Таҳти ин унвон имрӯз (01.06.2024) бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарияти сохторҳои гуногуни Донишгоҳ ва устодону кормандон иштирок намуданд.
Дар оғоз муовини ректори Донишгоҳ оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. суханронӣ намуда, кулли иштирокчиёни чорабиниро бахшида ба ин санаи таърихӣ шодбош гуфт. Зимни суханронӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуда, таъкид дошт, ки ҳар сол рӯзи якуми июн дар кишварҳои ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад, ки Тоҷикистон низ аз шумораи чунин кишварҳост.
«Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҷаҳон аз рӯи нишондиҳандаҳои синну сол яке аз давлатҳои ҷавон ба ҳисоб рафта, имрӯз 40 фоизи сокинони мамлакатамонро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд. Онҳо таҳти ғамхории доимии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор доранд. Мо онҳоро бояд дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поки кӯдакон ҷой диҳем. Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд» – гуфта шуд дар чорабинӣ.
Ҳамзамон, дар чорабинӣ устодони факултети ҳуқуқшиносӣ Умед Бобозода дар мавзуи “Мавқеи кӯдак дар муносибатҳои меҳнатӣ” ва Моҳира Исматова оид ба мавзуи “Ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакони имконияташон маҳдуд” маърӯза намуданд.
Зимнан таъкид шуд, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии кишвар чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул шудааст, ки дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак муҳимму саривақтӣ мебошанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз ҷумлаи онҳост. Амалӣ намудани он дар сатҳи лозимӣ дар кишвар роҳандозӣ шудааст ва месазад, ки мо сафи кӯдакону ҷавонони бомаърифату ватандӯст, садоқатманду болаёқатро зиёд намуда, Тоҷикистони азизи худро дар ҷаҳон бо маърифати волои инсонӣ муаррифӣ намоем.