МАСИРИ ВАҲДАТОФАРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҳамчун омилҳои муттаҳидсозандаи мардуми тоҷик имкон фароҳам оварданд, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Фарҳанги сулҳ пурарзиштарин неъмат ва беҳтарин дастоварди халқи тоҷик, ифодагариорзуву ормон ва нияту мақсадҳои наҷиби мардуми шарифи кишвар мебошад, ки арзишҳои ҷовидонаи инсондӯстиву фарҳангпарвариро дар тӯли асрҳо пуштибонӣ кардаанд.

Таърихи куҳанбунёди тоҷикон саршор аз воқеаҳои бузурги сиёсӣ ва иҷтимоиест, ки дар тамадуни халқи мо нақши тақдирсоз бозидаанд. Ин гуна воқеаҳо ҳам дар таърихи гузуашта ва ҳам дар Тоҷикистони муосир рух доданд, ки боиси ифтихору сарфарозии мардуми кишвар мебошад. Воқеаи сиёсии нисбатан муҳимтаре, ки дар даврони навини таърихи тоҷикон ба вуқуъ пайваст, дастёби ба «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” аз27 июни соли 1997 ифода мегардад, зеро ин Созишноами тақдирсоз тавонист, ки мамлакатро аз таҳдиди нестшавӣ ва мардумро аз парокандашавӣ раҳо намуд. Хушбахтона, имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон, аз насли ҷавон то калонсолон аҳамияти ваҳдатро хуб дарк менамоянд ва қадру манзалати он байни мардум сол то сол баланд мегардад. Дар ин асос 27 июн тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ҳамчун «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди расмии давлатӣ табдил ёфтаст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Дар воқеъ, ваҳдати миллӣ яке аз ҷашнҳои бузурги миллӣ маҳсуб ёфта, ҳамасола дар саросари кишвари маҳбубамон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.

Бояд тазакур дод, ки дар тӯли 33 соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумхури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмин ва таҳкими Ваҳдати миллӣ ҳамчун ғояи наҷотбахши миллат, рӯйдоди нодири таърихӣ, омили муҳимтарини муттаҳидкунандаи ҷомеа, унсури асосии андеша ва худшиносии миллӣ, омили асосии таҳкими давлатдории навини тоҷикон гардид.

Ваҳдат ва амну суботи миллӣ дар ҳар давру замон, новобаста ба давраҳои таърихӣ, ҳамеша мазҳари идеалу ормонҳои волои инсон буда, кафили муттаҳидию ягонагии мардуми заҳматкашу хирадманд, фидокору ватандӯст ва василаи ягонаи ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ ба шумор меравад.

Ин падидаи беназиру муқаддаси даврони Истиқлолият, ҳамчун муқаддастарину азизтарин неъмат, тантанаи адолат, рамзи саодат ва шинохти асолати таърихии миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва пойдориву бақои давлат буда, дар сиришти миллати тоҷик ғояҳои ватандӯстӣ ва ҳадафҳои наҷиби созандагиро барои ояндаи неку дурахшон тақвият мебахшад.

Ваҳдатофарии миллати сарабаланд ва куҳанбунёди тоҷик аз умқи таърих сарчашма мегирад. Лозим ба ёдоварист, ки дар баробари дигар рукнҳои асосии давлатдории миллӣ,аз ҷумлаи Истиқлолият, Забони давлатӣ, Конститутсия ва Рамзҳои давлатӣ, Ваҳдати миллӣмавқеи басо муҳими таърихиро касб кардааст ва мо метавонем нақши ин ҷашни воқеанҳам миллию аҷдодии хешро дар рушди давлатдоии миллӣ бо якчанд далелҳо асоснок намоем:

Якум, бояд қайд намуд, ки солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди Ватанамон душвору пурпечутоб буд, зеро ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ минтақаҳои гуногуни кишварамонро ба гирдоби мухолифат ва муқовимати сиёсию ҳарбӣ кашида буд. Дар ин шароити барои давлати тозаистиқлоли тоҷикон хавфноктарин бо баргузории Иҷлосияи таърихии тақдирсози ХVI Шурои Олии ҷумҳурӣва Раиси Шурои Олии кишвар интихоб шудани фарзанди фарзонаву наҷотбахши миллату давлат, меъмори сулҳу ваҳдат Эмомалӣ Раҳмон, давраи нави ташакул ва рушд эътироф гардид. Дар сухани нахустини худ ЭмомалӣРаҳмон чун Раиси Шурои Олии Тоҷикистон чунин иброз намуда буданд: «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард…. Ман ҷонибдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Ҳар чӣ аз дастам меояд дар ин роҳталош хоҳам кард. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором кунем».

Ҳукумати навтаъсис бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ ба ҳаллу фасли масъалҳои зерин, ки мушкилоти муҳимтарини рӯз ва проблемаҳои аввалидараҷа буданд, оғоз намуд: Ҳар чӣ зудтар гирифтани роҳи хунрезӣ, хотима додан ба ҷанги харобиовар ва барқарор кардани ҳаёти осоиштаи мардум, барқарор кардани шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимият ва кори муътадили мақомоти давлатӣ аз марказ то маҳалҳо, пурра ба Ватан ва ҷои зисти доимӣ баргардонидани гурезаҳо ва фирориён, барқарор намудани фаъолияти мунтазами мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳифзи тамомияти арзӣ, истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ, истифодаи муассир ва ҳамаҷонибаи воситаҳои сиёси ҷиҳати барқарор намудани муносибатҳои самарабахши байналмилалӣ.

Дуюм, Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллиро бе якдигар тасаввур кардан ғайриимкон аст. Чунки яке ба ҷумҳурӣва ҳалқи тоҷик соҳибихтиёрӣ бахшида бошад, дуюмин тавонист, оташи ҷанги бародаркушро хомӯш созад. Бо шарофати ин рукни асосии давлатдории миллӣ, шохаҳои ҳокимият дар тамоми манотиқи мамалакат барқарор гардид, зеро чуноне, ки қайд намудем фаъолияти сохторҳои ҳокимияти давлатӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳо ва ҳатто вилоятҳо қариб, ки фалаҷ шуда буд.

Сеюм, таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ ва ба шароити нав мутобиқ намудани он. Бо ин мақсад ба Конститутсия ва қонунҳои мавҷуда тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Бо қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи алоҳидаи давлат ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат дар доираи салоҳияти худ ба сифати ҳокмияти мустақили давлатӣ фаъолият дорад.

Чорум, масъалае, ки ҳалли бетаъхирро талаб мекард ин таъсис додани артиши миллӣ ва қушунҳои сарҳадӣ ба хотири пурзур кардани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон, таъмини амияти давлатӣ ва пуштибонии дастовардҳои истиқлолият буд. Пушида нест, ки яке аз сабабҳои ҷанги шаҳрвандӣ набудани артиши миллӣ буд, ки бо ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” аз 27 июни соли 1997 ин масъала ҳалли пурраи худро ёфта, дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси созандаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон артиши миллӣ ба як неӯи пурқувват табдил ёфта, аз лиҳози техникию моддӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд.

Ҳамин тавр, бо шарофати саъю талош ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руҳи матин, нангу номуси ватандорӣ, меҳанпарастӣ ва ҷонибдории тамоми мардумӣ Тоҷикистон, мо тавонистем аз парокандагӣ ва ноумедӣ раҳоӣ ёфта, иродаву иқдоми сулҳофарии мардумамонро ба самти созандагию бунёдкорӣ равона созем, сулҳу оштӣ, оромиву суботро дар кишвари азизамон таъмин намоем. Сулҳу ваҳдати тоҷикон ба ҷомеаи башар исбот намуд, ки мардуми мо соҳиби ақлу заковати воло, иродаи нек буда, баҳри ҳадафҳои олӣ ҳамеша омода аст.

Ҳамин буд, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузоштем. Дар ин муддат Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллии нав гардид. Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ пазируфта шуда, бо аксари кулли мамлакатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣбарқарор намуд. Асосҳои сохтори конститусионӣ ва идоракунии давлат танзим гардида, пули миллӣ ба муомилот баромада шиносномаи миллӣ эътироф гардид.

Имрӯз бо боварии комил метавон гуфт, ки мафҳумҳои истиқлолият ва озодӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, тамомияти арзӣ, ободии Ватан ва созандагӣ на танҳо ҳамчун ғояҳои умумимиллӣ пазируфта шудаанд, балки ба ҳайси қутбнамо дар тафаккури мардумамон ҷой гирифтаанд.

Аз ин рӯ, мо бояд дар ҳама ҳолат сарҷамъу муттаҳид, ҳушёру зирак ва барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатии худ омода бошем, истиқлолу озодиро ҳамчун неъмати муқаддастарини ҳаётамон ва ваҳдати миллиро чун дастоварди бузургтарини халқамон эҳтиёт ва ҳифз намоем.

Давлатзода Комрон Давлат,

номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсенти кафедраи

криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судии

факултети ҳуқуқшиносии ДМТ