МАҶЛИСЕ, КИ САРНАВИШТИ МИЛЛАТИ ТОҶИК ШУД

(Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлисе гардид, ки барои бартараф намудани кулли мушкилоти давлат, ҷомеа ва халқи тоҷик заминаи устувор гузошт, барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба ояндаи дурахшон умед бахшид, аз парокандагӣ миллати тоҷикро наҷот дод, хатари азбайнравии давлати тозаистиқлоли тоҷиконро ҳифз намуд, наҷотбахши давлат ва миллати тоҷик шуд.

Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — маҷлиси вакилони Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони гурӯҳҳои мухолиф ва фармондеҳони саҳроӣ, ки аз 16.11.1992 то 2.12.1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд бо мақсади барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ доир гардид.

Зарурати асосии даъвати Иҷлосияи XVI ва масъалаҳои муҳимми он барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ ба шумор меравад. Ин масъулияти бузургро дар назди таърих, вакилони Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, самти кори худро барои барқарор кардани волоияти қонун равона сохтанд. Дар Иҷлосия Раиси Шурои Олӣ – Сарвари давлати Ҷумҳурии Тоҷикстон, Раёсати Шурои Олӣ ва Шурои Вазирон интихоб гардиданд ва бо ҳамин давлати конститутионнӣ аз нав барқарор шуд [Раҳмонзода А.А. Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: аҳамият ва арзиши он// Иҷлосияи 16 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ибтидои сулҳу субот (бахшида ба25-умин солгард). – Душанбе, 2017. – С.23].

Аҳамияти бузурги таърихии Иҷлосии XVI дар бунёди давлатдории навини тоҷикон бояд ҳамеша дар мадди назари донишмандони соҳаҳои мухталиф қарор дошта бошад, зеро аз ин Иҷлосия моҳиятан марҳалаи нави эҳёи ҳастии миллати тоҷик оғоз шудааст.

Муҳимтар аз ҳама дар Иҷлосия шахсияти бузурги миллӣ рӯйи кор омад, ки бо ҷасорати инсонӣ ва хиради сиесӣ миллату кишварро аз вартаи парокандагӣ ва нобудӣ берун кашид. Ин шахсияти бузург Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар зеҳну тафаккур ва дили мардум ҳисси ифтихори миллиро бедор намуда, онҳоро ба сулҳу салоҳ ва меҳнати созанда равона намуд.

Бо шарофати баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо ба дастовардҳои бузурги давлатдории миллӣ ва соҳибихтиёрӣ ноил гардидем. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкитҳои бонуфузи байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ва молиявӣ пазируфта шуд [Раҳмон О.Э. Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – марҳилаи нави рушди давлатдории тоҷикон// Иҷлосияи 16 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ибтидои сулҳу субот (бахшида ба 25-умин солгард). – Душанбе, 2017. -С.9].

Пас аз расидан ба истиқлолу озодӣ миллати тоҷик ба ҷойи он, ки баъди ҳазор соли бедавлатӣ ба эъмори як давлати муосири миллии худ оғоз намояд, ба гирдоби мухолифатҳои сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Маҳз бо дарназардошти вазъияти зикршуда, Иҷлосияи XVI қадами нахустин ба хотири аз парокандагӣ наҷот додани миллати тоҷик ва аз хатари азбайнравӣ ҳифз кардани давлати тозаистиқлоли тоҷикон буд.

Ба бахти миллати тоҷик, маҳз дар ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб гардиданд ва дар мушкилтарин давраи таърихӣ, бо иродаи сиёсӣ ва ғурури баланди миллӣ тавонистанд давлатро аз парокандагӣ, миллатро аз вартаи нобудӣ ва кишварро аз ҷанги таҳмилии шаҳвандӣ раҳо бахшида, халқро зери як сиёсати созанда сарҷамъ оварда, Ваҳдати миллиро пойдор созанд [Сухани ифтитоҳии Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ// Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – оғози давлатдории навини тоҷикон. – Душанбе, 2022. – С.6].

