Мулоҳизаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Муассисаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ аз 29.10.2024

Аз ним рӯзи корӣ, санаи 29-уми октябри соли равон ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Муассисаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ ҳадди ақал чанд нуктаву зовияҳоро ниҳоят муҳим арзёбӣ намудан амали неку хайр ва судманди кори умум меҳисобем:

1. Ифтитоҳи Донишкадаи забон ва адабиёти рус: Дар ин марҳилаи таърихӣ ташкил намудани чунин як боргоҳи маърифат ва маданияти русӣ, ки имрӯзу ояндаи ҷовонони моро месозад ва забони русӣ забони муоширати байни миллатҳо эътироф гардидааст, кори нихоят ҳушмандонаи сиёсати дохилӣ ва берунаи Ҳукумати Тоҷикистон буда, яқин самара хоҳад дод.

2. Ифттитоҳи Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин рузу шаб, ки хатари аз ҳар гӯшаву канорҳои номаълум, қасдонаву аз беэҳтиётӣ амалҳои нобаҳангому ноҷавонмардона кишвари азизи моро, минтақаро таҳдид менамояд, мавҷуд буда, чораи профилактикӣ ва зарурист.

3. Суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Муассисаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ ба мо омузгорон аз ҳарвақта дида муҳимтар ҳисоб мешавад, чунки маҳз кадри баландихтисоси дорои омодагии фаннию касбии соҳаи фаъолияти ҳуқуқмуҳофизавию низомӣ имконият медиҳад, ки онҳо дар ҳифзу ҳимояи марзу бум, ҳуқуқ ва озодии инсону шаҳрванд қарор дошта, амнияту адолат ва қонуниятро таъмин хоҳанд кард. Таъмини ҷомеаи адолатпарвар тибқи Конститутсияи мо вазифаи халқи Тоҷикистон буда, кори саҳлу осон нест. Бинобар ин, Пешвои маҳбуби миллат дар суханронияшон чанд нуктаро таъкид намуданд, ки чун ҳикмати фаъолияти ҳуқуқмуҳофизавӣ, мо бояд фалсафаи онҳоро дуруст дарк намуда, баҳри иҷрои онҳо кору пайкор намоем:

– як масъалаи муҳимро ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки мардум ба фаъолияти давлат аз рӯи фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баҳо медиҳанд;

– мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дар навбати аввал, мақомоти корҳои дохилӣ посдору нигоҳбони волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ, аз ҷумла риояи Конститутсия ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллии давлати соҳибихтиёри тоҷикон мебошанд;

– таъсиси чунин муассиса ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти корҳои дохилии мамлакат, бахусус, дар самти тарбияи кадрҳои муосир ва баланд бардоштани донишу малакаи касбии кормандон рӯйдоди басо муҳим ба ҳисоб меравад;

– солҳои охир сайёраи мо ба як қатор таҳдиду хатарҳои нав, аз қабили экстремизму терроризм, мухолифату ҷангҳои мазҳабӣ, амалҳои даҳшатноки террористӣ, шиддат гирифтани раванди мусаллаҳшавии бошитоб, густариши ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳу муҳиммоти ҷангӣ ва мушкилоти дигар рӯ ба рӯ гардидааст;

– мубориза бо ин вабои аср на танҳо вазифаи давлат, балки вазифаи муҳимми ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад, зеро он на фақат ба давлат ва асосҳои конститутсионии он, балки ба рӯзгори ободу осуда, ба тарзи зиндагии ҳар як шахс ва аҳли оилаи ӯ таҳдид мекунад;

– дар баробари натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ камбудиҳои зиёд низ ба назар мерасанд;

– вақтҳои охир аз ҷониби мақомоти мазкур вобаста ба далел ҳисобидани маводу наворҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳнгардида, аз тарафи баъзе шаҳрвандон гузоштани лайкҳо боиси сарсониву саргардонии онҳо гардида истодааст. Яъне баъзе мақомот нисбат ба онҳо беасос парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз менамоянд, ки ба ин амал бояд хотима дода шавад;

– баъди ба даст овардани истиқлол дар таърихи фаъолияти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон марҳалаи нав – давраи мустақилияти комил ва дар айни замон давраи озмоишу имтиҳони ҷиддии таъмини суботу оромии кишвар, ҳимояи осудагии шаҳрвандон, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва тартиботи ҷамъиятӣ оғоз гардид;

– муассисаи мазкур дар мамлакат ягона мактаби олии махсус аст, ки ба тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти корҳои дохилӣ машғул мебошад;

– яке аз роҳҳои расидан ба ин ҳадаф такмили низоми омодасозии кадрҳои баландихтисос ва ба талаботи замона мутобиқ гардонидани барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла муассисаи таълимии имрӯза мебошад;

– ҷиҳати дар сатҳи баланди касбӣ ва муосир нигоҳ доштани фазои илмиву таълимии ин боргоҳ роҳбарияти муассисаро зарур аст, ки ҳамкориро бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар барои таҳқиқ ва татбиқи равияҳои фаъолияти оперативию ҷустуҷӯӣ, мурофиаи ҷиноятӣ, маъмурӣ ва дигар самтҳо тақвият бахшанд;

– бо дарназардошти аҳаммияти масъала зарур аст, ки кадрҳои соҳавӣ дар сатҳи баланди касбӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳони муосир омода карда шаванд;

– дар ин раванд, бояд ба хислатҳои рӯҳиву равонӣ ва обутоби ҳамаҷонибаи кадрҳои оянда эътибори ҷиддӣ зоҳир гардад;

– тайёрии касбии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ба арзишҳои заминавии демократӣ, волоияти қонун, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд асос ёбад;

– дар раванди омӯзиши ихтисосҳо ба барномаҳои таълимӣ, аз ҷумла дар курсҳои кӯтоҳмуддати он баробари омӯзиши асосҳои қонунгузории меҳнат, маъмурӣ, равоншиносӣ, одоби суханварӣ барои ҳайати роҳбарикунанда, азхудкунии амиқи забони давлатӣ, омӯхтани на кам аз ду забони хориҷӣ ва кор бо технологияҳои муосири коммуникатсиониро ворид намудан зарур мебошад;

– ҳамчунин, бо дарназардошти тавсеаи ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ зарур аст, ки омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ низ ба роҳ монда шавад;

– дар ҷомеаи демокративу мутамаддини муосир хизмат дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, азму иродаи қавӣ, шуҷоату далерӣ ва муҳимтар аз ҳама, хоҳиши содиқона хизмат кардан ба Ватан – модар, давлат ва ҷомеаро талаб менамояд.

Аҳамияти таъсиси муассисаи мазкур:

1. Бунёди базаи моддӣ-техникӣ барои омода намудани кадри баландихтисоси низомӣ;

2. Фароҳам овардани шароит барои ташкил намудани ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ;

3. Ин платформаест, ки дар он ҷой кормандони мақомоти ҳифзи ҳукуқи на танҳо Тоҷикистон, балки минтақа бо ҷалб намудани мутахассисини сатҳи байналмиллалӣ дар доираи тарҳҳои байналмилалӣ аз қабили СММ, САҲА, ШОС, ИДМ, САД амалӣ карда мешавад;

4. Ин платформа имконият медиҳад, ки ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои минтақа маҳз дар Тоҷикистон суръат бигирад, ки дар шароити муосир барои мо барои густариши муносибатҳои дустона бо давлатҳои ҳамсоя муҳим аст.

Аз суханони парафшони Пешвои Миллат, Президенти кишвар илҳоми тоза гирифта, кулли кормандони мақомоти корҳои дохилиро ба ифтихори 30-солагии қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, Рӯзи милитсияи тоҷик ва ифтитоҳи боз як муассисаи олии омодасозии кадрҳои баландихтисос самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломатӣ, иродаи матин ва барору комёбӣ орзу менамоям.

Бо камоли эҳтиром,

Искандаров Зайниддин Ҳомидович,

профессори кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории

факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,

доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