ИШТИРОК ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Магистранти курси 2-юми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ахмедов Ҳафизулло дар Форуми байналмилалии “Блогнависӣ ва истеҳсолот” (ШУМ. Блогинг и производство) барои ҷавонони кишварҳои узви ИДМ, ки дар шаҳри Калинингради Федератсияи Русия аз 18 то 25 октябри соли 2024 доир шуд, иштирок намуд.

Ахмедов Ҳафизулло яке аз ғолибони маҷозии озмуни Ташкилоти “Ҷавонони Русия” мебошад, ки натиҷаи он роҳхат ёфтан ба форуми мазкур буд. Ӯ ватанро байни иштирокчиёни кишварҳои ИДМ муаррифӣ намуд.

Ҳамчунин, дар рафти форум бо ҳамгурӯҳҳонаш дар барномаҳои мухталифи он иштирок намуда, соҳиби ҷойи ифтихорӣ гашт.