Бо мақсади қатъи ҷангу хунрезӣ, баргардонидани гурезаҳо ва сарҷамъ кардани миллат, аз байн бурдани ҳисси нобоварии маҳалҳои гуногуни кишвар нисбат ба якдигар, барқарории фаъолияти шохаҳои ҳокимият ва таъмини қонуният, яъне тақдири ояндаи наздиктарини ватанамон, аз ҷониби Раиси Шурои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳое андешида шуданд, ки хулосаи онҳо чунин аст:

1.Вобаста ба марҳалаи ҳассоси сиёсӣ ва вазъияти баамаломада фаъолияти институти президентӣ боздошта шуд ва салоҳиятҳои Президенти мамлакат муваққатан дар байни Раисони Шурои Олӣ, Шурои Вазирон ва Раёсати Шурои Олӣ тақсим карда шуданд. Роҳбарии Шурои Олӣ ва Раёсати он ба зиммаи Раиси Шурои Олӣ гузошта шуд ва Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати мақоми олии иҷроия ва амрдиҳанда, асосан, барои ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ масъул гардид.

2. Фаъолияти сохторҳои ҳокимияти давлатӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳо ва ҳатто вилоятҳо фалаҷ шуда буд ва дар як қатор маҳаллу минтақаҳо ҳокимияти иҷроия комилан аз байн рафта, идораи корҳо ва умуман тақдири мардумро шахсон ва гурӯҳҳои силоҳдор ба даст гирифта буданд. Бо туфайли иҷлосия ҳамаи шохаҳои хокимият дар тамоми манотиқи мамлакат барқарор гардид.

3. Масъалаи муҳимтарин таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ ва ба шароити нав мутобиқ намудани он буд. Бо ин мақсад ба Конститутсияи соли 1978 ва қонунҳои мавҷуда як қатор тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд.

4. Масъалаи таъсис додани артиши миллӣ ва қувваҳои сарҳаддӣ ба хотири пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон, таъмини амнияти давлатӣ ва пуштибонии дастовардҳои истиқлол буд.

Дар суханронии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 30-юмин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16 ноябри соли 2022 нақши ин Иҷлосияро дар устувор намудани сулҳу субот ва рушди давлатдорӣ чунин зикр намуданд: “Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар зарфи чанд рӯзи баргузории он, ки барои мардуми мо воқеан рӯзҳои сарнавиштсоз буданд, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ва баҳсу мухолифатҳои шадид қарорҳое қабул кард, ки ҷавобгӯйи талабу хостаҳои мардум ва баёнгари иродаи матини фарзандони ватандӯсти халқи Тоҷикистон буданд. Ба шарофати санадҳои қабулшуда ва амалӣ гардидани онҳо фоҷеаи умумимиллӣ, ки қариб буд орзуи ҳазорсолаи мардуми моро барои истиқлолу озодӣ ва эҳёи давлатдории миллӣ аз байн бурда, боиси аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон ва парокандашавии миллати тоҷик гардад, пешгирӣ карда шуд. Имрӯз бо итминон изҳор менамоям, ки мо – вакилони мардумӣ – он рӯзҳо масъулияти таърихӣ, қарзи фарзандӣ, вазифаи ҷавонмардӣ ва рисолати имонии худро нисбат ба сарнавишти кишвари тозаистиқлоламон, халқи Тоҷикистон ва наслҳои имрӯзаву ояндаи мардумамон иҷро кардем”.

