ВАҲДАТИ ТОҶИКОН

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон дар замони барои ҷумҳурӣ ниҳоят вазнин роҳбари давлат интихоб гардид ва аз рӯзҳои нахустин дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии худ роҳеро пеш гирифт, ки тавассути он қадам ба қадам кишварро аз ҳолати бӯҳронӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ берун карда, ба маҷрои сулҳу ваҳдат ва пешрафт раҳнамун сохт. Яке аз хизматҳои бузурги Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқи тоҷик фурӯ нишондани ҷанги шаҳрвандӣ ва таъмини сулҳу ваҳдати мардум аст. Дар бораи раванди музокироти сулҳи тоҷикон бисёр навиштаанд, вале он нуктаро бояд бори дигар таъкид кард, ки дар он Президенти Тоҷикистон нақши марказӣ дошт. Ӯ аз оғоз то ба анҷом дар ҷараёни гуфтушунидҳо буд, бо аъзои ҳайати ҳукуматӣ суҳбат мекард, дастуру маслиҳат медод, бо лоиҳаҳои санадҳои таҳияшуда шинос мешуд. Ҳафт маротиба мулоқотҳои сатҳи олӣ бо иштироки Президент гузаштанд, ки албатта, дар раванди музокирот нақши асосӣ доштанд. Бо имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дар пешрафти кишварЭмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон 4 давраи нав шурӯъ шуд, ки ба туфайли он дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ иқдомҳои ҷиддӣ рӯи кор омаданд.

Он вақте, ки Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Роҳбари давлат дар ҚасриАрбоби ноҳияи Хуҷанд аз фарози минбари Иҷлосияи XVI Шурои Олии ҷумҳурӣ муаррифӣ шуд, дар саҳнаи сиёсии ҷумҳурӣ шахсияти тамоман нав буд. Вале фосилаи кӯтоҳи вақт собит сохт, ки ӯ дар ҳақиқат давлатмадори соҳибтадбир буда, илоҷи мушкилотипешомадаро пайдо мекунад. Бо шарофати хиради стратегӣ, иродаи қавӣ ва хориқаи (феномен) беназири сиёсии худ, сарвари навинтихоби ҷумҳурӣтавонист дар як муддати нисбатан кӯтоҳ асосҳои давлатдориимиллиро эҳё намуда, шиддати ҷанги бародаркуши шаҳрвандиро дарҳам шиканад ва ба раванди барқарор намудани ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар кишвар оғоз бахшад

Дар ин замина Роҳбари давлат истифодаи самараноки имкониятҳоибайналмилалиро ҷиҳати фурӯ нишондани алангаи ҷанги шаҳрвандӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар ба ҳайси вазифаи аввалиндараҷаисиёсати хориҷӣ қарор дод. Зимни аввалин муроҷиатномаи худ ба халқи шарифи Тоҷикистон аз 12 декабри соли1992 изҳор намуд, кибарои ба ҷумҳурӣ ёрӣ расонидан ба Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат хоҳад кард. Ба дунболи ин дар як муддати кӯтоҳ силсилаи тадбирҳое роҳандозӣшуданд, ки бар асари онҳо вазъият куллан тағйир пазируфт. СММ дар аввали соли 1993 Намояндагии худро дар Душанбе таъсис дод, Фиристодаи вижаи Дабири кулли СММ оид ба Тоҷикистон таъйингардид. Бо дастгирии кишварҳои дӯст ва созмонҳои байналмилалӣ дар самти бозгардондани гурезаҳо ба ҷойҳои сукунати доимӣ ва барқароркардани манзилҳо ва иншооти дар рафти ҷангҳо харобгардида корҳои зиёд ба анҷом расиданд. Ҷиҳати сари мизи гуфтушунид нишондани ҷонибҳоидаргир кӯшишҳо ба харҷ рафта, дар моҳи апрели соли 1994 бо миёнаравии Созмони Милали Муттаҳид ва иштирокиСозмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Конфронсиисломӣ, инчунин давлатҳои нозир дар шаҳри Москва музокирот байни ҳайатҳои ҳукумати ҷумҳурӣ ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик шурӯъ гардиданд. Шоёни зикр аст, ки мулоқотҳо дар доираи раванди музокироти сулҳи тоҷикон дар кишварҳои ба мо дӯст – Россия, Эрон, Покистон, Қазоқистон, Туркманистон, Афғонистон ва Қирғизистонбаргузор гардиданд ва роҳбарияти давлатҳои зикршуда бароисамаранок сурат гирифтани гуфтушунидҳо тамоми имкониятҳоизаруриро фароҳам оварданд. Ин раванди мураккаб 27 июни соли 1997 бо имзо намудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон анҷом ёфта, ба муқовимати чандсола дар кишвар хотима бахшид. Аҳамияти рӯйдодимазкур дар суханронии Сарвари кишвар ба

имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти милли оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик гардид. Ин сулҳ боварии даҳҳо ҳазор ҳамватанони бегуноҳ, занону кӯдакон, пиронсолону ҷавононро, ки маҷбуран тарки Ватан карда буданд, ба зиндагӣ эҳё намуд. Ин сулҳу ваҳдат маҳз бо кӯшишу заҳматҳои фидокоронаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст оварда шуд ва ин неъмати бебаҳоро ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бояд ба монанди гавҳараки чашм нигоҳ дорад.

Фарзанди барӯманди халқи тоҷик Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пуштибонии ин марзу бумро дар сангинтарин марҳала ба дӯши худ гирифтанд ва изҳор доштанд, ки барои халқу Ватан, барои осудагӣ ва ободии он донишу қувваи худро дареғ намедоранд. Маҳз ҳамин ҷонфидоӣ ва диловарии Пешвои миллат буд, ки дар дили миллионҳо тоҷику тоҷикистониён шуълаи умеду орзуҳо аз нав фурӯзон гардид. Дар Тоҷикистон сапедӣ бар сиёҳӣ пирӯз меомад. Соли 1994 бо созмон дода шудани музокироти тоҷикон марҳалаи нав оғоз гардид. Дар ин замина қадам ба қадам барои иҷрои мақсадҳои ниҳоӣ шароит муҳайё мегардид. Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интиҳои асри бист аз фоҷиаи миллӣ раҳоӣ ёфта, истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва имрӯз ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад.

Ҳалқу миллати тоҷикро Худованд назари нек кардааст. Зеро ин таъриху фарҳанг, ин миллати куҳанбунёд воқеан ниёзманди хамин гуна сарвару пешвое буд, ки дар садри давлат онро аз вартаи нобудӣ ба шаҳри умеди орзуҳо раҳнамун созад. Ва имрӯз ин миллат бо камоли ифтихору сипос ва бо сарбаландиву худшиносии миллӣ Эмомалӣ Раҳмонро Пешвои худ ном мегирад. Пешвое, ки миллатро сарҷамъу муттаҳид, Ватанро хонаи умеди тоҷикони дохиливу бурунмарзӣ, кӯҳистони моро воқеан ба Боми ҷаҳон мубаддал намуда, ба тоҷикон ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстӣ, муҳаббатро ба арзу буми бобоӣ ато кард.

Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ аз дастовардҳои арзишманди таърихию муқаддаси даврони истиқлолият мебошанд. Ваҳдат иттиҳоду сарҷамъии инсонҳо буда ва сулҳу оромӣ ва ободию пешрафти давлат аз мавҷудияти ваҳдату ҳамдилӣ вобастагии калон дорад. Воқеан, Ваҳдати миллӣ меҳвари сиёсати дохилию хориҷии давлати мо буда, онро пойдору устувор нигоҳ медорад ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо, махсусан ҷавонон аз он иборат аст, ки бо саъю талоши пайваста аркони давлати соҳибихтиёрамонро боз ҳам таҳким бахшем.

Барои ҳифзи ин ҳама арзишҳои миллӣ ва боз ҳам устувор намудани нуфузи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ, ки албатта аз файзи сулҳу ваҳдат аст, мо ҷавонон бояд дар пойдору таҳкими сулҳу ваҳдат саҳми арзандаи худро гузорем.

Рустам Исматов, ассистенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия