Саҳми беандозаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлил ва ба вуҷуд омадани ин ҷашн шоёни таҳсин аст, зеро расидан ба ин ҳадаф масъулияти сангинеро, ки барои бунёди давлати воқеан демократӣ, ки он вазифаи муқаддас ба шумор мерафт анҷом доданд, ки имрӯз мо халқи тоҷик ба ин ҳадафи бузург ноил гардидем. Бо ташабусси Президенти мамлакат баъди гуфтушунидҳои тӯлонӣ, дар гӯшаву канори гуногуни олам, ки зиёда аз чил моҳ идома ёфтанд, чил санади барои миллат муҳим ба имзо расонида шудааст.

Таърих собит намудааст, ки ҳар ҷомеа дар сурате бо низом пеш меравад, ки агар мардум якдилу якмаром, дӯсту бародар, дастгиру пуштибони ҳамдигар бошанд, ягонагӣ, иттиҳоду ваҳдати миллиро шиори асосии худ қарор дода, ба он арҷ гузоранд, меҳри Ватанро дар дил устувор парвардаву ғамхори халқу миллати хеш бошанд. Дар баробари ин, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як фирориро ба Ватан баргардонида, дасти тифлони ятиммондаро падарвор гирифта, миллати парокандаи тоҷикро ҷамъ оварда, барои онҳо шароити моддӣ, маънавӣ ва амниятии зистро муҳайё намуданд.

Маҳз сулҳу дӯстӣ, амнияту субот, сарҷамъиву якдилӣ ва иттиҳоду ҳамфикрии миллат асоси рушди давлат, пешрафти ҷомеа ва некуаҳволии халқ мебошад, ки хушбахтона халқи шарафманди тоҷик зери роҳбарӣ ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин дастовардҳои бузурги сиёсӣ ноил гардид.

Баъди ноил шудан ба сулҳу салоҳ Президенти мамлакат бори дигар ба ҳамватанонамон муроҷиат намуда, таъкид доштанд, ки “Бо дарназардошти ин руҳияи илҳомбахш ва иттиҳоди ҷовидонии миллат айни муддаост, ки рӯзи 27 – уми июнро дар кишварамон Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон намоем ва ин санаи фархундаро ҳар сол ба таври умумихалқӣ ид кунем”. Дар ин асос ҳар сол мардуми кишвар ин рӯзро ҳамчун як ҷашни миллӣ таҷлил менамоянд ва имрӯз мо дар арафаи 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор дорем.

Рушду нумуъ ва тараққиёти миллат маҳз дар устувории сулҳу ваҳдат аст. Агар дар мамлакате пояҳои сулҳу ваҳдат мустаҳкам набошанд, он кишвар оҳиста-оҳиста метавонад рӯ ба нестӣ орад. Ҳама бояд бо ҳамдигар иттифоқ бошанд, аз ҷумла аз кӯдакони як сарзамин сар карда то пири кор – ҳама нисбати ҳам эҳтиром дошта бошанду ҳамдигарро дӯст доранд, дар лаҳзаҳои мушкили зиндагӣ дасти ҳамдигарро гиранду якдигарро танҳо нагузоранд. Мо бояд шукрона кунем, ки ба чунин рӯзгори орому осуда ва сулҳу ваҳдати комил расидаем ва ҳоло таҷрибаи нодири сулҳи тоҷиконро созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва дигар давлатҳои муқтадири дунё меомӯзанд.

Расидан ба Сулҳу Ваҳдати миллӣ ба чандин омилҳо асос ёфта, яке аз асосҳои он бевосита бо сарварии Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули қонуни асосӣ-Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Минбаъд дар заминаи қонуни асосии кишвар чандин қонунҳои дигар қабул карда шуданд, ки онҳо дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ нақши бевосита муҳим доранд.

Пеш гирифтани роҳи сулҳ ва ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистону тоҷикистониён дар он рӯзҳои вазнину сангин кори осон набуда, то ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ, музокироти байни тоҷикон чандин сол идома ёфт. Дар ин муддат чандин вохӯрии расмӣ байни ҳайати ҳукуматӣ ва намояндагони мухолифини тоҷик баргузор гардид.

Созишномаи мазкур барои ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот, сарҷамъии миллат ва зиндагии ороми сокинони мамлакат шароити мусоид фароҳам овард.

Бо андешидани ин тадбирҳо оташи ҷанг хомӯш, сулҳу осоиш дар кишвар барқарор ва зиёда аз як миллион нафар гурезагон ба Ватан баргардонида шуданд. Ин сулҳу ваҳдат маҳз бо кӯшишу заҳматҳои фидокоронаи Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст оварда шуд ва ин неъмати бебаҳоро ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бояд сидқан нигоҳ дошта, аз он пуштибонӣ намоянд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати таърихии худро аз ҳифзи тамомияти арзӣ, ба созиш овардани тарафҳо, ба Ватан баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ, таъмини ягонагии халқи кишварамон ва пойдору устувор намудани пояҳои давлатдории миллӣ оғоз намуданд.

Муайян намудани сохти давлатдорӣ ва роҳи рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз муҳимтарин хидматҳои Пешвои муаззами миллат дар назди Ватану миллат маҳсуб меёбад. Бо ташаббусҳои созандаю бунёдкоронаи Пешвои миллат дар як муддати кӯтоҳ харобаҳо ба ободӣ табдил ёфта, иншоотҳои азим ба вуҷуд омаданд. Дар ин раванд таъмин намудани истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ҳамчун ҳадафҳои стратегии миллӣ, ки ояндаи Тоҷикистон ба амалӣ гардидани онҳо вобаста буд, муайян гардиданд.

Барои рушду инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ моро зарур аст, ки дастовардҳои даврони истиқлолиятамонро дурусту ҳамаҷониба таҳлил намоем ва ба рӯйдодҳои таърихии замони муосир баҳои воқеӣ диҳем. Зеро ҳодисаҳои мураккаби дунёи муосир гувоҳи равшани онанд, ки зиддиятҳои қудратҳои ҷаҳонӣ торафт авҷ гирифта, зуҳуроти даҳшатангези терроризм ва экстремизми диниву сиёсӣ беш аз пеш вусъат пайдо мекунанд ва дар минтақаву кишварҳои алоҳида хатари ба вуҷуд омадани низоъҳои нав пайдо шуда истодааст.

Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ аз ин равандҳои хатарнок дар канор буда наметавонад ва бинобар ин, мо бояд кӯшиш намоем, ки бо тақвият бахшидани пояҳои давлати соҳибихтиёрамон манфиатҳои милливу давлатии худро бо ҳушёриву садоқат ҳифз кунем. Сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ барои мо арзишҳои ҳаётан муҳимме мебошанд, ки ба шарофати онҳо мардуми Тоҷикистон ҳоло ба хотири ободии Ватан, пешрафти давлат, амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ ва осоиши ҳар як хонадон сарҷамъу аҳлона заҳмат мекашанд.

Имрӯз мардуми мо хуб дарк мекунанд, ки зиндагии осудаву ороми ҳар як оила, амалӣ гардидани нияту орзуи ҳар як шаҳрванд, ободии Ватан ва пешрафти давлат танҳо дар сурати пойдор будани сулҳу суботи комил имкон дорад. Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди иқтисодиёт, ободониву бунёдкорӣ назаргир ва боиси таваҷҷуҳи мамлакатҳои хориҷӣ гардидааст. Доир ба рушду нумӯи соҳаи кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин, баланд бардоштани ҳосил, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадан, ривоҷу равнақи соҳибкорӣ, таъмини пешрафти соҳаҳои маориф, фарҳангу тандурустӣ, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум қадами устувор ба пеш гузошта шудаанд.

Президенти мамлакат ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ мунтазам аз минбарҳои ташкилотҳои бонуфузи байналмилӣ оид ба ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир қотеъона масъалагузорӣ намуда, обрӯи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дар ташаккули сиёсати байналмилӣ саҳмгузор баланд мебардоранд. Қудрати ваҳдати миллӣ, самараи иттиҳоди мардуми нексиришти тоҷикро дар ин рӯзҳои сахт бояд воқеан эҳсос намоем ва шукрона аз даврони истиқлолият намоем, ки он ба халқи шарафманди тоҷик нерӯву тавон, сабру таҳаммул ва ҳиммати ҷавонмардона ато кардааст, ки дар лаҳзаҳои душвору мураккаб боз ҳам муттаҳидтар шуда, даст ба дасти ҳамдигар дода, барои суботи устувор ва оромии ватанамон софдилонаву аҳлона заҳмат кашем.

Ба муносибати ин ҷашни умумидавлатӣ ва сарнавиштсози миллат ба тамоми халқи тоҷик барору комёбӣ, дастовардҳои бузурги касбӣ, сарбаландиву тансиҳатӣ ва ба Тоҷикистони соҳибистиқлоламон рушду шукуфоии ҳамешагиро орзу менамоем.

Мирзозода П.З. – декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, д.и.ҳ., дотсент