Дар ин Иҷлосияи таърихӣ, дар маҷмуъ 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул шуд, ки ҳамагӣ барои ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар дар он солҳои душвор, ҳамчунин, таҳкими низоми давлатдории навини миллии тоҷикон дар марҳилаи гузариш хидмати таърихӣ карданд. Бо ибтикори Раиси Шурои Олии интихобгардида – Эмомалӣ Раҳмон, 20 ноября соли 1992 ду ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ «Муроҷиатнома ба ҳамаи аҳзоби сиёсӣ, ҳаракатҳо ва созмонҳо ва меҳнаткашони ҷумҳурӣ» ва «Изҳороти Иҷлосияи Шурои Олӣ» ба тасвиб расид, ки мазмуну муҳтавои онҳоро даъвати табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва созмонҳои сиёсӣ ба сулҳу салоҳ ва ҳамзистию ҳамбастагӣ, ҳамчунин бозгашти фирориёни иҷборӣ ба вантан ташкил медод. Муҳимтарин дастоварди Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ он буд, ки шахсияти миллию мардумиро дар симои Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи раҳбарӣ ва давлатдорӣ дар марҳилаи навини таърихӣ овард ва ин марди майдони сиёсати минтақавӣ ва башарӣ бо руҳи қавии миллӣ, на танҳо вазъро ба эътидол оварда, созиши миллиро дар сатҳи иҷтимоӣ таъмин намуд, балки дар эъмори давлат, такими Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати миллӣ дар миқёси байналмилалӣ саҳми сазовор гузошт [Раҳимӣ Ф. Иҷлосияи 16 Шурои Олӣ – заминаи давлатсозии навини миллӣ// Иҷлосияи 16 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ибтидои сулҳу субот (бахшида ба 25-умин солгард). – Душанбе, 2017. – С. 40-41].

Аввалин масъалаҳои ҳаётан муҳимме, ки дар Иҷлосия баррасӣ карда шуданд: тадбирҳо барои эътидол овардани вазъи ҷамъиятию сиёсӣ дар ҷумҳурӣ, барқарор кардани ҳамаи шохаҳои ҳокимият дар тамоми минтақаҳои мамлакат, таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ ва ба шароити нав мутобиқ кардани он, таъсиси артиши миллӣ ва қувваҳои сарҳаддӣ барои пурзӯр кардани ҳифзи сарҳадди давлатии Тоҷикистон, таъмини амнияти давлатӣ ва пуштибонӣ аз дастовардҳои истиқлолият, ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ ва аз буҳрон баровардани кишвар, интихоби раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъйин намудани сарвазири мамлакат, қабули муроҷиатнома ба мамлакатҳои аъзои ИДМ дар бораи ба Тоҷикистон фиристодани неруҳои сулҳдӯст, ба ҷойи муқимии зиндагӣ бозгардонидани гурезагон, тасдиқ намудани аъзои Девони вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар Иҷлосия бо мақсади қатъи ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини тинҷиву оромӣ, қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон, барқарор намудани фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ якчанд қонунҳо қабул карда шуданд. Қонунҳо «Дар бораи даровардани тағйирот ба Конститутсияи (Қонуни Асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон»; «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»; «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»; «Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эълон кардани 26 ноября соли 1992»; «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд»; «Дар бораи тадбирҳои пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноӣ барои содир кардани ҷиноятҳои вазнине, ки бар зидди саломатӣ ва ҳаёти шаҳвандон, ҳуқуқи амволии онҳо ва барои хароб кардани пояҳои иқтисодию сиёсӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудаанд» ва дигарҳо аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Дар Иҷлосия ҳамчунон, якчанд қарорҳое қабул шудаанд, ки онҳо дар барқарор кардани ҳокимияти консттутсионӣ, таҳкими фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ нақши калидӣ доранд [Ализода З. Нақши иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон// Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – оғози давлатдории навини тоҷикон. – Душанбе, 2022. С.36].

Иҷлосия барои ба ҳам омадани тарафҳои даргир бунёди устувор гузошт, ки бо роҳҳои ҳалли низои байни тоҷикон ва то ҷое дар ташаккули ғояи «Гуфтугӯи тамаддунҳо» низ замина фароҳам кард. Ҳамчунин Иҷлосия заминаи муҳим барои истиқрори сулҳ, ризояти миллӣ ва ҳамбастагии мардуми кишвар гузошт. Аҳаммияти бузурги Иҷлосия дар он буд, ки волоияти қонун барқарор шуд ва ҳалли масъалаҳои муҳимми сиёсӣ бо роҳи конститутсионӣ шурӯъ гардид.

