НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ҲИФЗ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такид ва роҳнамоӣ намудаанд, ки мақоми давлатии забон бояд бар асоси Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда шавад.

Забони давлатии мо оинаест, ки саҳифаҳои дурахшони миллати тоҷикро дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон инъикос намуда, барои шаҳрвандони бонангу номуси мо мафҳумҳои Модар, Ватан, Забон, Истиқлол ва Фарҳанг ҳамеша ҳаммаъно мебошад. Зеро фарҳанг ва забон дар ҳама давру замон таҷассумгари ҳувияти ҳар як миллат буда, маҳз забони давлатӣ асолати миллиро пойдору устувор нигоҳ медоранд.

Дар идоракунии давлатӣ заминаи ҳуқуқӣ забони давлатӣ баъди қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 ташкил карда шудааст. Мавқеи забони давлатӣ дар моддаи 2 Конститутсия мустаҳкам карда шудааст. Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд.

Бо мақсади ҳифз ва гиромидошти забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 октябри соли 2009, №553 қабул гардидааст, ки вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро дар ҷумҳурӣ танзим менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода, ҳимоя ва рушди забони давлатиро таъмин намуда, забони давлатӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, робитаҳои дипломатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ғайра истифода мегардад.

Паёми Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун санади муҳими мақомоти давлатӣ ба ҳисоб рафта, дар он моҳияти идоракунӣ ва дурнамои ояндаи давлатдорӣ таҷассум ёфтааст. Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 муроҷиат намуда, иброз доштанд, ки сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат таҷлил карда мешавад, аз ин рӯ, соли 2024-ро соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намуданд.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулияти баланд ва иродаи худ барои таъмини озодӣ, баробарҳуқуқӣ, соҳибихтиёрии давлат ва бунёди ҷомеаи адолатпарвар идоракунии президентиро интихоб намуда, саҳми арзандаи худро дар идоракунии эъмори давлатдорӣ гузоштаанд. Идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар асоси моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби халқ эътироф карда шудааст. Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад. Дар ин замина 30 декабри соли 2023, №668 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» батасвиб расидааст.

Яке аз рукнҳои идоракунии давлатӣ ин ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад, зеро шаҳрвандон ҷузъи ҷудонопазири ҷомеа мебошанд. Дар ин замина, Пешвои миллат ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дар маъди аввал гузошта, дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҷоннисориҳо намуда, гурезаҳоро ба ватан баргардонданд, миллати тоҷикро сарҷам намуд, қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии заруриро қабул намуда, идоракунии давлатиро дар се таҷзияи ҳокимият, қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ ба роҳ мондаанд.

Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба хотири ҳимояи асолати миллӣ ва арҷ гузоштан ба забони модарӣ аз ҷониби Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5-уми октябри соли 2010 Забони давлатӣ дар радифи Модар ва Ватан ҳамчун муқаддасоти олӣ эълон гардидааст. Пешвои миллат бо лаҳни шевои меъёри забони адабии тоҷиқӣ дар чорабинии байналмилалии Созмони Милали Мутаҳид баромад намуда, миллати тоҷикро дар ҷаҳони муосир бо забони давалатӣ муаррифӣ намуданд, ки ин арҷ гузоштан ба муқаддасоти олӣ мебошад.

Вақте, ки мо калимаи Ватанро ба забон меорем, модари азизамон пеши назар меояд, чунки Модар моро ба дунёи ҳастӣ оварда, забони модарӣ, худшиносию худогоҳӣ, ҳувияти миллӣ, зирракию сиёсӣ ва ҳифзи сохти маъмурию ҳудудии Ватанро ба мо омӯзонда, тарбия намудааст.

Модар барои ҳар инсон азизтарин кас аст ва бесабаб нест, ки муқаддастарин мафҳум, яъне Ватанро бо мафҳуми Модар ҳаммаъно донистаанд. Ин ду мафҳум барои ҳар як инсони соҳибватан арзишу манзалати хоса дорад. Таълиму тарбияи Модари тоҷик аст, ки ба дунё фарзандони фарзонаи бонангу номус, чеҳраҳои мондагор, қаҳрамонон, ҳуқуқшиносони асил, олимон ва мардони далеру шӯҷо овардааст, ки ҷавонон метавонанд пайравони онҳо шаванд.

Таърих гувоҳ аст, ки Забони модарӣ аз гузаштаҳои Модари тоҷик ба мо меърос монда, Модари тоҷик ҷиҳати таълиму тарбияти фарзандон дар идоракунии давлатӣ нақши муҳим дорад. Мафҳуми забон воситаи муҳимтарини муомилоти инсоният буда, бо шарофати забон мардум бо ҳамдигар иртибот барқарор мекунанд, афкору эҳсосу хостаҳои худро ба дигарон мерасонанд. Забони модарӣ як рукни асосии давлатдорӣ буда, риояи меъёри забони адабӣ дар ҷомеа муҳим арзёбӣ мешавад, аз ин рӯ, Пешвои миллат Забони давлатиро дар радифи Модар ва Ватан ҳамчун муқаддасоти олӣ эълон намудаанд, ки дар сарнавишти инсон нақши ҳалкунанда дорад. Ҳамзамон, заминаи ҳуқуқии истилоҳоти Ватан, Модар ва Забон дар моддаи 2 ва 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» муқаррар карда шуда, аз ҷониби давлат ҳифз ва пуштибонӣ карда мешавад. Шаҳрвандоне, ки Ватани худро, Забони давлатии худро ва Модари худоро дӯст медорад, бояд нисбати Забони давлатӣ беэҳтиромӣ зоҳир накунанд, ҷиҳати поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ ва ба наслҳои оянда расонидани он саҳмгузор бошанд.

Қобили зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо ибтикори Пешвои муаззами миллат зиёда аз 425 қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон; қонунҳои бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулгардида; қонунҳои конститутсионӣ; кодексҳо ва қонунҳои соҳавӣ қабул гардидаанд, ки заминаҳои ҳуқуқии давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро ташкил медиҳад.

Пешвои миллат ба хотири ҳифз ва гиромидошти забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар таҳия ва қабули қонунгузории ҶТ ба забони давлатӣ саҳми арзанда доранд. Қонунгузории амалкунанда барои ҳуқуқэҷодкунӣ, қонуният, адолат, ошкорбаёнӣ, шаффофият, илмият, касбият, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба забони давлатӣ таҳия ва қабул гардида, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва кормандони мақомти давлатӣ мусоидат менамояд.

Мансурӣ Шодмон Ҷамолиддинзода – номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, аъзои Ҳайати мушовараи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгори кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷоратии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