Давлати мустақил давлатеро меноманд, ки дорои рамзҳои давлатӣ, сарҳад, артиш мебошад. Дар баробари ҳамаи ин ҳар як давлат қонуни асосӣ дорад, ки дар он ҳуқуқ ва вазифаҳои шаҳрвандонаш сабт шудаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам китобе ҳаст, ки мо онро Қонуни асосӣ, Конститутсия мегӯем, ки дар он тамоми қонуниятҳои зиндагонии сокинони кишвар сабт шудааст. Конститутсия санади таърихиву муқаддасест, ки тамоми муносибатҳои муҳимтарини ҷомеаро ба танзим дароварда, асоси ҳуқуқии ҳар як давлатро муайян мекунад ва ҳуҷҷати сафарбаркунандаи тамоми мардум баҳри ободии кишвар мебошад.
Конститутсия гуфта, қонуни асосии давлатро меноманд, ки дорои қувваи олии ҳуқуқӣ буда, бо тартиби махсус, аз ҷониби мақомоти давлатии барои қабули Конститутсия ваколатдоршуда ё дар раъйпурсӣ аз ҷониби халқ қабул карда шуда, муносибатҳои муҳимтарини ҷамъиятиро ба танзим медарорад. Андешаи қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти шароити мушаххаси иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвари мо аҳамияти муҳимми фарҳангӣ дошт. Ин андеша собит менамояд, ки Конститутсияи ҳар як давлат хусусияти миллӣ дошта:
-якум, бо дарназардошти шароити миллӣ қабул мешавад;
-дуюм, барои ифода ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ мусоидат мекунад;
-сеюм, барои амалӣ гардидани меъёрҳои конститутсионӣ дар шароити мушаххаси таърихӣ кӯмак мекунад.
Аз соли 1929 то ба имрӯз дар Тоҷикистон5-маротиба Конститутсия қабул шудааст: солҳои1929, 1931, 1937, 1978 ва1994. Конститутсияи имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудааст аз конститутсияҳои гузашта куллан фарқ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал намуда, ба стандартҳои санадҳои меъёри ҳуқуқии байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Ногуфта намонад, ки ба Конуститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид гардидааст. Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлат таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ нигоҳ доштани миллати тоҷик барои расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гузошт.
Дар арафаи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳамчун консепсияи нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон пешниҳод гардид. Ин консепсияи давлати тозабунёди Тоҷикистон бо дарназардошти шароити мушаххаси иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангии ҷомеаи мо пешниҳод шуда, дар айни замон, бунёди давлати миллии демократии ҳуқуқбунёд ва дунявиро дар шароити Тоҷикистон дар назар дорад. Консепсияи давлати ҳуқуқбунёди дунявӣ, ки то ба имрӯз амалӣ мешавад, аз як тараф, арзишҳои умумипазируфтаи ҷомеаи ҷаҳонро пурра инъикос мекунад ва аз тарафи дигар, шакли ифодаи манфиатҳои миллиамон мебошад.
Бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳифаи нав дар таърихи давлатдории тоҷикон оғоз гардид. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати тақдирсоз ва сарнавишти таърихи навини тоҷикон буда, ба марҳалаи нави таърихии гузариш ба давлати ҳуқуқбунёди иҷтимоӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ гузошт.
Аз ин хотир, Конститутсияи Тоҷикистон шаҳсутун ва шиносномаи давлат буда, санади тақдирсоз ва таъинкунандаи сарнавишти мардуми Тоҷикистон аст. Ба мо зарур аст, ки ҳар як калима ва сатри Конститутсияро азизу муқаддас донем ва бо истифода аз он дар пойдории давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона, иҷтимоӣ ва соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳиссагузор бошем.
Манижаи Баҳодур – магистранти соли дуюми факултети ҳуқуқшиносии ДМТ