Бо дарки амиқи масъулият, эҳсоси дар вартаи ҳалокат қарор доштани давлату миллат ва ҳисси балланди ватандорию худшиносии миллӣ бо ташаббуси як зумра вакилони ҷасоратпеша, дар замоне, ки пойтахти давлат макони ноамну таҳти назорати камонкашони хунхори неруҳои мухолиф қарор дошт, ҷаласаи шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Қасри Арбоб»-и шаҳри Хуҷанд даъват карда шуд, ки бо қабул кардани қарорҳои тақдирсозаш «Иҷлосияи таърихӣ» ном гирифт. Ин Иҷлосия аз ҷумлаи бузургтарин рӯйдодҳои таърихӣ мебошад, ки дар сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷик нақши ҳалкунанда гузошт. Маҳз, бо интихоб шудани абармарди нотакрор, далеру шуҷоъ муҳтарам Раҳмонов Эмомалӣ Шарифович ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ раванди расидан ба сулҳу оштӣ ва гирифтани пеши роҳи ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ шуруъ шуд [Суханронии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ муҳтарам Зокирзода М. З.// Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – оғози давлатдории навини тоҷикон. – Душанбе, 2022. – С.13].

Ҳамин тариқ, Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ноумедиву парешонии ҷомеаро бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рафъ намуда, вартаи ҳалокатборро ба гулбоғи орзуву умедҳо табдил дод.

САНАИ ТАҚДИРСОЗ

Маҷлисе равшан намудӣ роҳи моро ҷовидон,

Ибтидои рӯзи нав, роҳи мунаввар дар мизон.

Оташи ҷангу хусумат будӣ сар дар осмон,

Ҷумлагӣ овораву сарсону нолон он замон.

Гар яке мегуфт ҳарфи ҳақ, на аз рӯю риё,

Дигаре ғарқи дасоис буда Иблисро нишон.

Халқро бо қалби пурхун зиндагӣ буд ногувор,

Зери бори тангдастӣ, даст сӯйи осмон.

Амри Ҳақ ин буд, ки омад як хирадманд дар миён

Ҳомии миллат ато шуд аз Худои меҳрубон.

Як ҷавонмарде, ки будаш сол чил, шуд роҳбар,

Сина бинмудӣ сипар дар рӯ ба рӯйи сад синон.

Ҳокимият рӯ ба фақр оварда будӣ бегумон,

Душмани ҷони бародар буд бародар он замон.

Боҷасорат хешро фарзанди миллат хонда буд,

Нуктаҳо мегуфт пеши мардум аз суду зиён:

«Тоҷике бошад бурун аз марзу хоки хештан,

Ман нахоҳам буд ором зери чарху осмон.

Ман барои халқи худ сулҳ оварам дар ин замин

Нест бодо! – гуфт ӯ – ҷангҷӯйиву тиру камон.

Боҷасорат ӯ зи боби сулҳу ваҳдат гуфт сухан

К-он замон ин буд таманно ҳар якеро дар мизон.

Аз барои мардуми паҳну парешонгаштае

Буд ин маҷлис муқаддас мисли моҳи осмон.

Бесарусомониҳо бебозгашт рафтанд зи сар,

Субҳ гӯё бардамиду паст шуд баҳри дамон.

Сулҳро, к-имрӯз дорем, шукр мебояд ҳазор,

Шукр бар ободиву бар пешвои тоҷикон.

Маҷлисе, ки сарнавишти миллати тоҷик шуд,

Кай равад аз хотири ту, Дониёри нуктадон!

Дониёр Сангинӣ

Сангинзод Дониёр Шомаҳмад – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон