МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ТАТБИҚИ СТРАТЕГИЯҲО ДАР ДМТ

Имрӯз (02.12.2024) дар доираи татбиқи «Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024 дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ибтикори раёсати Донишгоҳ ва садорати факултети ҳуқуқшиносӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Муқовимат бо коррупсия: мушкилот ва дурнамо» бо иштироки намояндагони сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва ҳайати васеи устодону кормандон, донишҷӯёну магистрантони Донишгоҳ баргузор гардид.

Конференсияи мазкур бо садо додани Суруди миллӣ ва бо сухани муқаддимавии ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Насриддинзода Э.С. оғоз ёфт.

Ректори Донишгоҳ зимни суханронӣ оид ба татбиқи амалии барномаву стратегияҳо сухан намуда, иброз намуданд, ки ҳадафи асосии «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ, баланд бардоштани маърифату фарҳанги зиддикоррупсионии шаҳрвандон, бартараф намудани сабабу шароити ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмуъ муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб мебошад. Дар Тоҷикистон мубориза бо коррупсия яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати кишвар ба ҳисоб рафта, бо ин мақсад мақомоти дахлдор таъсис шуда, ҳуҷҷатҳои муҳим оид ба мубориза бо коррупсия таҳия ва қабул гардидаанд.

Зимнан Сафарзода Анвар – сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилоотии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, коррупсияро яке аз хатарҳои асосии ҷомеа номид ва афзуд, ки он ба рушди устувори давлат монеа эҷод мекунад. «Омилҳои коррупсионӣ таҳдиди мустақим ба амнияти миллӣ буда, ба рушди институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, амалӣ намудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон дар соҳаҳои мухталиф аз ҷумла, ҳифзи иҷтимоӣ, муносибатҳои моликият, илму маориф халал мерасонанд. Илова бар ин, фасод аз ҳама бештар ба рушди иқтисод, низоми молӣ ва дар маҷмуъ, ба тамоми зерсохторҳои давлат таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, паст намудани шиддати омилҳои коррупсионӣ иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандиро дар ин самт тақозо менамояд.

Ҳамзамон, дар конференсия Расулӣ Бароталӣ – муовини якуми Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, иброз дошт, ки бо иқдоми сиёсии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, бартараф намудани такроркунии функсия ва ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини шаффофият ва такмили фаъолияти назоратӣ ҳанӯз 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми махсусгардонидашуда таъсис дода шуд.

Зимнан, Шарипов Тақдиршоҳ – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ оид ба “Муқовимат бо коррупсия: мушкилот ва мулоҳиза”, Шодком Турсунзода – сардори шуъбаи муқовимат ба коррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, подполковники адлия доир ба “Шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия»” Бобозода Ҷамрод – н.и.ҳ., дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба “Истифодаи чораҳои муассир дар самти муқовимат ба коррупсия” маърӯзаҳо намуданд.

Таъкид гардид, ки ба ҳолатҳои коррупсионӣ гирифтор шудани шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар паст будани маърифати ҳуқуқии он мебошад. Яке аз ҳадафҳои “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024 аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – ин пешгирӣ намудани ҳолатҳои коррупсионӣ дар ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҳуқуқии шаҳрвандон ба ҳисоб меравад.

Дар анҷоми конференсия ба ғолибони озмунҳои «Беҳтарин донандаи Конститутсия», «Беҳтарин донишҷӯйи ҳуқуқдон» ва «Беҳтарин мақола дар бораи маърифати ҳуқуқӣ» ки бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, ки аз ҷониби раёсати Донишгоҳ роҳандозӣ гардида буд, мукофоту ҷоизаҳо супорида шуданд.